Пайвандҳои дастрасӣ

Замимаи телефонӣ шаш навъи СОVID-19-ро ошкор кардааст


Дар чанде аз кишварҳо замимаҳои телефоние ба кор андохтанд, ки беморон метавонанд, худро сабти ном кунанду ва дар пешгирӣ аз сироят саҳм гузоранд.

Донишмандони Бритониё бо таҳлили иттилооти як замимаи телефонӣ ва серистифодаи маълумот дар бораи COVID-19 шаш навъи ин бемориро ошкор кардаанд, ки бо дастаи аломатҳои хос аз ҳам фарқ мекунанд.

Гурӯҳе муҳаққиқони Коллеҷи Салтанатии Лондон дарёфтаанд, ки ин шаш навъи беморӣ аз назари вогирӣ, ё қудрати сироят низ тафовут доранд ва ҳамоне ки вогиртар аст, метавонад, бемори бистарӣ дар шифохонаро мӯҳтоҷи дастгоҳҳои нафасдиҳӣ кунад.

Дар сурати хуруҷи дубораи беморӣ ва пандемия, таҳқиқи мазкур метавонад, ба табибон имкон диҳад, маълум кунанд, ки ба ҷони кадоме беморони COVID-19 хатар таҳдид мекунад ва бояд дар шифохона бистарӣ карда шавад.

Клейр Стивс, табиб ва яке аз раҳбарони гуруҳи таҳқиқотӣ ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст: “Агар шумо маълум кунед, ки кадоме аз ин афрод осебпазиртар ҳастанд, онгоҳ фурсат дорад, пештар муолиҷаро оғоз кунед. Сатҳи оксиген ва қанд дар хунашро назорат кунед ва оби кофӣ дар баданашро нигаҳ доред.”

Бар иловаи сурфа, таб ва аз даст додани ҳисси бӯёӣ, ки се аломати аслии COVID-19 ҳастанд, маълумоти замимаи телефонӣ, ки мардуми зиёде аз он истифода мебаранд, аломатҳои дигар, аз ҷумла дарди сар, дарди мушакҳо, хастагӣ, шикамрав, саргиҷӣ, беиштиҳоӣ ва нафастангиро нишон додааст.

Фарқи аломатҳои беморӣ ҳам нишон додааст, ки аҳволи кадоме аз ин беморон чӣ гуна шудааст. Яке аломатҳои сабуки мисли зуком доштааст, дар бадани дигаре донаҳои сурх пайдо шудааст ва аҳволи дигаре фавқуллода бад шудааст ва дигаре ҳам фавтидааст.

Таҳқиқи мазкур, ки ҳоло донишмандони мустақил арзёбӣ накардаанд, рӯзи 16-уми июл дар Интернет нашр шуд ва дар он шаш навъи COVID-19 ва аломатҳояшонро чунин тасвир мекунанд:

  1. Шабеҳи зуком ва бидуни таб: дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, дарди мушакҳо,сурфа, дарди гӯлу, дарди қафаси сина, бе таб.
  2. Шабеҳи зуком ва бо таб: дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, сурфа, дарди гӯлу, кӯфтагӣ, таб, беиштиҳоӣ.
  3. Меъда ва рӯдаӣ: Дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, беиштиҳоӣ, исҳол ва ё шикамрав, дарди гулӯ, дарди қафаси сина, бе ҳеҷ сурфа.
  4. Бемории сахти дараҷаи як, хастагӣ: Дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, сурфа, таб, кӯфтагӣ, дарди қафаси сина, хастагӣ.5.Бемории сахти дараҷаи ду, саргиҷӣ: дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, беиштиҳоӣ, сурфа, таб, кӯфтагӣ, дарди гӯлу, дарди қафаси сина, хастагӣ, саргиҷӣ, дарди мушакҳо.
  5. Бемории сахти дараҷаи ду, саргиҷӣ: дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, беиштиҳоӣ, сурфа, таб, кӯфтагӣ, дарди гӯлу, дарди қафаси сина, хастагӣ, саргиҷӣ, дарди мушакҳо.​

  6. Бемории сахти дараҷаи се. Шикам ва роҳҳои нафас: Дарди сар, гум шудани ҳисси бӯёӣ, беиштиҳоӣ, сурфа, таб, кӯфтагӣ, дарди гӯлу, дарди қафаси сина, хастагӣ, саргиҷӣ, дарди мушакҳо, нафастангӣ, исҳол, дарди шикам.

Ба гуфтаи донишмандон, онҳое, ки ба навъҳои 4,5 ва 6 гирифтор шудаанд, ғолибан дар бемористон бистарӣ мешаванд ва ба дастгоҳҳои нафаскашӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт.

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG