Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи Дилшод Назаров барои унвони қаҳрамони ҷаҳон


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 4-ум то 13-уми август дар Лондон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард. Дилшод Назаров дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам."

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Вебсайти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) хабар дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Мусобиқаи интихобии гурзандозӣ рӯзи 9-уми август дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Даври ниҳоӣ рӯзи 11-уми август барпо мегардад.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардид. Натиҷаи нишондодаи Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 78,68 метр мебошад.

Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри муқарраршударо иҷро карда, ба ҳаққи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мушарраф шавад.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Бо ин натиҷа ӯ алъон дар байни 112 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон дар таърихи ин риштаи олимпии варзиш дар мақоми 72-юм қарор дорад.

Натиҷаи беҳтарини Дилшод Назаров дар мавсими имсола 77,81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст. Умуман, бо ин натиҷа Дилшод Назаров дар байни зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон алъон дар мақоми 9-ум қарор дорад.

Ба ҳаштгонаи беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон инҳо дохиланд:

1. Павел Фаҷдек (Лаҳистон) – 83,44 метр
2. Войтсех Новитски (Лаҳистон) – 80,31 метр
3. Валерий Пронкин (Русия) – 78,90 метр
4. Бенсе Ҳалаж (Маҷористон) – 78,85
5. Павел Барешиа (Беларус) – 78,04 метр
6. Эсреф Апак (Туркия) – 78,04 м
7. Марсел Ломнитски (Словакия) – 77,92 метр
8. Қуентин Бигот (Фаронса) – 77,87 метр

Бояд тазаккур дод, баъди пирӯзии Андрей Абдувалиев, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дигар касе аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

Кристина Пронженко
Кристина Пронженко

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назарови 35-сола, даванда Кристина Пронженкои 28-сола намояндагӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа рақобат хоҳад кард. Нишондоди беҳтарини Кристина дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа 59,34 сония мебошад, ки ӯ ба ин натиҷа дар мусобиқаи байналмилалӣ 18-уми июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG