Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро нархи маводи ғизоӣ боло рафт? Посухи Хадамот ба КДАМ. ВИДЕО


Яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) хостааст, ки сабабу омилҳои боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишварро муайян кунад. Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 10-уми январ дар гузориши тозаи худ гуфт, ин дархости Кумитаи давлатии амнияти миллиро моҳи апрели соли 2017 дастрас карда буд.

Нархҳо: Рӯ ба боло

Бозор хеле хуб аст, растаҳояш батартиб, тозаву озода. Аммо нархи маҳсулоти хӯрокворӣ каме гарон шудааст. Масалан, нархи як кило чакка тақрибан ду моҳ пеш 10 сомонӣ буд, ҳоло 12 сомонӣ шудааст.

Замоне ки номаи КДАМ ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ирсол шуд, аз рӯи арзёбиҳои Бонки миллӣ, арзиши сабзавот дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2016 - 57 %, хӯроки ошхонаҳо тахминан 18 %, шакар – 13 %, тухм – 12 % ва гӯшти гов – 8 % афзоиш ёфта буд. То охири соли 2017 ин нишондодҳо тағйир ёфт ва арзиши бархе анвои маҳсулот кам шуда, бархеи дигар боз ҳам баландтар шуд.

Ба масъалаи гароншавии нархи хӯрокворӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардани Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Зоҳиран ин кумитаро болоравии нархи маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия ба ташвиш овардааст, ки дар сурати идома ёфтан метавонад норизоиятии иҷтимоиро ба бор орад.

"Тағйирот дар нархи маҳсулоти ғизоӣ як омили табиӣ буд"

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тафтишоти онҳо мавридҳои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти ғизоиро ошкор накард. Як масъули ин хадамот дар сӯҳбати телефонӣ ва ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, тағйирот дар нархи маҳсулоти ғизоӣ “як омили табиӣ” буд ва санҷиши онҳо ба ин хулоса омад, ки болоравии нархҳо мувофиқ ба таҳаввулот дар бозор сурат гирифтааст.

Болоравии нархи бархе аз маҳсулот, аз ҷумла картошка ба қатъ шудани воридоти ин навъи сабзавот аз Покистон рабт мегирад, ки бинобар ноамн шудани вазъият дар Афғонистон убуру мурури мошинҳои боркашон қатъ шуд. Аммо дар Тоҷикистон дар як соли ахир, воқеан ҳам, раванди болоравии нархи аксар маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ ва гӯшт мушоҳида мешавад. Айни замон болоравии нархҳоро ҳар хонавода аз рӯи хароҷоти буҷаи оилавии худ ҳисобу китоб мекунанд.

"Шароити бозор хуб аст, аммо..."

Умар Шоҳимардонов, як сокини шаҳри Душанбе, ки пас аз хариди маводи хӯрокворӣ аз бозори навсохти “Меҳргон” берун мешуд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳамчун фарди маошхӯр болоравии нархҳоро хуб эҳсос мекунад. Вай гуфт, “бозор хеле хуб аст, растаҳояш батартиб, тозаву озода. Аммо нархи маҳсулоти хӯрокворӣ каме гарон шудааст. Масалан, нархи як кило чакка (як-ду моҳ пеш) 10 сомонӣ буд, ҳоло 12 сомонӣ шудааст. Мева ҳам гаронтар аст. Лекин ман мефаҳмам, ки зимистон аст, баъзе маҳсулот камчин мешавад, нигоҳдории меваҳо маблағ ва заҳмат металабад ва эҳтимол аз ҳамин ҳисоб нархи маҳсулот то ҳадде гарон шудааст”.

Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии беш аз 8 миллиону 735 ҳазорнафараи Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд. Иқтисодшиносон мегӯянд, ин қишри ҷомеа 70 дарсади даромадашонро барои хариди хӯрокворӣ сарф мекунад. Болоравии андаки нархи ғизо ҳам дар тавони харидории ин қишри ҷомеа хеле таъсир мегузорад.

Созмони ҷаҳонии озуқа дар тадқиқоти ахири хеш мегӯяд, 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон ё ҳар нафари панҷум аз амнияти ғизоӣ бархӯрдор нест ва ё ба ибораи дигар ҳамеша қудрати хариди ғизои кофӣ барои худ ва аҳли оилаи хешро надоранд.

Созмони ҷаҳонии озуқа: Нарх баланд аст

Як мақоми баландпоя дар дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон гарон аст.

Ӯ дар шарҳи сабаби ин вазъият гуфт, “деҳқонони тоҷик бо технологияҳои примитив ба кишоварзӣ машғул мешаванд, таҷҳизот, нуриҳои минералии хушсифат надоранд. Аз ин рӯ, мизони ҳосил хеле паст аст ва нархи истеҳсолро гарон мекунад. Аз сӯи дигар, қисмати зиёди ҳосил - то 30 дарсади он - бинобар набуди шароити нигаҳдорӣ, ба мисли яхдону сардхонаҳо талаф мешавад. Дар натиҷа, арзиши ниҳоии маводи ғизо то расидан ба растаҳо хеле гарон мешавад”.

Созмони ҷаҳонии озуқа мегӯяд, ҳарчанд аз чаҳор тоҷик се нафарашон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бисёре аз мардон муҳоҷиратро назар ба кор дар соҳаи кишоварзӣ бартар медонанд. Бо вуҷуди сангинии кору зист дар Русия, ҳосили кор дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ба маротиб камтар аст. Бонки марказии Русия гуфт, дар 9 моҳи соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 663 доллар интиқол ёфтааст ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 231 миллион доллар бештар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG