Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи заминҷунбии пай дар пайи панҷ рӯзи охир дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 84 хонаи мардум хароб шудааст. Сокинон гуфтанд, ки аз рӯзи 30-юми март то кунун дар ҳудуди ин ҷамоат замин меҷунбад.

Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, дар як соли охир дар кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Ҳасан Иброҳимзода, раиси ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, заминҷунбии харобиовар рӯзи 30-юми март рух дод, ки бар асари он чаҳор манзили зист комилан ва ҳаштод хонаи дигар қисман хароб шуд. Иброҳимзода гуфт, рӯзи 3-юми апрел низ замин ҷунбид, аммо шиддати он пасттар буд.

"Гурӯҳи корӣ ба ҷамоат сафар карданд. Аҳолии панҷ деҳа - Аспрингон, Дараи Ниҳолак, Сафедоб, Санҷиддара ва Сияҳшур зарар дидаанд. Ҳоло зарари расида ҳисобу китоб мешавад ва зиёндидаҳо ба ҷойи бехатар кӯчонда хоҳанд шуд", - афзуд ӯ.​

Девори кафидаи хонае дар Сари Хосор
Девори кафидаи хонае дар Сари Хосор

Олимҷон Солиев, вакили маҳаллӣ аз Сари Хосор мегӯяд, осебдидаҳо то кунун ҳеч кумак дастрас накардаанд. Ӯ гуфт, шумораи зиёндидагон аз сад нафар бештар аст, вале гурӯҳи вижа на ҳамаро ба инобат мегирад. "Хонаи худам ҳам зиён дидааст. Деворҳо то панҷ сантиметр кафидаанд. Зиндагӣ дар ин хонаҳо хатарнок шудааст. Гурӯҳ на ҳамаро ба назар мегирад. То ҳол ҳеч ёрӣ нашудааст", - гуфт ӯ.

Ҷамоати Сари Хосор дурдасттарин минтақа дар вилояти Хатлон аст, ки роҳи душворгузар дорад.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​ Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли охир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG