Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қ.Ҳафизова: "Нишона падарашро надидааст, вале медонад, ки нишонае аз Умаралӣ аст" ВИДЕО


Гуфтугӯ бо ҳамсари Умаралӣ Қувватов

26-уми ноябр зодрӯзи ҳазорон нафар аст, вале дар ин рӯз дур аз Тоҷикистон духтаре ба дунё омад, ки ҳашт моҳ пеш аз он падарашро кушта буданд ва модараш бо панҷ фарзанд мотамзадаву саргардон ба мулки ғурбат паноҳ бурда буд.

Нишона, ки номаш ишора ба нишони пасомаргии падараш аст, акнун панҷсола шуд. Вай духтари Умаралӣ Қувватов аст. Соҳибкори норозӣ, мунаққиди ҳукумат ва муассиси “Гурӯҳи 24”, як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, ки 5-уми марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Қатле, ки онро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ “сиёсӣ” номиданд, дар пеши чашми ҳамсари обистан ва ду писараш рух дод. Баъди ин ҳодиса кишварҳои ғарбӣ ба ҳамсари ӯ Қумриннисо Ҳафизова ва панҷ фарзандаш дасти ёрӣ дароз карда, онҳоро дар Канада ҳаққи паноҳандагӣ доданд.

Қумринисо Ҳафизова 39-сола аст ва хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон. Соҳиби чаҳор духтар ва ду писар аст. Фарзанди калониаш Оминаи 19-сола донишҷӯ ва кӯдакони дигар мактабхон ҳастанд. Худи Қумриннисо дар ин муддат дарси забони англисӣ омӯхту мураббии кӯдакистон шуд.

Дар як тамоси видеоӣ тавассути “Скайп” аз ҳоли Қумриннисо Ҳафизова ва фарзандонаш пурсидем. Қумриннисо Ҳафизова гуфт, "алҳамдулиллоҳ, ҳама хубем. Нишона рӯзи 26-уми ноябр панҷсола мешавад, мактаб мехонад. Дигарон ҳама хуб ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Дар панҷ соли охир рӯзгори сахтеро пушти сар кардед. Мешавад гуфт, чӣ гуна тавонистед баъди ин ҳама фоҷеаҳо, зиндагиро танзим бикунед?

Қумриннисо Ҳафизова: Зиндагии моро ба ду марҳила мешавад ҷудо кард. Марҳилаи аввал бо Умаралӣ ва фарзандон бо падар аст. Марҳилаи дуюм бе Умаралӣ ва бе падар. Рӯзҳои аввал албатта сахт буд. Баъди марги Умаралӣ, хуб медонед, ки дар назди ману ду писар ба қатл расониданд, хеле сахт буд барои як зан. Ба давлати бегона омадем, забонро намедонистем, маданияти дигар. Бо панҷ фарзанд, боз ман ҳомила будам.

Радиои Озодӣ: Забонро ёд гирифтед?

Қумриннисо Ҳафизова: Албатта, аз тарафи коллеҷ барои хонандагони лаёқатманд квота медиҳанд. Дипломи худам омӯзгорӣ аст ва дар ҳамин ҷо касб ёд гирифтам, ки дар боғча мураббия шуда кор кунам. Ҳозир кор намекунам.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Умаралӣ Қувватов моҳи марти 2015 дар Истанбул кушта шуд
Умаралӣ Қувватов моҳи марти 2015 дар Истанбул кушта шуд

Қумриннисо Ҳафизова: Барои он ки сахт буд. Ман як миқдор мушкили ҳолати равонӣ доштам. Тафтишот баъди марги шавҳарам бисёр сахт гузашт. Вақте ба Канада омадем, барои ман ду равоншинос ҷудо шуда буд. Зери назорат қарор доштам. Ҳамеша дору мехӯрдам ва дар ҳолати дору хӯрдан ҳамеша саволу ҷавоб мекарданд. Як каме солҳои охир ба худ омадаам. Саломатии ман иҷоза намедиҳад, ки ҳозир ба кор бароям. Бо кӯдак кор кардан барои ман бисёр мушкил аст.

Радиои Озодӣ: Мардуми тоҷик як гап доранд, ки барои як зан барои берун шудан аз афсурдагӣ ташвиши кӯдакон ва ташвиши рӯзгор бисёр кумак мекунад. Ҳамин чиз рост аст ва ё кумаки касбии равоншиносон бештар нақш бозид?

Қумриннисо Ҳафизова: Албатта, бояд мушкилро бо психолог ҳал кард, барои онки шавҳарамро нав куштанд ва дар Фейсбуку интернети тоҷикӣ гапу хабар бисёр шуд. Баъди марги шавҳарам қазоватҳо зиёд буд, ки болои ин ҳама мусибат, танҳоӣ, ғарибӣ, панҷ кӯдаку ҳомила будан – ҳамаи ҳамин ба ҳолати равонии ман сахт таъсир кард. Ҳолатҳое буд, ки ҳатто эҳсоси модарии худро гум кардам. Ҳатто хандаи кӯдакон, бозии онҳо дар пешам ва овози онҳо намефорид. Фақат дод мегуфтам. Баъди ду сол ба худ омадам. Дидам, ки мусибат ва мушкилии рӯзгор маро ба як одами бераҳм табдил карда буд. Кӯдаконам дарди бепадарӣ доштанд, ҳамон меҳру муҳаббати модариро ҳам ман дода наметавонистам.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ бо Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:23 0:00

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ кумак кард, ки ба зиндагӣ баргардед? Чӣ ба Шумо ёрӣ кард, ки ҳолати худро бозбинӣ кунед ва дарк бикунед, ки бояд нақши модарро дуруст иҷро бикунед?

Қумриннисо Ҳафизова: Як психологи калон, ки профессор аст, тӯли ин солҳо ҳамчун модар ба ман мадад мекард: “Ту бояд зиндагӣ кунӣ, барои фарзандон”. Нишонаро ба дасти ду фарзанди калониам супурда будам, нигоҳ намекардам. Ҳатто рӯзҳое буд, ки мехостам худкушӣ кунам. Медидам, ки кӯдаконам танҳо, ҳеч кас суроғ намекунад – ҳамаи ҳамин маро маҷбур кард, ки бигӯям, “не, бояд зиндагиро аз сар оғоз кунам”. Инҳо танҳоянд. Масъулияте дар назди ман ҳаст, ки бояд ҳам нақши модар ва ҳам нақши падарро иҷро кунам.

Радиои Озодӣ: Қумриннисо, ба шумо давлат кумак мекунад, хона доред? Аз ҷиҳати моддӣ мушкиле надоред?

Қумриннисо Ҳафизова: Ман дар хонаи иҷора мешинам. Духтари калониам (Оиша, 19-сола) кор мекунад, духтари дуюмам (Омина, 14-сола) Худоро шукр, ба кор баромад. Дар Канада ба кӯдакон ёрии пулӣ мекунанд. Мо аз ҳамон ҷиҳат зиндагиро пеш мебарем. Духтарам ҳам дар донишгоҳ мехонад. (Бурсия) - пулро соли гузашта гирифта буд, 7 ҳазор доллар. Лекин донишгоҳҳо бисёр гарон. Мо қарзи таҳсил мегирем, бо фоизи кам ва баъди хатми донишгоҳ бояд ин қарзро ба давлат баргардонем.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, мебинам, ки зиндагиатонро танзим карда тавонистед, як зани ғарбӣ шудед? Медонам, ки дарси ронандагӣ ҳам мегиред.

Қумриннисо Ҳафизова: Ин давлате, ки мо зиндагӣ мекунем, бисёр хунук аст. Солҳои аввал, ки мо ронандагиро намедонистем, бисёр мушкил буд. Барои ҳама чиз наздик шудан хонаро дар маркази шаҳр иҷора гирифтаем. Дорухона, мактаб, фурӯшгоҳ наздик бошад, гуфтем. Боғчае, ки духтарам мерафт, аз семоҳагӣ ӯро ба кӯдакистон додам. 7-и саҳар мебурдам, 6-и бегаҳ мегирифтам. Бисёр пиёда мерафтам, хунук буд, мушкилии зиёд дошт. Духтари калониам аллакай ронандагӣ мекунад, бисёр кумак мекунад. Ҳамин духтару писари калониам (Абубакр, 16-сола) бисёр зиёд кумак мекунанд.

Радиои Озодӣ: Шояд зиндагии мустақилона бо фарзандон дар як кишвари пешрафтаи ғарбӣ барои Шумову фарзандон чизҳои беҳтару нави дигаре дод, ки пеш дар фикраш набудед?

Қумриннисо Ҳафизова
Қумриннисо Ҳафизова

Қумриннисо Ҳафизова: Мусалмон бояд сабур бошад. Ҳамаро ба Худованд ҳавола кардам. Агар ҳамин мусибат намешуд, шояд ман дар Тоҷикистон дарди мардуми дигар, занҳои танҳоро ҳис намекардам. Имрӯз ҳамаи ҳамин мусибатҳо, ғаму дарду ғарибӣ маро дигар кард. Чун аз наздик шинохтам баъзе инсонҳоро. Бештару бештар ҳамин танҳоиро дӯст доштам. Одамоне, ки дар гирду атрофи ман буданд, чеҳраи ҳама маълум шуд.

Радиои Озодӣ: Аммо метавонед ба Тоҷикистон баргардед?

Қумриннисо Ҳафизова: Ростӣ, баъд аз марги модарам низ то ба ҳол ба аъзои хонаи мо фишор меоранд. Солҳои охир ба Тоҷикистон мухолифон баргаштанд. Чӣ зан, чӣ мард бахшида шуданд. Якум шуда ҳукумати Тоҷикистон баъди марги шавҳарам ба модарам пешниҳод кард, ки “баргардад бо фарзандонаш, мо мебахшем. Бояд, ки дар телевизионҳо баромад кунад, бахшида мешавад. Зан аст, модар аст, кӯдакони ноболиғ дорад, ба дастгирии шумо ниёз дорад”. Аммо ман ба худам раво надидам, қабул накардам. Виҷдони ман қабул надорад, ки баргардам. Барои онки ин қадар туҳмат, мусибат болои як оила овардан, ин нобахшиданист. Асос марги шавҳарам барои ман нобахшиданист. Ман ба сиёсат кор надорам. Шояд рӯзҳои аввал шикоят мекардам, гиряҳо мекардам, менавиштам, ягон кас занг мезад, ман аз марги Умар гирён мешудам. Ба ман як чиз дар зиндагӣ бештар қувват дод, ман дар яке аз мактабҳои исломӣ ҳам онлайн мехонам. Рӯ овардан ба Ислом, рӯ овардан ба Қуръон, барои ман қувват дод, ки ба зиндагиву фарзандонам аҳамияти ҷиддӣ диҳам. Гуфтам, ки рози худро фақат ба Худо мегӯям.

Радиои Озодӣ: Мо бо баҳонаи Нишона ҳамсӯҳбат шудем. Як муваффақияти Нишонаро бигӯед, ки бо он ифтихор мекунед.

Қумриннисо Ҳафизова: Номаш Нишона ба хотири онки аз падар нишона монд. Панҷ фарзанди ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаанд ва шашум фарзандам баъди марги падар дар Канада таваллуд шуд. Нишона барои мо як ғамбарор аст. Ману фарзандонам бо ӯ хурсандем. Барои ман ҳамаи кӯдаконам азиз ҳастанд. Аммо ҷои Нишона дигар аст. Агар ҳатто як қошуқ ё себро афтонад, даҳ бор аз ман узр мепурсад. Вақте аз мактаб меояд, мегӯяд, “модар, ман туро дӯст медорам”. Ягон фарзанди ман ин хел набуд.

Радиои Озодӣ: Ба забони англисӣ гап мезанад?

Қумриннисо Ҳафизова: Бале, тоҷикиро намедонад. Дар ин кишварҳо вақте модар мушкили равонӣ дорад, кӯдакро аз дасти модар мегиранд. Духтури ман ба ман мадад кард, ки он занро оварданд ва духтарамро аз саҳар то бегоҳ ба кӯдакистон мебурдем. Бо забони англисӣ одат кардааст. Тоҷикиро зиёд намедонад.

Радиои Озодӣ: Вақте кӯдак забонро медонад, як чизи хубаш ин аст, ки падару модарашро ёд медиҳад.

Қумриннисо Ҳафизова: Бале, ҳамин хел аст, агар хато кадам, ислоҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG