Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров пас аз қаҳрамонӣ соҳиби боз як писар шуд


Акс аз ҳафтаномаи "Вечёрка".
Акс аз ҳафтаномаи "Вечёрка".

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия соҳиби фарзанди севум шудааст. Фарзанди севуми ӯ чоруми декабр дар таваллудхонаи шумораи 2-и шаҳри Душанбе чашм ба дунё кушод.

Дилшод Назаров рӯзи 8 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба писари дувумаш Искандар ном гузоштааст. Писари калонии ӯ Далер 14-сола ва духтараш Амина 13-сола мебошанд. Вазни тифли навзод 3 килову 750 грамм ва қадаш 52 сантиметр мебошад ва кӯдак солим ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Дилшод Назаров, навзод ва модараш ҳоло баъди рухсат шудан аз бемористон, ба манзили зисташон оварда шудаанд.

Ҳамсари Дилшод Назаров - Нигина Назарова дар мактаби миёнаи рақами 9-и шаҳри Душанбе ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Модараш Зайтуна Назарова мураббии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук мебошад. Падараш Ҷамолиддин Назаров соли 1996 дар ҷангҳои дохилии Тоҷикистон дар Тавилдара ба ҳалокат расидааст.

Дилшод Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан дар толори варзишии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба мусобиқоти бузурги соли оянда, ки қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё мебошанд, омодагӣ мегирад.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода ва бо медали тилло сарфароз гашт. Зимнан, ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Солҳои 2015 ва 2016 бо Ордени Шараф дараҷаҳои II ва I сарфароз гаштааст. Вай борҳо беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

XS
SM
MD
LG