Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи Давлатмоҳ меларзад. Дар он сӯи марз чӣ мегузарад? ВИДЕО


Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Садои тирпарронӣ ва задухӯрдҳои ахири Афғонистонро сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд. Аксар сокинони деҳоти наздимарзӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ фаҳмиданд, ки дар он сӯи марз нерӯҳои афғон бо кумаки нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.

Муҳим ин аст, ки амниятро ба маҳалли зисти мо баргардонанд. Хаста шудем. Аз Толибон халос мешавем, ки боз ДИИШ меояд.

Давлатмоҳ Гулмадова, сокини ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, садои тирпарронӣ аз 6-уми феврал ба ин тараф шунида мешавад. Ӯ гуфт, пештар низ гоҳ-гоҳ садои тирпарронӣ аз он тарафи марз ба гӯш мерасид. Як ҳафтаи ахир тирпарронӣ тӯлонӣ давом мекунад.

"Вакили маҳалла гуфт, ки ташвиш нашавед"

Зоҳиран, ба гуфтаи ӯ, аз силоҳҳои сангин истифода мекунанд, ки ҳатто шоми 11-уми феврал манзилашонро каме ларзонд. Давлатмоҳ гуфт, ду рӯз пас аз шурӯи тирпаррониҳо аз раиси маҳалла ва писари муҳоҷираш дар Русия фаҳмид, ки дар Афғонистон чӣ мегузарад. “Дар ташвиш шудем, ки чӣ гап шудаст. Шавҳарам вакили маҳалларо пурсид. Гуфт, ки ташвиш накашед, дар он тараф террористҳоро нобуд мекунанд. Писарам ҳам аз Русия занг зад ва гуфт, дар интернет хондааст, ки дар қарибиҳои сарҳад бо террористон ҷанг мекунанд,” – гуфт Гулмадова.

Дар он сӯи марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:56 0:00

Давлатмоҳ Гулмадова баъди онки фаҳмидааст, амалиёти он сӯи марз ба Тоҷикистон хатар надорад, ором гирифтааст.

Фархори Тоҷикистон дар марз бо вилояти Тахори Афғонистон қарор дорад. Мақомоти Афғонистон низ тасдиқ карданд, ки дар чанд улусволӣ ё ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла Дарқади вилояти Тахор бо кумаки ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ зидди Толибон амалиёт роҳандозӣ шудааст.

Амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон

Амалиёт дар ҳудуди вилояти Бадахшон ва Тахори Афғонистон бар зидди Толибон аз як ҳафтаи пеш оғоз ёфт. Ҳукумати Амрико ва Афғонистон пас аз ду ҳамлаи хунин дар Кобул, ки даҳҳо нафар кушта дошт, мубориза бо Толибонро ҷиддӣ гирифтанд. То ин замон дар Афғонистон талош доштанд, бо ин гурӯҳ сулҳ кунанд, вале ҳамлаҳои маргбори гурӯҳи Толибон ин нақшаро ба ҳам зад.

Зубайдулло Боронов
Зубайдулло Боронов

Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории амалиёти нирӯҳои амрикоӣ ва афғон зидди Толибон дар наздикиҳои марз огоҳ карда шудааст. Зубайдулло Боронов, як масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи наздимарзии Ҳамадонӣ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, бар асоси иттилое, ки дастрас карданд, амалиёти низомӣ дар улусволии наздисарҳадии Хоҷабаҳовуддин, Янгиқалъа ва Дарқад анҷом мешавад.

"Дар амалиёт сад навъи танк ва чархболҳо истифода мешавад"

“Айни замон тибқи маълумоти фаврӣ улусволиҳои Хоҷа Баҳовуддин, Янгиқалъа аз тасаруфи Толибон пурра тоза карда шудааст. Айни замон дар минтақаи Дарқади Афғонистон амалиёт зиддӣ поксозии аз зери Толибон идома дорад. Дар ин амалиёт зиёда аз сад намуд танкҳои истеҳсоли Амрико ва ду чархбол иштирок дорад. Аммо то ба ҳол таҳдид ба сарҳади Тоҷикистон сабт нашудааст,” - гуфт ин мақоми Идораи марзбонии тоҷик.

Макони амалиёт дар Афғонистон дар масофаи аз 15 то 80 километри дур аз марзи вилояти кӯҳистони Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар деҳоти наздимарзӣ дар Хатлон садои тирпаррониро шунида мешавад, вале сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон гуфтанд, садо аз он тарафи марз ба гӯши онҳо намерасад.

Мо маҳалли гурӯҳҳои террористиро дақиқ карда, ба нирӯҳои амрикоӣ мегӯем. Онҳо давоми як ё ду рӯз онҷоро бар асоси иттилои дақиқ бомбаборон мекунанд.

Рӯзи 6-уми феврал фармондеҳони Амрико гуфтанд, “дар давоми 96 соати гузашта дар шимол дар вилояти Бадахшон амалиёти ҳавоӣ анҷом доданд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз тарҳи ҳаракатҳои террористӣ дар марзҳо бо Чину Тоҷикистон мебошад. Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар амалиёт “шаш террористи хориҷӣ кушта шуданд”.

"Аз Толибон халос мешавем, ки ДИИШ меояд"

Саид Ҷаҳонгир Каромат, масъули пулиси сарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз даргирӣ бо Толибон ва гурӯҳҳои дигари ҳаросафкан дар минтақаи Вардуҷ, Хостак ва Ҷурми ин вилоят давом дорад. Ӯ гуфт, “мо макони гурӯҳҳои террористиро дақиқ мекунем ва ба нирӯҳои амрикоӣ иттилоъ медиҳем. Онҳо давоми як ё ду рӯз онҷоро бар асоси иттилои дақиқ бомбаборон мекунанд. Ҳоло амалиёти муштарак муваффақона пеш меравад”.

Раҳматуллоҳ Валӣ, як сокини улусволии Хостаки вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷанг ва садои тир хаста шудаанд. Вай гуфт, аз рӯзе, ки даргириҳои дубора шурӯъ шудааст, шабро бо тарс рӯз мекунанд. “Дигар барои мо муҳим нест, ки кӣ амалиёт мегузаронд. Муҳим барои мо ин аст, ки амниятро ба маҳалли зистамон баргардонанд. Хаста шудем. Аз Толибон озод мешавем, ки ДИИШ меояд. Талаби мо ин аст, ки ҳар касе амалиёт мекунад, амниятро ба мо баргардонад, мо тарафдори ҳамон ҳастем. Лекин агар даҳ амалиёт гузаронему ҳанӯз ноамнӣ бошад, аз ин амалиёт чӣ фоида”, -гуфт ӯ.

Маҳви корхонаҳои тавлиди ҳероини Толибон

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, дар амалиёти ахир ба Толибон ва гурӯҳҳои дигари тундрав зарбаҳои ҳалокатбор задаанд. Генерал Ҷеймс Ҳеккер, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии НАТО рӯзи 9-уми феврал дар як сӯҳбати видеоӣ аз Вашингтон ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, дар амалиёти ахир бо маҳви корхонаҳои тавлиди ҳероини Толибон ба онҳо 30 миллион доллар зарар расонидаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Соли 2016 мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки наздики 200 километр марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти назорати гурӯҳи Толибон қарор дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG