Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афсари тоҷик дар робита ба ҳалокати Хайриддин Аҳтамов


Акси Хайриддин Аҳтамов

Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон ду афсари нерӯҳои марзбониро бо гумони “беамалӣ ва хунукназарӣ”, ки боис ба кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов аз ҷониби кочоқбарон шуд, боздошт кардаанд.

Ҳоло ин ду афсар дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд.

Тафтишот муайян кардааст, подполковник ва прапоршике, ки рӯзи 6-уми феврал боздошт шуданд, шаби 2-юми декабри соли гузашта Хайриддин Аҳтамов, сардори нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ҳамроҳӣ мекарданд. Он шаб дар задухӯрд бо кочоқбарон чаҳор сарбозу афсари тоҷик маҷрӯҳ ва полковник Аҳтамов кушта шуд.

Бар зидди қочоқбарон наҷангиданд?

Як манбаъ дар мақомоти интизомӣ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот маълум кардааст, ки ҳангоми задухӯрд бо кочоқбарон ин ду нафар “беамалӣ” нишон дода, дар амалиёти зидди қочоқчиён ба таври дуруст муқовимат нишон надоданд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ин ду афсар то ин вақт дар парванда ба ҳайси шоҳид ширкат доштанд.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

"Вале маълум шуд, вақте полковник ҷароҳат бардошт, кореро, ки бояд дар ҳамон лаҳза анҷом медоданд, накардаанд. Ҳарчанд Хайриддин Аҳтамов бо дигар сарбозон ба кочоқбарон муқовимати шадид нишон додаанд", - афзуд мусоҳиби мо. Ҳоло ин ду афсар дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд ва то ҳол нисбаташон айб эълон нашудааст.

Мақомоти тоҷик ҳалокати Хайриддин Аҳтамов, полковники тоҷик дар задухӯрд бо кочоқбаронро, ки як ҳодисаи бесобиқа унвон шуд, ҳамаҷониба тафтиш мекунанд. Аҳтамов аз афсарони баландрутбае буд, ки дар мубориза бо қочоқчиён қурбон шудааст.

Иттиҳом бар асоси 5 модаи Кодекси ҷиноӣ

Дар робита ба кушта шудани Аҳтамов додситонии низомӣ бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Аз ин пеш - рӯзи 23-юми январ, Фирӯз Раҷабзода, муовини додситони ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон низ боздошт шудаанд. Ин масъули додситонӣ он вақт аз тафсилоти бештар худдорӣ кард, вале гуфт, “доираи дигар шахсони гунаҳкор муайн карда мешавад”.

Ҳамсар ва фарзандони Хайриддин Аҳтамов
Ҳамсар ва фарзандони Хайриддин Аҳтамов

Почохон Зарифӣ, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рӯзи 8-уми феаврал дар нишасти матбуотӣ бо тавсиф аз шахсияти Аҳтамов гуфт, хоҳони муҷозоти онҳоест, ки дар куштори ин сарҳанги тоҷик даст доранд. “Аз ҷониби қочоқбарон кушта шудани командири қисми ҳарбӣ дар ноҳия талафоти калон аст. Ин кас бисёр марзбони касбӣ буд, ки сарҳади ноҳияро хеле хуб медонист. Аз талаф шудани чунин як шахсият изҳори таассуф мекунем”, - гуфт Зарифӣ.

“Марзи номус”-и ҳукумати Тоҷикистон

Кушта шудани ин полковники тоҷик аз ҷониби кочоқбарон то ҷое ба муносибати Афғонистону Тоҷикистон таъсир кард.

Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба Афғонистон нота супурд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани кочоқбароне шуд, ки дар хоки ин кишвар паноҳ бурдаанд. Ба дунбол Тоҷикистон панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистон ва чаҳор бозори наздимарзиро баст. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Тоҷикистон шарт гузоштааст, то гурӯҳи кочоқбарони афғон боздошт нашаванд, пулҳо ва бозорҳои наздимарзӣ баста боқӣ хоҳанд монд.

Сарабек Комилов, як афсари собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки аз ҳодисаҳои ахир дар марз огаҳӣ дорад, гуфт, Тоҷикистон кушта шудани полковники тоҷик дар хоки кишварро хеле дарднок қабул кард ва ҳоло аз рӯи принсип мехоҳад омилони қатли афсари хушноми худро ба ҷавобгарӣ кашад. Ҳоло, ба гуфтаи Комилов, мақомоти тоҷик мехоҳанд дар таҳқиқи қазияи куштори Хайриддин Аҳтамов то охир бираванд ва омилони ин ҷиноятро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

Мақомоти Афғонистон то ҳол эътироф кардаанд, ки бинобар ноамниҳо дар кишвар боздошти ин гурӯҳи кочоқбарони мусаллаҳ ба мушкил печидааст. Саид Ҷаҳонгир Каромат, муовини фармондеҳи пулиси Бадахшони Афғонистон 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар амалиёте бар зидди ин гурӯҳ се пулиси сарҳадӣ кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуд, вале кочоқбарон боздошт нашуданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад, ки қисмати назоратш душвори он дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ҷойгир аст. Маконе, ки полковник Аҳтамов ду моҳи пеш кушта шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG