Абдурашид Дӯстум, муовини баҳсбарангези Муҳаммад Ашрафғанӣ – раиси ҷумҳури Афғонистон – ин кишварро ба қасди Туркия тарк кардааст. Ёсин Хамӯш, мушовири расонаии Дӯстум, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай рӯзи 19-уми май барои табобат ба Туркия рафт. Қаблан, Башид Аҳмад Тайаҷ, намояндаи порлумон, ба телевизиони “Оина” гуфта буд, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон пас аз гирифтани табобат ба Афғонистон бар мегардад.
Ҳанӯз ҷузъиёти бештаре аз вазъи саломати Абдурашид Дӯстум дар даст нест.
Гузоришҳо аз тарки Афғонистон кардани Дӯстум дар ҳолест, ки иттиҳоми афроди наздик ба вай дар рабудан ва тавҳин ба рақиби сиёсиаш боқӣ мондааст. Он замон ҳам аз дохили кишвар ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ хостори баррасӣ ва ба маҳкама кашидани Дӯстум шуданд. Ҳукумати Афғонистон ояндаи Дӯстум ва пайванди рафтанаш аз Афғонистон ба қазияи соли гузаштаро шарҳ надодааст.
Тайанҷ гумоназаниҳои шабакаҳои иҷтимоиро дар мавриди табъидӣ шудани Дӯстум рад кардааст. Ӯ гуфтааст, “генерал Дӯстум дар ҳеч сурат кишварро тарк намекунад ва дар канори мардуми худ боқӣ мемонад”.
Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори Афғонистон дар робита ба боздошт кардани Аҳмад Эшчӣ дар соли гузашта, ки гуфта буд аз сӯи нафарони Дӯстум латту кӯб ва мавриди бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифта буд, ба ҷазои ҷиноӣ кашида нашуд. Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон пас аз интихоб кардани Дӯстум ба ҳайси муовини худ дар соли 2014 мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.