Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯстумро ба Мазори Шариф роҳ надоданд


Акс аз соли 2014

Маъмурияти муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон Абдуррашиди Дӯстум хабарҳо дар бораи дар қаламрави Туркманистон фуруд омадани ҳавопаймои генералро рад кард. Дар хабарҳое, ки рӯзи 18 июл пахш шуд, омадааст, ки баъди рад шудани нишасти ҳавопаймои генерал Абдуррашид Дӯстум дар фурудгоҳи наздик ба Мазори Шариф, ӯ маҷбур шуд дар хоки Туркманистони ҳамсоя фуруд ояд.

Дар хабарҳо гуфта шуд, ки генерал Дӯстум дар дохили ҳавопаймое дар роҳ аз Туркия ба шимоли Афғонистон буд ва замоне, ки мехост дар фурудгоҳи шаҳри Балх, воқеъ дар 20-километрии Мазори Шариф бинишинад, барояш чунин иҷозат дода нашуд. Ин хабарро ба бахши

Ҳавопаймое, ки дар дохилаш генерал Дӯстум нишаста буд, дар фурудгоҳи ҳудуди вилояти Марви шарқи Туркманистон фуруд омад

Туркмании радиои Озодӣ манобеи мӯътамади огоҳ аз ҳодиса ба шарти фош нашудани номашон тасдиқ карданд. Ин манобеъ гуфтанд, ки гӯё низомиёни олмонии узви ҳайати низомии НАТО, ки дар қисмати марказии вилояти Қундуз ҷойгиранд, ба нишасти ҳавопаймои Дӯстум монеъ шуданд.

НАТО монеъ нашуд

Вале дар изҳороти маъмурияти НАТО дар Афғонистон ин хабар рад шуд. Хабаргузории русии “Спутник” бар пояи ин изҳорот навишт, ки “нирӯҳои олмонӣ дар Қундуз ба нишасти ҳавопаймое, ки дар дохилаш муовини аввали президенти Афғонистон Дӯстум қарор дошт, монеъ нашуданд. Амалиёти “Кӯмаки қотеъ” (ҳайати НАТО дар Афғонистон) ба умури дохилии Афғонистон мудохила намекунад”. Вале ин изҳорот танҳо дар вебсайти англисии оҷонсии “Спутник” нашр шуд. Дар сӯҳбат бо бахши афғонии радиои Озодӣ намояндагони ҳайати НАТО дар Афғонистон аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ карданд ва ба саволи Озодӣ дар бораи иҷозати пахши хабари мазкур гуфтанд, "кори шумо аст, ки чоп мекунед, ё не".

Марв
Марв

Айни замон, як манбаи наздик ба сохторҳои дипломатӣ дар сӯҳбат бо бахши Туркмании радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан ҳам ҳодиса шоми 17 июл рух дод. Ҳавопаймое, ки дар дохилаш генерал Дӯстум нишаста буд, дар фурудгоҳи ҳудуди вилояти Марви шарқи Туркманистон фуруд омад. Ба иттилои ин манбаъ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон чанд соат дар қаламрави Туркманистон қарор дошт.

Субҳи сешанбе дастгоҳи худи Дӯстум дар муроҷиати чандинкаратаи рӯзноманигорон нахост ин мавзӯъро шарҳ диҳад, вале баъд аз зӯҳри 18 июл вуқӯи чунин як ҳодисаро комилан рад кард.

Дӯстум дар Анкара аст?

Раиси дастгоҳи Дӯстум Иноятулло Бобур Фараҳманд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки генерал дар Анкара аст ва ният надошт, ки ба Афғонистон парвоз кунад. Вай гуфт, ки ин хабарҳо асос надорад ва дар фурсати наздик генерал ният дорад ба Афғонистон баргардад. Фараҳманд гуфт, ки дар Мазори Шариф сохтмони маҷмааи азиме ба ифтихори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ идома дорад ва дар кори он сохтмончиёну мутахасссисони турк ҷалб шудаанд. “Дар дохили ҳавопаймо ҳамин мутахассисон буданд”, гуфт намояндаи Дӯстум.

Атомуҳҳамади Нур, волии Балх
Атомуҳҳамади Нур, волии Балх

Дар изҳороти худ волии Балх Атомуҳаммади Нур ҳам гуфт, ки дар дохили ҳавопаймое, ки дар қаламрави Туркманистон нишаст кард, генерал Дӯстум ҳузур надошт.

Фарҳод гуфт, ҳавопаймое, ки дар дохилаш “меҳмонону муҳандисони турк қарор доштанду ба Мазори Шариф наздик шуд, дучори мушкилоти фаннӣ шуд. Ҳавопаймо баъдан дар фурудгоҳи Туркманистон нишаст анҷом дод”.

Дар ҳамин ҳол, дар вокуниш ба хабари расонаҳо муовини аввали раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон Муҳаммадалам Эзидёр гуфт, ки “агар воқеан ҳам нирӯҳои як давлати хориҷӣ ваё ҳукумати Афғонистон дар поин шудани ҳавопаймои муовини раиси ҷумҳурӣ Дӯстум монеъ шудаанд, ин як амали ғайриқонунӣ мебошад, чунки Дӯстум ҷинояткор нест”.

Моҷарои озории ҷинсии Аҳмади Ишчӣ Дӯстумро аз Кобул берун кард

Абдуррашиди Дӯстуми ӯзбактабор, ки мақоми муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистонро дорад, моҳи маи соли ҷорӣ ин кишварро тарк карда баъди ин эҳтимолан дар Туркия ба сар мебарад. Ин ҳамон замоне буд, ки моҷарои атрофи исми Дӯстум ва озори ҷинсии волии Ҷузҷон пурсарусадо шуд.

Аҳмади Ишчӣ декабри соли 2016 Дӯстум ва зердарстонашро дар озори ҷинсӣ айбдор кард
Аҳмади Ишчӣ декабри соли 2016 Дӯстум ва зердарстонашро дар озори ҷинсӣ айбдор кард

Мақомоти Афғонистон соли 2016 бар асоси даъвои Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷони ин кишвар бар зидди Дӯстум тафтишот оғоз карданд. Дӯстум ба он айбдор мешуд, ки гӯиё зердастонаш бо дастури ӯ Ишчиро рабуда, латукӯб кардаанд ва озори ҷинсӣ додаанд. Вале худи муовини президенти Афғонистон бозпурсӣ нашуд ва алайҳи ӯ низ ҳеч айбе эълон накарданд.

Итиҳомоте, ки волии Ҷузҷон расонаӣ кард, мавриди маҳкумияти шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар шуд, ки аз ҳукумати марказии Кобул тақозо карданд, ки ин қазия бо тамоми ҷузъиёташ таҳқиқ ва озордиҳандаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Абдуррашид Дӯстумро дар гузашта ба ҳайси яке аз ҷангсолороне мешиносанд, ки дар шимоли Афғонистон бештар дар миёни ӯзбактаборҳо нуфуз дорад ва дар чандин маврид ҳукумати марказиро ба чолиш кашидааст. Таъйиноти ӯ ба мақоми муовини раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам баъди интихоботи ахир як мояи нигаронии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар буд, ки генералро муртакиби чандин ҷиноят меноманд. Соли 2008 низ раҳбари узбактаборҳои Афғонистон дар ростои иттиҳоми марбут ба озори ҷинсӣ қарор гирифт ва ба Туркия фирор кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG