Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ: "Нархҳо дар моҳи Рамазон боло нахоҳанд рафт". ВИДЕО


Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, барои роҳ надодан ба афзоиши нархи ғизо дар моҳи Рамазон, назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад. Дар як мулоқоти рӯзноманигорон ва масъулини шаҳрдорӣ рӯзи 25 май раҳбарони бозорҳои пойтахт ваъда доданд, ки дар мавсими рӯзагирии мардум, нархи маҳсулот боло намеравад. Тоҷирон мегӯянд, ки талоши ҳамешагии бо зӯр нигоҳ доштани нархҳои бозор, натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад.

Шаҳрдорӣ: Барои баланд кардани нархҳо ягон асос вуҷуд надорад

Масъулини шаҳрдории Душанбе рӯзи 25-уми май дар як мулоқот бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки мехоҳанд бо ташкили назорати ҷамъиятӣ аз беасос баланд шудани нархи маҳсулотдар моҳи Рамазон, ҷилавгарӣ кунанд. Ба таъкиди масъулин, барои баланд кардани нарх дар моҳи Рамазон ягон асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад, чун маҳсулот фаровон аст.

Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, барои роҳ надодан ба афзоиши нархи ғизо дар моҳи Рамазон назорати ҷамъиятиро ба роҳ мемонад.

Вохӯрии масъулини шаҳрдорӣ бо рӯзноманигорон дар ҳоле баргузор шуд, ки шаби 24 ба 25 май нархи картошка -- яке аз маҳсулотҳои мавриди ниёзи аввалия, дар бозорҳои яклухтфурӯшии пойтахт якбора 25 фоиз баланд шуд. Масъулини шаҳрдорӣ гуфтанд, ки қазия дар ҳоли омӯзиш аст ва феълан онҳо низ сабабҳои якбора қиммат шудани нархи картошкаро намедонанд.

Масъулини бозорҳои пойтахт дар ҳузури масъулини шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки имсол нархи маҳсулотҳои мавриди ниёзи аввалия дар моҳи Рамазон қимат нахоҳад шуд. Мастон Шарипов, муовини директори бозори “Деҳқон” мегӯяд, ба хотири нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон, ҳамарӯза онҳо то 60 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунанд.

Ҷаноби Шарипов гуфт, “имсол мо аз истеҳсолкунандаҳо бе миёнарав маҳсулот харидорӣ намудем. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои бозор чорво харида фарбеҳ кардем, то дар моҳи Рамазон нархи гӯштро дар сатҳи муътадил нигоҳ дорем. Ҳаракат дорем дар моҳи шарифи Рамазон нархҳоро аз 10 то 15 фоиз арзон кунем. Ба тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият додем, ки омада дар бозор маҳсулоти худро фурӯшанд. Ҳамчунин дар моҳи Рамазон фурӯшандагони 12 намуди маҳсулоти мавриди ниёзи аввалияро аз пардохти хароҷоти коммуналӣ озод кардем.”

“Зӯрӣ роҳи ҳал нест, маҳсулотро бояд зиёд кунанд”

Баланд шудани нархҳо дар моҳи Рамазон ҳамасола ба мушоҳида мерасад. Шаҳрдори собиқ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам аз роҳи насби камераҳои назоратӣ дар бозорҳо, танбеҳу барканории роҳбарони бозорҳо ва дигар тадбирҳои маъмурӣ, талош мекард аз баланд шудани нархҳо дар моҳи Рамазон ҷилавгирӣ кунад.

Дар даврони Убайдуллоев барои фурӯшандагони маводи ғизоӣ нархномаи ягона ҷорӣ шуда буд, ки фурӯшанда ҳақ надошт аз нархи таъиншуда дар ин санад, маҳсулоташро қиматтар фурӯшанд. Вале боз ҳам ба ҳангоми фурӯши маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, дар дӯконҳои зиёд нархи расмӣ ва ғайрирасмии фурӯши ин маҳсулот вуҷуд дошт.

Он замон ҳам шаҳрдорӣ ва раҳбарони бозорҳо дар Душанбе баланд шудани нархҳо дар моҳи Рамазонро як спекулятсия ва ё василаи маснӯии афзоиши нарх дар остонаи моҳи хоси мусалмонӣ меномиданд. Дар моҳи Рамазон, ки сокинони зиёди мусалмони Тоҷикистон рӯзона аз истеъмоли ғизо даст мекашанд, маъмулан шомгоҳон вақти рӯзакушоӣ дастурхони пурнозу неъмат ороста меҳмон ҳам даъват мекунанд.

Айни замон, тоҷирону фурӯшандагони молу маҳсулот дар бозорҳо аз камбуди маҳсулот шикоят мекунанд ва мегӯянд, ҳамин далел боиси болоравии қиматҳо мешавад. Онҳо мегӯянд, масъулини бозорҳо бояд бар ивази нигоҳ доштани нарх аз роҳи таъкиду муҷозоти маъмурӣ бояд талош кунанд, ки бозорҳоро аз маҳсулот пур кунанд. Дар сурати фароҳам омадани шароити рақоба,т арзиши маҳсулот поин меравад.

, як деҳқон ва фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ мегӯяд, дахолати аз ҳад зиёди масъулини бозор баъзе савдогаронро водор кард маҳсулоташонро бо зарар фурӯшанд.

Шаҳрдорӣ: "Нархҳо дар моҳи Рамазон боло нахоҳанд рафт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, “тухмӣ ва нуриҳои минералӣ бо доллар меояд ва имсол нархи ҳамаашон қимат шуд. Боз то овардани маҳсулот ба бозор, мо хароҷоти зиёд мекунем. Аммо масъулини бозорҳо намегузоранд, ки маҳсулотро қиматтар фурӯшем. Соли гузашта ман як мошин сабзӣ овардам. Дар “Афғонбозор” гуфтанд, ки аз нархи гуфтаи мо қиматтар нафурӯш. Аз ин ҳисоб ман фоида нагирифтам ва соли гузашта як қисми замини сабзиро вайрон кардам. Соли гузашта маҷбур карданд, ки арзон кунед ва дар охир маҳсулот ҳатто хароҷоти худашро напӯшонд.”

“Назорати зиёд савдогаронро аз бозор гурезонд”

Харидорони маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия низ аз нархҳо дар арафаи моҳи Рамазон розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, раванди баланд шудани нархи маҳсулотҳо се моҳ ба ин тараф идома дорад ва масъулин бояд дар ин самт чораандешӣ намоянд. Мирзоалӣ Сангинов, як сокини шаҳри Душанбе аз мушоҳидаҳои худ мегӯяд, назорати зиёди масъулин фурӯшандаҳоро аз бозор гурезонд.

Мирзоалӣ Сангинов ба растаи фурӯшандаҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ ишора карда мегӯяд, “бинед, ки картошкафурӯшҳо бо картошкаҳояшон гум шудаанд. Набошад растаи картошкафурӯшҳо ҳеҷ гоҳ холӣ набуд. Нархҳо низ баланд ҳастанд. Нисбат ба соли гузашта нархҳо қариб 50 дарсад баланд мебошанд. Се моҳ зиёд шуд, ки нархи картошкаву пиёз қариб аз 3 ба 7 сомонӣ расид.”

Коршиносон мегӯянд, назорат аз бозорҳо ба хотири нигоҳ доштани нарх бо роҳи зӯрӣ роҳи нодуруст аст ва бозор аз рӯи қонунҳои худаш кор мекунад. Ба болоравии нархҳо афзоиши батадриҷи доллари амрикоӣ ҳам таъсиргузор шудааст, ки маъмулан бо назардошти он арзиши сӯзишворӣ ва интиқоли мол то бозор, харидории тухмӣ барои парвариши маҳсулот ва хароҷоти дигар ҳам тағйир ва дар нархҳои маҳсулот, инъикос мешавад.

XS
SM
MD
LG