Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2017 дар Тоҷикистон замин 26 ҳазор бор ларзидааст


Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар як соли ахир дар қаламрави кишвар 26 хазор мавриди заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудааст. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 12-уми феврал дар нишасти хабарии солонаи ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт, ки "аз ҷамъи 26 ҳазор мавриди заминларза, 50 дарсад ё 13 ҳазори он коркарди илмӣ шудааст".

Аммо ҷаноби Раҳимӣ гуфт, ки аз ҷамъи умумии заминларзаҳо дар як соли ахир танҳо 37 ададашро сокинон эҳсос кардаанд. Изҳори назари раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон дар робита ба вуқӯи заминларзаҳо дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш дар қаламрави Тоҷикистон замин ларзид. Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон гуфт, ин заминларза 4-баллӣ соати дуи шаби 7-уми феврал дар 330-километрии ҷануби шарқи Душанбе рух додааст.

Марказҳои зилзиланигории ҷаҳон низ мегӯянд, маркази заминларза дар 120-километрии шаҳри Хоруғ буда, шиддати он дар марказ ба 5 дараҷаи Рихтер баробар буд. Умқи ин заминлрза беш аз 100 километр гуфта мешавад.

Аз ин пеш, рӯзи 31-уми январ, заминларзаи қавие Афғонистон ва қисмате аз манотиқи Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзиласанҷии Амрико гуфт, заминларзаи 6.1 дараҷаӣ рӯзи 31-уми январ дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, ба вуқӯъ пайваста аз шаҳри Кобул то ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин Деҳлӣ ва Исломободро такон додааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​

Видеоҳои охирин

90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG