Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров қаҳрамони чоркаратаи Осиё шуд


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон ҷараён дорад, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.

Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии Осиё рӯзи 8-уми июл ёздаҳ нафар гурзандозони зӯртарини қора ширкат доштанд, ки онҳо намояндагони даҳ кишвар буданд: Ҷопон (ду кас), Бангладеш, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Чин ва Эрон.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа се сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Мақоми дувум ва медали нуқра бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр насиби Шизу Ванг (Чин) гардид. Медали биринҷӣ барои мақоми севум ба Ювунчул Ли (Кореяи Ҷанубӣ, 73,77 метр) супурда шуд.

Ёдовар мешавем, Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари қора эълон кард. Ӯ чор бор (солҳои 2009, 2013, 2015 ва 2017) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Порсол ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

Дилшод Назаров дар олимпиадаи соли гузашта соҳиби медали тилло шуд
Дилшод Назаров дар олимпиадаи соли гузашта соҳиби медали тилло шуд

Дилшод Назаров дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи асосии имсола барои ман қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-13 август дар Лондон баргузор мешавад. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам.”

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа се сол пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Бо ин натиҷа ӯ алъон дар байни 112 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон дар таърихи ин риштаи олимпии варзиш дар мақоми 72-юм қарор дорад.

Дар мусобиқаи XXII қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров, давандаҳо Даврон Атабоев (давидан ба масофаҳои 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (давидан ба масофаҳои 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пӯлодов, Азизҷон Абдуллоев (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр) - дохил буданд.

Аз байни онҳо натиҷаи нишондодаи Кристина Пронженко қобили қайд аст. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни занон бо натиҷаи 54,62 сония дар даври ниҳоӣ мақоми шашумро касб кард. Варзишгари Ҳиндустон Нирмла бо натиҷаи 52,01 сония мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бҳубанешвари Ҳиндустон варзишгарони 45 кишвар ширкат доранд. То ҳоло намояндагони 19 кишвар барандагони медалҳо гардидаанд. Варзишгарони 9 кишвар – Ҳиндустон, Чин, Эрон, Қазоқистон, Ветнам, Қирғизистон, Тайланд, Тоҷикистон ва Узбакистон бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳиндустон бо касби 6 медали тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Чин (4-4-3) дар ҷойи дувум ва Эрон (3 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи севум мебошанд. Тоҷикистон алъон бо як медали тилло ҳамроҳи Қирғизистон, Тайланд ва Узбакистон мақоми шашумро касб кардааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бҳубанешвари Ҳиндустон, ки рӯзи якшанбеи 9-уми июл ба анҷом расид, варзишгарони 45 кишвар ширкат доштанд. Намояндагони 22 кишвар барандагони медалҳо гардиданд. Варзишгарони 14 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҳиндустон бо касби 12 медали тилло, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Чин (8-7-5) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон (4-2-2) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон ва Узбакистон, ки ҳар кадом як медали тилло дорад, мақоми 13-умро азони худ карданд.

XS
SM
MD
LG