Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вақти зилзила куҷо пинҳон шавем?


Бо гузашти ду рӯз аз зилзилаи шадиди то 6-дараҷаӣ дар Тоҷикистон, аксари муҳассилини мактабҳои миёна эҳсоси тарсро аз худ дур накардаанд.

Заминларзаи шадиди 26 октябр, ки боис ба ҷароҳат бардоштани даҳҳо талабаи мактаби миёна дар Тоҷикистон шуд, мавзӯи омода набудани хонандагонро ба ҳолатҳои истирорӣ ба миён овардааст.

Самандар Саломов, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки ҳангоми зилзила шоҳиди шикастани шишаи тиреза ва ҷароҳат бардоштани хонандагони дигар шудааст, қисса мекунад, ки он замон ба қавле "ҳар кас дар ғами ҷони худаш буд". Ӯ гуфт, аксар хонандагон бо шурӯи мағал худро ба берун мекашиданд ва онҳое ҳам ки зиёд эҳсосӣ буданд, намедонистанд чӣ кор кунанд.

Мисли Самандар даҳҳо хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна, лаҳзаи вуқӯи заминҷунбии ахирро бо даҳшат ёд меоранд. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, агарчӣ дар баъзе аз дарсҳо барояшон омӯзгорон дар бораи чунин ҳодисаҳо нақл карда ва қоидаи рафтор дар ин ҳолатро мегуфтанд, аммо зимни зилзилаи шадид дар мактаб, онҳо дигар ин ҳамаро фаромӯш карданд ва ягона чизе, ки дар фикрашон он лаҳза омад, зуд берун шудан аз синфхона буд.

Санавбари Шамсулло, хонандаи синфи чоруми мактаби миёни рақами 48 дар ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, “муаллима гуфта буд, ки ҳангоми заминҷунбӣ зери миз ё дар бояд истод. Вале вақте заминҷунбӣ шуд, зиёд тарсидам. Пойҳоям то ҳозир меларзанд. Ман гиря накардам, лекин Нишона, ҳамсинфи ман фақат номи модарашро гирифта гиря мекард, чунки вай дар ошёнаи чорум будааст”.

Омӯзгорон ҳам мегӯянд, дар аввал хостанд хонандагонро ором кунанд, вале бо шиддат гирифтани заминҷунбӣ вазъ аз назорат берун шуд ва онҳо дигар тавони идора кардани талабаҳоро надоштанд. Асадулло Файзуллоев, ки солҳои зиёд таҷрибаи омӯзгорӣ дар макотиби миёнаро дорад, мегӯяд, бар иловаи дарсҳои алоҳида, дар мактаб овезаҳои зиёде аст, ки ба хонандагон дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Ғунчагул Дариева, як омӯзгори дигар гуфт, воқеан дар вақти такон хӯрдани замин хонандагон ба таҳлука афтода, ҳангоми берун шудан аз синфхонаҳо талотум шудааст ва онҳое, ки беморӣ доштанд, аз тарс беҳуш шуданд. Ӯ гуфт, баъд аз расонидани кӯмаки аввалия вазъи ин хонандагон беҳтар шуда, ба хона рафтанд.

Таъсири зилзила ба равони мактабиён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Дар ҳамин ҳол, пизишкони бемористони "Ёрии таъҷилӣ", маъруф бо номи "Скорий", дар Душанбе мегӯянд, баъд аз заминларзаи шадиди 26 октябр ҳудуди 80 нафар ба онҳо телефонӣ муроҷиат карда, кӯмак хостаанд, ки миёни онҳо мактаббачаҳо низ буданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе волидон, дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор гирифтан ва ё ҷароҳат бардоштани хонандагонро дар пайи ин заминларза айби омӯзгорон медонанд, ки натавонистанд, қоидаҳои рафтору муносибат ҳангоми вуқӯи ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла, заминларзаро ба толибилмон фаҳмонанд.

Дилафрӯз Мирзоева, як сокини пойтахт, ки ҳангоми заминларза ду писараш дар мактаб буд, мегӯяд, таъмини амнияти хонанда, ҳанӯз аз рӯзи аввали ворид шудани ӯ ба мактаб зарур аст, чун танҳо дар ин сурат ӯ метавонад дар фикри омӯзиш бошаду талош кунад, аммо ба қавли ӯ феълан дар мактабҳо ба ин масъала кам таваҷҷӯҳ дода мешавад. Биноҳои бархе аз мактабҳо, ҳатто дар шаҳр ҳам ба заминларзаҳо сахт тобовар нестанд ва ё аслан дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Зилзилаи ахир нишон дод, ки бештар аз ҳама мактабҳо осеб дида деворҳояш кафидаанд.

Барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои ногувори зилзилаҳои шиддатнок барои наврасону кӯдакон, мутахассисон таъкид мекунанд, ки омӯзишу фаҳмондадиҳиҳо дар таълимгоҳҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои коҳиши паёмадҳои номатлуби заминларза ҳангоми вуқӯи он, ки ҳамагӣ чанд лаҳза идома мекунад, мардум бояд аз дохили биное, ки лаҳзаи зилзила дар он қарор доранд, берун нашаванд ва худро зери миз ё дари баромад бигиранд.

Дар ин сурат ба таъкиди Баҳром Олимов, масъули Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба замин тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон кас метавонад аз зарбаи аввал, ки сахт аст, паноҳ барад. Барои омӯзгорон ва онҳое, ки масъулияти тарбия ва нигоҳубини кӯдакону наврасонро доранд, тавсия дода мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо қабл аз ҳама тавонад худро идора кунад ва эҳсоси тарсашро ба кӯдакон намоиш надиҳад. Вай бояд дар ин ҳолат оромона ба кӯдакон аз қоидаҳои муайяншуда ёдовар шавад.

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, заминларзаи шадид соати 14-ву 9 дақиқа рух дода, маркази он 300-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, будааст. Ба гуфтаи масъулони ин марказ, шиддати заминларза дар маркази он аз 6 то 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5-6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Мувофиқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Амрико маркази ин заминҷунбӣ дар шимолу шарқи Афғонистон буда, 7,7 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер будааст.

XS
SM
MD
LG