Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод: Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не? ВИДЕО


Муддатҳост, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки агар мухолифони тоҷик ба ватан баргарданд, касе ба онҳо даст намерасонад ва метавонанд оромона дар ватан зиндагӣ кунанд.

Ба баъзеҳо, ки парвандаи ҷиноӣ доранд, гуфтаанд, ки баргардед, афв мекунем, ҳарчанд касе собит накардааст, ки онҳо гуноҳе кардаанд. Баръакс мухолифону тарафдоронашон дар хориҷ мегӯянд, барои дигарандешӣ ва танқиди ҳукумат онҳоро ифротгарову ҷинояткор номида парванда боз кардаанд.

Дар барномаи Гапи озод дар бораи он суҳбат шуд, ки даъвати мухолифон барои бозгашт ба ватан чӣ маънӣ дорад. Дар барномаи имрӯза дар ин бора бо Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҳаракати ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон.

Чанд иқтибос аз барнома:

“Вақтҳои ахир ҳукумат зери фишори мухолифон дар хориҷи кишвар қарор гирифт ва ҳукумат маҷбур шуд, ки ин иқдомҳоро пеш гирад, барои суст гардонидани фаъолияти оппозитсия дар хориҷи кишвар. Агар ҳукумат маҷбур намешуд, ҳеҷ вақт ниёз пайдо намекард, ки як нафарро аз роҳи пул, як нафарро аз роҳи ваъдаҳо ба Тоҷикистон баргардонад.”

“Бояд иқрор шуд, ки ҳар давлат кӯшиш мекунад, ки мухолифони идеологияш, дар баъзе мавридҳо сиёсиаш низ дар хориҷи кишвар камтар бошад. Бинобар ин тамоми шароитҳоро дар робита ба таъмини амнияту фаъолияти онҳо дар дохили кишвар ба вуҷуд меорад ва қонунҳои марбутаро дар ин маврид қабул мекунад.”

“Ман ба самимӣ будани афве, ки ҳукумат ваъда мекунад, бовар надорам, чунки агар ҳукумат воқеан самимона мехоҳад, як кори хайр кунад, мо зиндониёни сиёсӣ дар дохили кишвар дорем, ки аввал шуруъ кунад аз онҳо.

Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:17:50 0:00

Соли 2015, пас аз мамнуъ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” дар Туркия садҳо фаъоли мухолифин ба Аврупо паноҳанда шуданд. Онҳо, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат мекунанд, дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва террористӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Пас аз соли 2016 мақомоти Тоҷикистон мухолифинро ташвиқ карданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва бар асоси ин тағйирот афв мешаванд.

Дар кишварҳои аврупоӣ бар асоси оморҳои гуногун наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ додаанд. Аксари онҳо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, фишори ҳукумат ба хотири ақида ва мавқеи сиёсиашонро далел овардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ беш аз се ҳазор нафарро бо иттиҳоми терроризму экстремизм таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст, ки дар миёнашон даҳҳо фаъоли сиёсӣ дар Аврупо низ ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG