Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони Дӯстум. САДО, ВИДЕО


Додситонии кулли Афғонистон дастури боздошти 9 тан аз муҳофизон ва наздикони генерал Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар ва ҳамзамон раиси Ҷунбиши миллӣ-исломии Афғонистонро содир кардааст. Додситонии кулли Афғонистон мегӯяд, ки ин афрод ба бадрафторӣ ба Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон муттаҳам дониста мешаванд ва ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ вазифадоранд, ки онҳоро боздошт кунанд.

Амри боздошти муҳофизону наздикони Дӯстум
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим

Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон рӯзи сешанбеи 24 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ниҳодҳои амниятӣ ҳоло муваззафанд, ки ин 9 танро дастгир намоянд. Вай афзуд, ки "ахиран ҳайати таҳқиқ тасмим гирифт 9 тан аз афроде, ки дар ин қазия даст доранд, боздошт шаванд". Аммо сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон дар бораи худи Абдурашид Дӯстум гуфт, ки онҳо мунтазиранд то худи муовини аввали раиси ҷумҳур ва ё вакили дифоаш барои таҳқиқ ба додситонӣ ҳозир шаванд. Оқои Расулӣ мегӯяд, ки агар ин кор сурат нагирад, ҳайати таҳқиқ дар бораи худи Дӯстум низ тасмим хоҳад гирифт.

Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон.
Ҷамшед Расулӣ, сухангӯи Додситонии кулли Афғонистон.

Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистонро ба он муттаҳам мекунад, ки ӯро мавриди латукӯб ва озори ҷинсӣ қарор додааст. Аммо масъулони дафтари генерал Дӯстум гуфтаанд, ки лозим нест муовини аввали раиси ҷумҳур ба додситонӣ посух бигӯяд.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Ишчӣ дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додситонии кулли он кишвар ахиран ба вай ваъда додааст, ки дар бораи таълиқи вазифаи генерал Дӯстум пешниҳоде ба Додгоҳи олии ин кишвар дархост хоҳад фиристод.

Дастури боздошти 9 муҳофизи генерал Дӯстум дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00

Дафтари генерал Дӯстум то ба ҳол дар робита ба дастури боздошти 9 тан аз наздикон ва муҳофизони муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон изҳори назар накардааст. Аммо ин, ки нерӯҳои амниятии афғон кай мутобиқи тасмими ҳайати муфаттишони додситонии кулли он кишвар барои боздошти 9 тан аз афроди наздик ба Дӯстум вориди амал хоҳад шуд, вазорати умури дохилии Афғонистон то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардааст.

Волии пешини вилояти Ҷузҷони Афғонистон Аҳмад Ишчӣ дар моҳи декабри соли гузашта иддао карда буд, ки Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ва муҳофизонаш ӯро латукӯб намуда, либосҳояшро берун оварданд ва вонамуд карданд, ки ба ӯ таҷовуз мекунанд. Ин мавзӯъ вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба миён овардааст.

Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон.
Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷон.

Ба дунболи пахши ин хабар, Иттиҳодия Аврупо ва кишварҳои узви ин созмон дар эъломияи гуфтаанд, ки ин қазия нақзи ҳуқуқи башар мебошад ва бояд баррасӣ шавад. Сафорати Амрико дар Кобул он замон бо нашри як эъломия гуфтааст, ки гузоришҳо аз бадрафтории генерал Дӯстум ва боздошти Аҳмад Ишчӣ нигарониҳоро ба миён овардааст. Сафорати Амрико дар ин эъломия гуфтааст, ки аз иқдомоти ҳукумати Афғонистон дар мавриди баррасии ҳарчи зудтари ин иттиҳомот истиқбол хоҳад кард.

Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам гуфт, ки дар ин робита таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом мешавад ва ниҳодҳои додгоҳӣ тибқи ин таҳқиқот чора меандешанд.Аммо Дафтари муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон он замон бо нашри як эъломия аз созмонҳои байналмилалӣ хост, ки то замони баррасӣ шудани ин қазия, аз пешдоварӣ парҳез бикунанд.

Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори афғон мебошад ва ҳомиёни ҳуқуқи башар Абдулрашид Дустумро, ки ҳоло муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад, дар ҷиноятҳои ҷангӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон аз тарафи Ҷабҳаи Шимол айбдор мекунанд.

Гуфта мешавад, ки генерали узбактабор ва афроди ӯ дар қатли сокинони осоиштаву афроди боздоштшуда ва тахриби шаҳру рустоҳо даст доранд. Дӯстум ҳамчунин дар он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор мусаллаҳи толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ дошт ва онҳо нафасгир шуда ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дустум ин иттиҳомро рад мекунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷангсолороне чун генерал Дустум ҳанӯз ҳам дар ҳаёти сиёсӣ мақому мартаба ва дар тасмимгириҳои ҳукумати Афғонистон нақшу бориз доранд. Соли 2007 парлумони Афғонистон бо қабули қонуни вижа ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд, афв кард ва онҳоро аз дахлнопазирӣ бархурдор намуд. Дӯстум дар интихоботи ахири президентии Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карданд ва баъд аз пирӯзии ӯ, ба мақоми муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон расид.

XS
SM
MD
LG