Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суолҳои беҷавоб дар бораи COVID-19. Мардум чиро намедонанд? ВИДЕО


Суолҳои беҷавоб дар бораи COVID-19
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Наворро дар инҷо бинед

COVID-19 бемории роҳҳои нафас аст, ё рагҳо? Чаро бисёре аз кӯдакон бемор намешаванд, вале агар шуданд, бемории сахт мегиранд? Оё барои беморон пайомадҳои дарозмуддат дорад? Инҳо фақат чанде аз суолҳои зиёде дар бораи бемории асроромез аст, ки посух ба онҳо ҳанӯз вуҷуд надорад.

Мақомоти Вуҳани Чин бори аввал моҳи декабри соли 2019 аз хуруҷи бемории ғайриодӣ хабар доданд. Аз ҳамон вақт таҳқиқи мӯшикофонаи коронавируси нав оғоз ёфт, вале суолҳои зиёде бепосух мондаанд.

COVID-19 ба инсон чӣ гуна асар мекунад?

Аввалан мисли бемории зуком буд. Баъдан табибон нишонаҳои таъсири вирус ба мағз, дил, гурда, аъзои ҳозимаро ҳам диданд. Хуни баъзе беморон лахт ҳам мебандад, ки мумкин ба сактаи дил ва ё мағз бирасонад.

Ҷей Мокко, ҷарроҳ ва профессор аз Бемористони Синаи мегӯяд, "мо мавридҳои зиёди сактаи мағзӣ ва лахти хун дар хунобаҳоро мебинем. Хуни лахтбаста дар ҳамаҷо ҳаст, лахти зиёдеро дар рагҳои пой мебинем. Мо ҳанӯз ҳам дар бораи COVID-19 чизи бисёреро меомӯзем. То ҳоло ҳама чизро наомӯхтем. Мо беморони ҷавонеро дар бемористон дидем, ки сактаи мағзӣ аввалин аломати бемории COVID-19 дар онҳо будааст."

Баъзе аз беморон мубталои омоси мағз ҳам мешаванд. Маълум нест, ки таъсири гардиши хун аст, ки аломатҳои дигарро зоҳир мекунад, ё вирус ба аъзои гуногун мустақим осеб мерасонад.

Чаро COVID-19 ба кӯдакон дигаргуна асар мекунад?

Дар маҷмуъ беморӣ ба кӯдакон назар ба калонсолон камтар сироят мекунад.

Сумя Сваминатан, пажӯҳишгари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, "аз ончӣ ки мо то ҳол медонем, ба назар мерасад, кӯдакон вирусро камтар паҳн мекунанд ва дар сурати сирояти вирус ҳам бисёр кам бемор мешаванд."

Аммо мавридҳои бемории ҷиддии кӯдакон ҳам дида шудааст, ки табибон онро Синдроми илтиҳоби чандҷонибаи вобаста ба COVID-19 номидаанд.

Стивен Керние, табиби кӯдакон мегӯяд: "Ончӣ ки мо синдроми илтиҳоб меномем, чунин аломатҳо дорад: таби баланд, сурхии пӯст, аксаран бо дарди шикам, қай, коҳилӣ ва монанди инҳост. Сабаби омадани онҳо ба шӯъбаи эҳёгарӣ шок ҳам мебошад."

Ин синдром нодир аст ва иртиботаш бо COVID-19 дуруст дарк нашудааст. Як фарзия ин аст, ки бадани кӯдакон ба коронавирус вокуниши беш аз ҳад нишон медиҳад.

Коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад?

Ҳоло ҳам маълум нест, ки вирус аз зарраҳои қатраҳои оби атсаву сур(л)фа сироят мекунад ва ё зарраҳои хурде, ки аз нафасу сӯҳбат берун меоянд.

Далелҳои нав нишон медиҳанд, дастаҳои афроде ҳастанд, ки вирусро зиёд паҳн мекунанд. Таҳқиқе маълум кардааст, ки фақат 20 дар сади беморон сабаби сирояти вирус ба 80 дар сади мубталоёни нав будаанд. Аммо маълум нест, ки худи ин беморон бисёр вогир будаанд, ё ҷойи муайяни кор, муошират сабаб будаанд.

Оё шифоёфтагон дарозмуддат ранҷ мекашанд?

Азбаски COVID-19 бемории нав аст, пайомадҳои дарозмуддати он маълум нест. Баъзе беморон баъди муолиҷа ҳам чанд ҳафта хастагӣ ва нафастангӣ доштаанд.

Ҷей Варки, табиби бемориҳои сироятӣ аз Донишгоҳи Эмори мегӯяд, "дар натиҷаи пандемияи COVID-19 мо гуруҳи зиёди шифоёфтагонро дорем, ки оризаҳои гуногунро доранд, аз мушкилот дар роҳҳои нафас, то ба шуш ва масоили равонии муолиҷа аз бемории сахт. Дарсади аниқи онҳое, ки ин мушкилотро доранд ва давомнокии бемориашон норӯшан аст. Вале умедворем, мо инро беҳтар дарк ва тасвир мекунем."

Таъсири дастгоҳи нафасдиҳӣ ба бемор як хатари дигар аст. Шуш ва гурдаҳои онҳо осеб мебинад.

Оё инсон аз COVID-19 масуният пайдо мекунанд?

Бадани инсон подтанҳое ҳосил мекунад, ки бо коронавирус мубориза мебарад. Аммо касе намедонад, подтанҳо чӣ қадар мемонанд ва чӣ ҳад аз сирояти такрорӣ муҳофизат мекунанд. Ҳоло зуд аст, ки бигӯем, онҳое, ки шифо ёфтаанд, метавонанд, дигар масофаи заруриро бо дигаронро риоят накунанд.

Пол Ҳантер, профессори улуми тиб аз Донишгоҳи Инглистони Шарқӣ гуфт: "Албатта, маълум аст, ки шумо ҳамеша масуният дошта наметавонед. Масунияти имрӯза, ки озмоиш нишон дод, замонат намедиҳад, шумо то се, чаҳор ё панҷ соли дигар аз беморӣ эмин ҳастед."

Давомнокии масуният ҳам маълум мекунад, ки ваксина чанд сол таъсири лозимиро хоҳад дошт. Мисли дигар ҷанбаҳои COVID-19 вақту таҳқиқи зиёде зарур аст, то посухҳои қатъӣ ба суолҳо ёфта шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG