Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ҳоҷӣ Мирзо алайҳи даъвати "Гурӯҳи 24" (САДО)


Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо, имом-хатиби пешини масҷиди Ҳилоли Аҳмар дар Кӯлоб, дар сӯҳбаташ тасмими гирдиҳамоӣ дар Душанберо маҳкум кард. Ӯ гуфт, “ба шӯр овардану ноором кардани вазъият роҳи дуруст нест.”

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, даъватҳои “Гурӯҳи 24” ва шариконашро барои баргузории гирдиҳамоӣ ва эътироз алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар маркази Душанбе маҳкум кард. Собиқ имомхатиби масҷиди Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб рӯзи ҷумъаи 10 окятбр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда ва гуфт, “ҳар иқдоме, ки боиси ноором кардани кишвар ва сулҳу субот аст, онро маҳкум мекунем.”

Ҳоҷӣ Мирзо афзуд, “ин гуна шева, яъне ба шӯр овардану ноором кардани вазъият ва ба ҳам задани сулҳу суботи ҷомеа роҳи дуруст нест ва бояд даст аз он бардошт. Баръакс, барои ободии кишвар ва осудагии мардум талош кард.” Вай ҳатто гуфт, “бо он ки чанд моҳи пеш дар сафаре ба Русия қарор дошт ва бо иддае аз муҳоҷирон сӯҳбатҳое анҷом дод, аммо бо ҳеч як аз раҳбарони ин созмонҳову гурӯҳҳо дидор накардааст ва онҳоро аслан намешиносаду робитае низ надорад.”

Ин рӯҳонии шинохта илова кард, “моҳи Рамазон сафаре ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия доштам ва бо иддае аз муҳоҷирон сӯҳбату мулоқот анҷом додам. Шаҳрвандони мо бисёртар мушкили хонаводагӣ ва ҳалли он бар асоси шариатро матраҳ мекарданд. Аммо дар шаҳри Маскав бештар дар бораи табдили мазҳаб ва ҷанг дар Сурия пурсиданд, ки ман барояшон гуфтам, беҳтарин мазҳаб ин мазҳаби Имом Аъзам аст ва ҷанг дар Сурия “ҷиҳод нест”. Албатта, қаблан ин ҳарфро гуфта будам ва мухолифати иддае аз он ҷавононе, ки дар ҷанги Сурия ширкат доранд, мувоҷеҳ шудам. Аммо ҳанӯз ҳам дар ҳамон андешаам ва аз он барнамегардам.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Ба таъкиди Ҳоҷӣ Мирзо, “ҳадафи аслии ман ба унвони як шахсияти мазҳабӣ ва рӯҳонӣ даъвати мардум ба ростиву растагорист ва фармудаҳои Худованди бузург аст, то мардум роҳи дурустеро дар зиндагӣ дошта бошанд ва хушу хуррам ба сар баранд.” Ҳамзамон ин рӯҳонии саршинос аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран бархе аз ҷавонону афроди алоҳида бо номи вай сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз кардаанд. “Ин кори нодуруст аст ва мухолифи чунин коре ҳастам”,-таъкид дошт ӯ. Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, ҳеч гуна сомонае надорад ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ворид нест ва ҷавононе, ки чунин кореро карданд, намешиносад ва боре ҳам аз ӯ дар ин бора маслиҳату машварат нагирифтаанд.

Дар идомаи сӯҳбат Ҳоҷӣ Мирзо ба масъалаи "итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст” низ дахл кард ва гуфт, “дар воқеъ, бар асоси мазҳаби мо, яъне Имоми Аъзам, итоат аз подшоҳ воҷиб аст ва ҳар зердаст итоати раҳбарашро бояд ба ҷо орад, агар кору амали раҳбар мухолиф ба гуфтаҳо ва фармудаҳои Худованд набошад.” Ин рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон дар поёни сӯҳбати худ, зимни пуштибонӣ аз ҳукумат, барои осудагиву тинҷӣ ва оромии мардуму кишвари Тоҷикистон дуои хайр намуд ва орзу кард, “Худованд мардуми кишварро ҳамеша дар паноҳи исматаш нигаҳбон ва Тоҷикистонро пешрафта гардонад”.

XS
SM
MD
LG