Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чормағзҳоро набуред. Ҷарима – то 1500 сомонӣ. ВИДЕО


Чормағзҳоро дар Кӯлоб набуред, вагарна...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Мақомоти ҳифзи табиат дар Тоҷикистон буридани дарахти чормағзи мевадиҳандаро манъ карда, барои онҳое, ки ин қарорро нодида мегиранд, то 1500 сомонӣ, муодили тақрибан 200 доллар ҷарима таъин намудаанд. Ба ҳамин далел тайи як сол боз устоҳои табақтарош дар минтақаи Кӯлоб наметавонанад танаи дарахти чормағзро дастрас ва аз ин чӯби сахт барои мардум табақ омода кунанд.

Чормағз дар ҷангалзори Ховалингу Мӯъминобод ва Балҷувон бисёр аст. Ҳоло, воқеан, назорат шадидтар шудааст

Устоҳо мегӯянд, ки ҳоло табақро асосан аз чӯби чанору тут ва бед таҳия мекунанд. Саймуддин Ҳакамов, як устои табақтарош, рӯзи 23-юми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин қарор бозори замоне гарми онҳоро сард кардааст. “Фақат интизор мешавед, ки кадоме аз сокинон чормағзи хонаашро мебурад ва танаашро мефурӯшад. Маҳсулоте, ки аз чӯби чормағз омода мешавад, умри дорад ва маззааш ҳам дигар аст”, - гуфт ӯ.

Ин тасмим дар пайи як интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст, ки соли 2013 ҳангоми сафараш ба ноҳияи Ховалинг гуфта буд, дар ин ноҳия боғи чормағзро надид. Пас аз ин хоҷагии ҷангали минтақа ба бунёди боғи чормағз шурӯъ кард.

Мираҳмад Давлатов, сардори хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз таъкиди президент онҳо дар ноҳияи Ховалинг гармхона ташкил карда, ҳазорҳо бех ниҳоли чормағз шинонданд. Ӯ афзуд, ҳоло ният доранд, ки ин ниҳолҳоро дар ҷангалҳои минтақа ҷойгир кунанд.

“Асосан чормағз дар ҷангалзори Ховалингу Мӯъминобод ва Балҷувон бисёр аст. Воқеан, назорат шадидтар шудааст”, - гуфт ин мусоҳиби мо.

Масъулони хоҷагии ҷангал мегӯянд, онҳо барои буридани дарахтони ҷангал нисбат ба 31 нафар санад тартиб дода, аз онҳо ба миқдори 3 ҳазору 126 сомонӣ ҷарима ситондаанд. Барои буридани дарахти чормағз нисбат сокинон ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ ва ҷарима ба маблағи аз 250 то 1500 сомонӣ пешбинӣ шудааст..

XS
SM
MD
LG