Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Неъматуллоев: “Ин гуна заминларзаҳо солона ҳазорҳо бор мешавад”


Хадамоти зилзиласанҷии Амрико хабар додааст, ки субҳи рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон заминларзае ба тавонои 4,8 дараҷаи Риштер рух додааст.

Тибқи маълумоти зилзиласанҷони амрикоӣ, ки бархе аз расонаҳои минтақаӣ нашр кардаанд, зилзила дар Тоҷикистон соати 4-у 30 дақиқаи субҳи сешанбеи 2 июн бо марказаш дар кӯҳҳои Помир, воқеъ дар 345 км –ии шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар мавриди талафот ва хисорот хабаре нарасидааст.

Аммо масъулони Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин аз ҷумлаи зилзилаҳое набудааст, ки мояи нигаронӣ бошад. Академик Собит Неъматуллоев, раиси Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2 июн зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин гуна зилзилаҳое, ки шиддаташон хеле паст аст, дар шабонарӯз, 20 маротиба, дар моҳ 1000 ва дар сол 15 ҳазор бор сабт мешаванд.”

Ба гуфтаи академик Неъматуллоев, “он заминларзаҳое, ки маҳсус буда иқтидорашон таъсиргузор асту метавонанд паёмаде дошта бошанд, солона 20 то 22 маротиба рух медиҳад.” Аммо ба таъкиди академик Неъматуллоев, дар бештари маворид марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳонӣ бо вуқӯи заминларзаҳои шиддаташон паст ба иштибоҳ меафтанд. Хадамоти зилзиласанҷии ИМА рӯзи гузашта низ аз вуқӯи заминларзаи бо тавоноии 5, 4 дараҷа дар шаби якшанбеи 31 май дар қаламрави Тоҷикистон хабар дода буд.

Тибқи иттилои ин хадамот, зилзила соати 1-у 36 дақиқаи шаби 31 май ба 1 июн дар 370 километрии шарқи Душанбе рух додааст. Иттилое, ки масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон онро таъйид намекунанд ва мегӯянд, аслан ин гуна зилзиларо сокинони Тоҷикистон нафаҳмидаанд ва аз ҷумлаи заминларзаҳои шиддаташон паст аст.

15 дастгоҳ ё стансияи зилзиласанҷӣ дар атрофи “Роғун”

Академик Собит Неъматуллоев, мегӯяд, дар чанд соли ахир дастгоҳҳо ё стансияҳои зилзиласанҷии Тоҷикистон замонавӣ шуда ва тавони санҷидани ҳодисаҳои заминҷунбӣ ва ҳатто танзими он дар иншоотҳои барқӣ-обиро доранд. Ин аст, ки ба гуфтаи академик Неъматуллоев, ҳоло дар атрофи маҳалли сохтмони ниругоҳи барқӣ-обии Роғун, се стансия ё таҷҳизоти зилзиласанҷӣ фаъол аст ва то як соли дигар то ба 15 адад расонида мешавад.

Академики тоҷик ҳадафи аслии ин стансияҳоро ҷилавгирӣ аз вуқӯи заминларзаи шиддаташ бузург дар обанбори ниругоҳи “Роғун” унвон кард. Зеро ба гуфтаи академик Неъматуллоев, ҳангоме, ки об дар сарбанд пур карда мешавад, таҷҳизотҳои сейсмологӣ режими онро ба танзим медароранд ва аз вуқӯи зилзила ҷилдавгирӣ мекунанд. Академик Неъматуллоев меафзояд, ки ин гуна стансияҳои муосир бо кӯмаки ҳукумат ва ҷамъияти саҳомии ниургоҳи “Роғун” аз хориҷи кишвар харидорӣ шудаанд.

Иқдомот барои танзими об дар ниругоҳи “Роғун” ва ҳамин тавр ҷилавгирӣ ё коҳиши вуқӯи зилзила дар ин ниругоҳ дар ҳолест, ки дар гузашта Узбакистон борҳо ба сохтмони ниругоҳи “Роғун” мухолифат карда буд ва яке аз далоили мухолифаташро ба паёмадҳои сейсмологӣ дар минтақаи сохтмони ниругоҳ рабт медод.

Аммо академик Собит Неъматуллоев, аз сейсмологҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ мегӯяд, маҳалли сохтмони ниругоҳи “Роғӯн” тобовар ба ҳар гуна зилзила аст ва дар ин минтақа заминҷумбии шидаташ бузург рух нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, ахиран масъулони ширкати ниругоҳи “Роғун” эълом карданд, ки корҳои асосӣ дар ду агрегати ниругоҳ ҷараён дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан танҳо корҳои барқарорӣ дар ин иншоот сурат мегирифт. Бонки Ҷаҳонӣ дар соли гузашта ташхиси ниругоҳро анҷом дода ва ба он баҳои мусбат дод, ки ба гуфтаи масъулони ниругоҳ ин сабаби суръат бахшидан ба корҳои асосӣ дар ду агрегати он шудааст.

XS
SM
MD
LG