Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 ду бор сироят мекунад, ё не? Суоле, ки посухи дақиқ надорад


То ҳол маълум нест, шахсе, ки аз дасти бемории COVID-19 раҳо шуд, дубора ба ин беморӣ гирифтор мешавад, ё не, вале таҳқиқот нишон додааст, подтанҳое, ки бадани инсон ба зидди коронавирус ҳосил мекунад, пойдор нестанд. Подтан сафедаест, ки дар бадани инсон ҳосил мешавад ва ҳаргуна мавҷуди бегона барои бадан мисли вирусро ошкору маҳв мекунад.

Як пажӯҳиши нав дар Чин нишон додааст, подтанҳое, ки дар бадани мубталоёни COVID-19 пайдо кардаанд, баъди ду ё се моҳи сирояти беморӣ фавқулода кам шудаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, натиҷаи таҳқиқ суолҳои зиёдеро дар бораи масуният ва эмин мондани инсон аз сирояти дубораи коронавирус ба миён овардааст.

Таҳқиқе, ки рӯзи 18-уми июн дар маҷаллаи “Nature Medicine” нашр шуд, далелҳои онҳоеро қавитар мекунад, ки мегӯянд, фосилагирии ҷисмонӣ ва дигар маҳдудиятҳо барои роҳ надодан ба густариши вирус дароз карда шавад. То ҳол посухи дақиқ ба ин суол вуҷуд надорад, ки дар воқеъ як мубталои COVID-19 дигарбора бемор мешавад, ё не. Суоли дигар ҳам ин аст, ки масунияти баданашон онҳоро аз коронавирус то чанд вақт эмин нигаҳ медорад.

Таҳқиқи нав дар Чин нишон додааст, ки додани “шиносномаи эминӣ” ба онҳое, ки подтанҳои мубориза бо бемориро доранд, барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ дар оянда хатарнок аст. Дар баъзе аз кишварҳо идеяи “шиносномаи эминӣ” – ро бардоштаанд ва гуфтаанд, ба одамоне, ки озмоиши тиббӣ мавҷудияти подтанҳои маҳвкунандаи вирусро дар баданашон нишон додааст, чунин шиноснома дода шавад. Бо шиносномаи мазкур, ингуна одамон ҳақ пайдо мекунанд, ба ҷойи корашон бираванд ва ба ҳатто сафар ҳам кунанд, чун гӯиё дар баробари вирус дигар осебпазир нестанд. Подтанҳо замоне ҳосил мешаванд, ки коронавирус ба инсон сироят карда бошад.

Баъди оғози пандемия, донишмандон мехостанд, бидонанд, ки оё бадани ҳамаи сироятшудагон, чӣ онҳое, ки аломатҳои бемориро доранд ва ё надоранд, подтан ҳосил мекунад, ё не. Онҳо ҳамчунин дар пайи маълум кардани он буданд, ки подтанҳои одамони шифоёфта чанд муддат дар бадани онҳо мемонад.

Донишмандони чинӣ дар пажӯҳиши худ дар маҷаллаи “Nature Medicine” навиштаанд: “Далелҳои афзоянда нишон медиҳад, гирифтороне, ки аломатҳои бемориро надоранд, паҳнкунандагони “сокит”-е, ҳастанд, ки зери назорат даровардани пандемияро мушкилтар кардаанд.” Айни замон ба эътирофи донишмандон, онҳо дуруст намедонанд, ки бадани мубталоёни бе аломати беморӣ чӣ гуна ба сирояти вирус вокуниш нишон медиҳад.

Ба навиштаи онҳо, маълумоти ҷамъоварда нишон додааст, “одамони бе аломати беморӣ, ба коронавирус вокуниши сусттаре нишон медодаанд ва кам шудани подтанҳои маҳвкунандаи вирус дар марҳилаи аввали беҳбудёбии онҳо” таҳқиқи амалкарди масунияти баданро мушкил месозад. Муҳаққиқон гуфтаанд, маълумоти ҷамъовардаи онҳо нишон медиҳад, додани “шиносномаи эминӣ” аз COVID-19 хатар дорад ва ин далелҳоро собит мекунад, ки идома додани маҳдудиятҳои лозим барои сиҳатии ҷомеа, аз ҷумла фосилагирии ҷисмонӣ, риояти беҳдошт, алоҳида нигаҳ доштани гуруҳҳои осебпазир ва озмоишҳои васеъ зарур аст. “

Айни замон таҳқиқи дуввуми донишмандон дар Амрико нишон додааст, ки ҳатто миқдори ками подтанҳо кофист, ки инсонро аз коронавирус муҳофизат кунанд. Таҳқиқи мазкур рӯзи 18-уми июн дар маҷаллаи мӯътабари “Nature” нашр шуд.
Анҷела Расмуссен, вирусшинос аз Донишгоҳи Колумбияи Амрико баъди арёзбии таҳқиқи мазкур ба рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” гуфтааст, ки “Зоҳиран миқдори ками подтанҳо низ қудрати маҳв карданро ҳам доштаанд.” Айни замон ӯ гуфтааст, бо ин миқдори кам маълум карда намешавад, ки оё “бемор аз сирояти дубора эмин мемонад, ё не.“

Таҳқиқи донишмандон дар Амрико маълум кардааст, мубталоёне, ки аломатҳои бемориро надоранд, баръакси онҳое, ки доранд, вирусро дар муддати дарозтар паҳн мекунанд. Анҷела Расмуссен гуфтааст, натиҷаҳои таҳқиқ ҷолибанд, чун нишон медиҳад, ки гирифторони бе аломатҳои беморӣ дар воқеъ қодир ба гузаронидани вирус ҳастанд.” Ҳанӯз ҳам ба гуфтаи донишмандони кори бештаре лозим аст, маълум кунанд, ки дигар одамоне, ки аз мубталоёни бе аломат сироят ёфтаанд, бемор мешаванд, ё не.

Акико Ивасаки, донишманди масуниятшинос аз Донишгоҳи Йел дар Амрико гуфтааст, таҳқиқоти изофӣ лозим аст, то ошкор намоянд, ки мубталоёни бе аломати беморӣ, худи вирусро паҳн мекунанд, ё боқимондаҳои вирусро, ки қудрати сирояташонро аз даст додаанд.

Акико Ивасаки гуфтааст, пажӯҳишҳои тоза “зарурати офаридани ваксинаҳои қавиро” нишон медиҳад ва мақомоти беҳдоштӣ бояд ин идеяро фаромӯш кунанд, ки “тӯдаҳо” худашон ба таври табиӣ бо гузашти вақт масуният пайдо мекунанд. Ӯ навиштааст: “Масунияте, ки ҳангоми сироят пайдо мешавад, дар бисёре аз одамон ба қадри кофӣ мустаҳкам ва дарозмуддат нест.” Барои ҳамин ба гуфтаи ӯ, набояд ба он такя кард, ки бо сирояти табии вирус ба мардум онҳо масуният пайдо мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG