Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19. Дар бораи хатари паҳншавии вируси нав чиро бояд донист?


Таб ё ҳарорати занеро месанҷанд. Арманистон, 16-уми марти 2020
Таб ё ҳарорати занеро месанҷанд. Арманистон, 16-уми марти 2020

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ чанд овоза ва росту дурӯғи муҳим дар бораи хусусиятҳои коронавирус ва чораҳои аслии пешгирӣ аз онро шарҳ додааст, ки донистанашон барои ҳар инсон зарур аст:

  • Вируси нав метавонад дар минтақаҳои гарму иқлимаш намнок ҳам паҳн шавад

Бино ба далелҳое, ки то ҳол ба даст омадааст, КОВИД-19 метавонад дар тамоми минтақаҳо, аз ҷумла дар иқлими гарму намнок ҳам паҳн шавад. Дар ҳама шароите, ки ҳастед ё агар ба минтақаи хуруҷи коронавирус сафар мекунед, чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси навро риоя кунед. Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз олудашавӣ ба вирус пайваста шустани даст бо собун аст. Ин амал аз роҳ ёфтани вирус тавассути даст ба чашму даҳон ва бинии инсонро пешгирӣ мекунад.

  • Ҳавои сард ва барф коронавирусро намекушад

Ҳавои сарду барфӣ вируси нав ё дигар бемориҳоро намекушад. Ҳарорати маъмулии бадани инсон, новобаста ба ҳарорати кӯча, ҳамеша 36.5 - 37 дараҷаи Селтсия аст. Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз олудашавӣ ба вирус ин бо маводи зиддисироятӣ ё бо собун шустани даст мебошад.

  • Шустушӯи бадан зери оби гарм пеши роҳи коронавирусро намегирад

Ҳаммом бо оби гарм пеши роҳи сирояти КОВИД-19-ро намегирад. Баръакс, оббозӣ зери оби гарм ба хотири ин ки метавонад баданро сӯзонад, хатарнок аст. Роҳи асосии пешгирӣ аз олудашавӣ ба вирус пурра ва пайваста шустани даст бо собун мебошад. ​

  • Вируси нав ба инсон тавассути ҳашарот намегузарад

То ин лаҳзаҳо далели аз ҳашарот ба инсон гузаштани коронавирус ҷой надоштааст. COVID-19 вируси роҳҳои нафас аст. Ҳангоми сулфа ё атсаи шахси гирифтори вирус қатраҳои вирусдор аз даҳону бинӣ ба дигарон мерасанд ва метавонанд онҳоро бемор кунанд. Талош кунед, аз наздикӣ ва муошират бо шахси олудашуда дурӣ ҷӯед ва ҳамеша дастатонро бишӯед, то ки эҳтимоли ба воситаи чашму даҳону бинӣ ба бадан роҳ ёфтани вирус аз байн равад.

Тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ
Тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ

  • Оё дастгоҳҳои хушккунии даст вируси навро нобуд мекунанд?

На. Дастгоҳҳои хушккунии даст бар зидди коронавирус беасар ҳастанд. Барои ҳифзи саломатӣ дар муқобили коронавирус ҳамеша дасти худро бо собун ё васоили зиддисироятӣ бишӯед. Вақте дастатон тоза шуд, бо коғази хушк ва ё дастгоҳ хушк кунед.

  • Оё чароғи ултрабунафш вируси навро мекушад?

Барои безараркунии даст ё дигар ҷойҳои пӯсти бадан аз чароғҳои ултрабунафш истифода накунед. Нури радиатсияи чароғҳои ултрабунафш пӯстро нороҳат ва бемор мекунад.

  • Оё дастгоҳ ё сканерҳои ҳароратсанҷ коронавирусро дар бадани инсон ошкор мекунанд?

Дастгоҳ ё сканерҳои ҳароратсанҷ дар ошкоркунии шахсоне ёрӣ мекунанд, ки таб, яъне таби баланд доранд ва он бо сабаби вуҷуди вирус дар бадани инсон пайдо мешавад. Вале агар инсон ҳанӯз таб надошта бошад, ин дастгоҳҳо бемор будани шахсро муайян намекунанд. Фурсати гирифтор шудани ҷисми инсон ба вирус ва пайдо шудани таби баланд дар бадан аз 2 то 10 шабонарӯз вақт талаб мекунад.

  • Оё ба бадан рехтани спирт ё хлор вирусро нобуд мекунад?

На. Агар вирус аллакай ба ҷисми инсон сироят карда бошад, пошидани спирт ва ё хлор кумак намекунад. Пошидани ин мавод ба сарулибос ва ҳам чашму даҳон зарар дорад. Ин мавод барои безараркунӣ ё дезинфексияи рӯи мизу фарш ва дигар макони зоҳирӣ истифода мешавад, вале ба ҳеч сурат бе машварати мутахассисон аз ин мавод истифода накунед.​

  • То куҷо ваксинаи зидди илтиҳоби шуш ё пневмания инсонро аз олудашавӣ ба вируси нав нигоҳ медорад?

Ваксинаҳои зидди пневмания инсонро аз хатари олудашавӣ ба КОВИД-19 ҳимоят намекунанд. Ин вируси нав аст, аз ин рӯ, барои муқобила бо он ваксинаи махсуси зидди КОВИД-19 зарур аст. Муҳаққиқон бо ёрии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба таҳияи ваксинаи нав шуруъ кардаанд.

  • Оё шустани бинӣ бо намакоб пеши роҳи олудагӣ ба вируси навро мегирад?

На, чунин далеле вуҷуд надорад, ки пайваста бо намакоб шустани бинӣ пеши роҳи олудагӣ ба вирусро мегирад. Шаҳодати кам ва ҷудогона вуҷуд дорад, ки воқеан ҳам шустани бинӣ бо намакоб метавонад инсонро аз сармохӯрдагии маъмулӣ раҳо кунад. Вале шустушӯи доимии бинӣ пеши роҳи сироятҳои роҳҳои нафасро намегирад.

  • Оё истеъмоли чеснок ё сир пеши роҳи олудагӣ ба коронавирусро гирифта метавонад?

Сир (чеснок) хусусиятҳои зиддимикробӣ дорад, вале то ҳол шаҳодати он вуҷуд надорад, ки дар пайи истеъмоли сир инсонҳо ба коронавирус олуда нашуданд.

  • Оё вируси нав танҳо ба пиронсолон таъсир дорад ё ба ҷавонҳо ҳам мегузарад?

Дар баробари коронавируси навъи КОВИД-19 одамони синну соли гуногун осебпазир ҳастанд. Одамоне, ки астма, диабет ва бемории қалб доранд, хатари олудашавиашон ба вируси нав ҳаст ва бемории онҳо сахту сангин мегузарад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба одамони синну соли гуногун машварат медиҳад, ки чораҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирусро биандешанд: пайваста дасти худро бишӯянд ва ба тозагии роҳҳои нафас риоя кунанд.

  • Оё барои муолиҷаи коронавирус антибиотикҳо ёрӣ мекунанд?

На, антибиотикҳо ба зидди вирусҳо кор намеоянд. Вале, бо ин вуҷуд, агар шуморо бо сабаби гирифторӣ ба коронавирус ба бемористон интиқол доданд, дар сурати дар бадани шумо ташхис шудани уфунати бактериологӣ ба шумо антибиотик дода метавонанд.

  • Оё кадом давои вижа барои пешгирӣ ё муолиҷаи коронавирус вуҷуд дорад?

То имрӯз ҳеч машварати хоси тиббӣ дар заминаи пешгирӣ ё табобати коронавируси навъи КОВИД-19 вуҷуд надорад, вале афроди олудашуда бояд барои раҳоӣ аз нишонаҳои беморӣ ҳамаҷониба муолиҷа ва бо тамоми ёрии зарурӣ фаро гирифта шаванд. Озмоишҳо ба хотири пайдо кардани ваксинаи зидди ин беморӣ идома доранд.​

XS
SM
MD
LG