Пайвандҳои дастрасӣ

Бо мошин ба дарс ҳозир шудани фарзанди мансабдорон дар Тоҷикистон метавонад, боиси аз кор сабукдӯш шудани падар гардад. Тибқи тағйироти охире, ки ба Кодекси одоби хидматчиёни давлатӣ ворид шуд, онҳо вазифадор гардидаанд, аз сари чанбараки мошин нишастани фарзанди донишҷӯяшон ҷилавгирӣ кунанд. Ин тағйирот рӯзи 11-уми август аз тарафи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, нусхаи он 22-юми август ба дасти мо расид.

Дар ин феҳрист ному насаби комили донишҷӯ, ҷойи таҳсилашро навишта ва гуфтаанд, ки ин донишҷӯён дар 4 моҳи гузашта бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Тибқи тағйироти воридшуда мансабдорон ва аъзои оилаашон бояд талаботи қонуни танзимро риоя кунанд ва нагузоранд, ки наздикон мошини хидматиро низ барои манфиати шахсӣ истифода баранд. Дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо тибқи ин кодекс имкон дорад, мансабдорони давлатӣ аз мақомашон барканор шаванд.

Риояи талаботи қонуни танзим ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои бо мошин ба дарс рафтани фарзанди мансабдоронро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекард. Аммо барои нахустин бор ин талаби раиси ҷумҳур ҳукми қонунро гирифт.

Президенти Тоҷикистон моҳи апрели имсол дар як ҷаласаи ҳукумат гуфта буд, ки бархе аз фарзандони мансабдорон бо мошин ба донишгоҳҳо рафта, қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро вайрон мекунанд. Ба дунболи интиқоди раиси ҷумҳур Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иқдоми ғайримуқаррарӣ номи беш аз 300 донишҷӯро нашр кард, ки ҳангоми ронандагӣ қоидаҳои роҳро риоят накардаанд ва ё барои чунин қонуншиканӣ танбеҳ гирифтаанд.

Дар ин феҳрист ному насаби комили донишҷӯ, ҷойи таҳсилашро навишта ва гуфтаанд, ки ин донишҷӯён дар 4 моҳи гузашта бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд. Бисёре аз донишҷӯёне, ки ба қавли вазорат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накардаанд, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Дар феҳраст бахусус номи донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ дида мешавад, ки ба эътирофи худи донишҷӯён ҷойи таҳсили фарзандони сарватмандон ва аз ҷумла мансабдорон аст.

Вале бархе аз донишҷӯён гуфтанд, ки дар ин маърака чормағз бештар сари донишҷӯёни миёнҳол шикаста, пайвандони мақомдорон боз ҳам аз об хушк баромадаанд. Онҳо мегӯянд, донишҷӯи миёнҳол асосан барои он бо мошин ба донишгоҳ меравад, ки баъд аз адои дарс мусофиркашонӣ карда, барои рӯзгузаронии худу хонавода пул кор кунад.

Аз замони қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, ки бо мошин ба дарс рафтани ҷавононро маҳдуд мекунад, 10 ва аз замони ба иҷро даромадани қонуни масъулияти волидон дар Тоҷикистон 6 сол гузаштааст. Бархе аз сокинон ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро бо гузашти даҳ сол риояи ин қонунҳо аз тарафи мансабдорон ва наздиконашон акнун доғ шуд?

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳукумат аз ин тариқ мехоҳад, сахтгириаш дар масъалаи танзиму тарбияи фарзандонро ба намоиш гузорад ва нишон диҳад, ки талаби риояи қонун танҳо марбути мардуми оддӣ нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG