Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури шаҳрдорӣ ҳам ба нархҳо таъсир накард? ВИДЕО


Бо вуҷуди эълони тадобири сахтгиронаи шаҳрдорӣ дар мавриди танзими нархҳои маводи мавриди ниёз дар моҳи Рамазон баҳои маводи ғизоию маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳамчунон баланд боқӣ мондааст.

Телевизион дурӯғ мегӯяд, нарху наво арзон нашудааст. Ҳама чиз қимат аст. Помидор 7 сомонӣ, картошка 5 сомонӣ. Фақат ду кило картошка гирифтам.

Муштариёни бозори Шоҳмансури пойтахт мегӯянд, ки қимати маҳсулоти зарурӣ, назири гӯшт, картошка, мева, сабзӣ ва қаланфури булғор поин нарафтааст. Масъулони ин бозор далели ин вазъро ба кам шудани вуруди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, картошка ва қаланфури булғорӣ ба бозор арзёбӣ карданд.

Муштариён: Телевизион дурӯғ мегӯяд, нарх нафаромадааст

Хонуми тахминан 55-60-сола, ки дар пакети салафанӣ ду кило картошка дошт, баробари дидани хабарнигорони Радиои Озодӣ бо садои баланд аз нархи гарони маҳсулот шикоят кард. “Телевизион дурӯғ мегӯяд, нарху наво арзон нашудааст. Ҳама чиз қимат аст. Помидор 7 сомонӣ, картошка 5 сомонӣ. Фақат ду кило картошка гирифтам”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ

Бозори Шоҳмансур
Бозори Шоҳмансур

Шоҳмансур аз бозорҳои бузурги шаҳри Душанбе маҳсуб шуда ва умдатан нархи маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар пойтахт бо назардошти ин бозор эълон мекунанд. Харидорон аз баланд будани маҳсулоти зарурии рӯзгор, назири картошка, гӯшт ва сабзӣ шикоят доштанд.

Ҳусейн Ёрматов, сокини бузургсоли Душанбе гуфт: “Бозор қимат. Дар моҳи Рамазон як дона нонро дуюним сомонӣ мехарем. Килои помидор аз 5 то 6 сомонӣ. Ҳоло фасли гармо асту нархи помидор бояд 1-2 сомонӣ ва бодиринг 50 дирам бошад. Дар ин бозор деҳқон нею савдогарон маҳсулот мефурӯшанд”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дастури шаҳрдорӣ ҳам ба нархҳо таъсир накард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Дар ҳамин ҳол, масъулони бозори Шоҳмансур ба ташкили намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ишора карданд, қимати маҳсулот нисбат ба бозор арзонтар аст. Вале як зани муштарӣ гуфт, ки сифати маҳсулоти намоишгоҳ паст аст.

“Картошкаи майдаро 2,5 сомонӣ нарх кардаанд, ки бепул диҳанд ҳам намегирам. Дар дохили бозор нархи картошка 4,5 -5 сомонӣ аст. Нархи як кило гӯшт то 40 сомонӣ аст. Мо гӯштро ба чашми сар намебинем. Ақаллан 30 сомонӣ мекарданд, ки харида хӯрок мекардем” шикоят кард, ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Зимнан, шаҳрдории Душанбе раисони чаҳор ноҳияи пойтахтро муввазаф кард, дар моҳи Рамазон нархи 20 маҳсулоти ниёзи аввалро танзим карда, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе маъракаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил кунанд. Бино ба қароре, ки рӯзи 19-уми май аз сӯи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имзо шуд, тоҷирони маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон аз пардохти маблағи якдафъаина озод хоҳанд гардид.

Дар қарори шаҳрдорӣ омадааст: “Бо ҳадафи рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот” аз раҳбарони бозорҳо даъват шудааст, ки дар моҳи Рамазон “бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза хариду ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро ба роҳ монанд”.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ нархи бозорро поин накардааст

Бозори Деҳқон
Бозори Деҳқон

Бештари мусоҳибони Радиои Озодӣ дар бозори Шоҳмансур гуфтанд, ки аз вуҷуди намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ хабар надоранд. Саймурод Ашӯров, фурӯшандаи танҳо нуқтаи фурӯши маҳсулот ё ба истилоҳ “виставка” аст, ки дар даромадгоҳи бозори Шоҳмансур савдо мекард.

“Дар ин бозор танҳо мо арзонфурӯшем. Як кило картошкаро сеюним сомонӣ мефурӯшем. Ин маҳсулоти хоҷагии “Саиди Ҳалим”-и ноҳияи Рӯдакӣ аст. То охири моҳи шарифи Рамазон дар ин ҷо савдо мекунем. Имрӯз дар бозор танҳо мо савдо мекунем” - гуфт, Саидмурод Ашӯров.

Дар мошини боркаши ин нуқтаи арзони савдо ҳудуди яку ним халта картошка ва чанд халтаи дигар пиёз мавҷуд буду муштариён асосан картошка харидорӣ мекарданд. Дар нимаи дуюми рӯзи 29 май дар қисматҳои дигари бозори Шоҳмансур намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба чашм намехӯрд.

Машраб Қараев, муовини раиси бозори Шоҳмансур ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе кармандони бозор барои танзими нархҳои 20 намуди маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳи Рамазон талош мекунанд.

“Ба ин хотир намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кардем, ки нархи маҳсулот аз қимати бозор арзонтар аст. Дар қарор ишаҳрдорӣ ба бозори мо ноҳияҳои Рӯдакию Ҳисор вобаста карда шудаанд. Соҳибкорони ин ноҳияҳо маҳсулоти гӯшт, картошка ва пиёз ворид мекунанд. Рӯзҳои 26-27 май маъмурияти бозор нархи картошкаро 3 сомонию 20 дирам ба муштариён пешниҳод кард.Вале дар рӯзҳои ахир дар бозорҳои яклухт воридоти картошка камтар шуда ва аз ин сабаб нархи он дар бозор каме баланд шудааст. Нархи қаланфури булғорӣ низ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд гардидааст” мегӯяд ӯ.

Вақти номуносиб барои харид

Муштариён мегӯянд, ки намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ умдатан субҳ баргузор шуда ва бештари сокинон, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, имкони харидории маҳсулот дар ин намоишро надоранд.

Аз сӯи дигар, онҳо нархномаҳои бозори Шоҳмансурро назарфиребӣ хонданд, бо қиматҳои эълоншуда харидории маҳсулоти хушсифат душвор аст. Масалан, дар дӯконҳо нархи 1 кило гӯшти гов 36 сомонӣ таъйин шуда, аммо сифати онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Муштариён мегӯянд, ки ба ивази 40 сомонӣ имкони харидории гӯшти хуб вуҷуд дорад.

Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нарх дар бозорҳои пойтахт ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар боло рафта, то поёни Иди Фитр идома мекунад. Дар соли ҷорӣ бо қарори шаҳрдории Душанбе барои назорати нархҳо дар бозорҳои пойтахт гурӯҳҳои вижа таъсис шудаанд.

Ҳамчунин, дар гӯшаҳои мухталифи пойтахт дар рӯзҳои шанбею якшанбе намоишу фурӯши гӯшт ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд. Аммо мушоҳидаҳо дар бозорҳои Душанбе нишон медиҳад, ки ин гуна чораю тадбирҳо барои поин бурдани қимати маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ чандон муассир набудааст.

XS
SM
MD
LG