Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Дӯстум Афғонистонро тарк кард


Ноиби раиси ҷумҳури Афғонистон генерал Абдулрашид Дустум

Муовини президенти Афғонистон генерал Абдулрашид Дӯстум ин кишварро тарк кардааст. Ёсин Ҳамош, мушовири муовини президенти Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Дӯстум барои табобат ба Туркия рафт.

Баъдтар Башид Пҳмад Таянҷ, ҷонибдори дигари муовини президент ва вакили порлумони Афғонистон аз ҳизби Ҷунбиш афзуд, ки Дӯстум фирор накардааст ва пас аз табобат ба ватан бермегардад. Дар бораи ҷузъиёти вазъи саломатии ӯ чизе гуфта намешавад.

Мақомоти Афғонистон соли 2016 дар асоси даъвои Аҳмад Ишчӣ, раиси пешини вилояти Ҷузҷони ин кишвар бар зидди Дӯстум тафтишот оғоз карданд. Дӯстум ба он айбдор мешуд, ки гӯиё зердастонаш бо дастури ӯ Ишчиро рабуда, латукӯб кардаанд ва озори ҷинсӣ додаанд.

Вале худи муовини президенти Афғонистон бозпурсӣ нашуд ва алайҳи ӯ низ ҳеч айбе эълон накарданд. Соли 2008 низ раҳбари узбактаборҳои Афғонистон дар ростои иттиҳоми ҳамсон қарор гирифт ва ба Туркия фирор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG