Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани раҳбаладони қочоқбарон дар зиндони Душанбе


Хайриддин Аҳтамов падари чор фарзанд буд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи декабри соли 2017 Хайриддин Аҳтамов, полковники нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштанд, бо гурӯҳе аз маҳбусони тоҷик дар тамос буда, интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекарданд.

Мақомоти тафтишотӣ, ки ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, дар ҷараёни тафтиш мушаххас кардаанд, ки аз дохили зиндоне дар Душанбе ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон кори

Куштори полковник Хайриддин Аҳтамов дар задухӯрди марзӣ бо қочоқчиёнро мақомоти тоҷик маҳкум карданд. Пас аз ин задухӯрд Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳро бо Афғонистон баст.

гурӯҳи қочоқбаронро раҳнамоӣ мекарданд. Қочоқбароне, ки шаби 2-уми декабр Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро кушта, чор сарбозу афсарро маҷрӯҳ намуданд, дар ҷои ҳодиса 33 кг маводи мухаддир ва чор автомати “Калашников”-ро гузошта ба Афғонистон фирор карданд.

Як манбаи огоҳ аз ин парванда рӯзи 2-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, се зиндоние, ки ҷараёни қочоқро аз пушти панҷара танзим мекарданд, бо кочоқбарон бо телефони мобил тамос доштанд ва бар асоси раҳбаладии онҳо қочоқбарони афғон мебоист маводи мухаддирро ба қочоқбарони тоҷик таслим мекарданд.

Танзими ҷиноят тавассути телефони мобил

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, нисбат ба ин се нафар, ки бар асоси моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ адои ҷазо менамуданд, такроран парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Зимнан, афроде, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар озодӣ қочоқбаронро бояд пешвоз мегирифтанд, феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

“Ҳам қочоқбарони афғон ва ҳам маҳбусон аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода кардаанд. Ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидааст”, - гуфт як манбаи огоҳ аз ҷузъиёти парванда ба шарти ифшо нашудани номаш.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон истифода аз телефонҳои мобил мамнӯъ аст, вале гоҳ-гоҳ гузоришҳо мерасад, ки маҳбусон бо роҳи ғайриқонунӣ ба телефони мобилӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Як тан аз раҳбаладони гурӯҳи кочоқбарон сокини 29-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буда, панҷ сол боз дар зиндон қарор дорад.

Таҳаввулоти баъди куштори Аҳтамов

Куштори полковник Хайриддин Аҳтамов дар задухӯрди марзӣ бо қочоқчиёнро мақомоти тоҷик маҳкум карданд. Пас аз ин задухӯрд Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳро бо Афғонистон баст. Мақомоти баландпояи Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷониби Тоҷикистон шарт гузоштааст, ки то гурӯҳи 12-нафараи кочоқбаронро боздошт накунанд, марзро боз намекунанд. Мақомоти афғон гуфтаанд, ки барои ҳамкорӣ дар ин амр омода ҳастанд, вале то ҳанӯз пешрафте дар заминаи боздошти гурӯҳҳои ҷиноӣ ба назар намерасад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин гурӯҳи кочоқбар бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ доштанд ва роҳ ёфтани онҳо ба хоки Тоҷикистон боиси коҳиши эътимоди марзбонони тоҷик ба ҳамкорони афғонашон шудааст.

Бархӯрди нобаробар бо қочоқчиён дар Тоҷикистон ва Афғонистон

Давлат Азизов, як марзбони собиқдори тоҷик мегӯяд, муносибати ҷиддии мақомоти Тоҷикистон дар ин масъаларо дарк мекунад, чун ҳеҷ гоҳ дар задухӯрд бо қочоқбарон дар марз чунин як нафари баландпоя кушта нашуда буд.

Аз тарафи дигар ба гуфтаи Азизов, мақомоти Афғонистон на ҳамеша нисбат ба шаҳрвандони кишварашон, ки дар хоки Тоҷикистон ҷиноят мекунанд, бархӯрдӣ қонунӣ нишон медиҳанд. Ӯ гуфт: “Охири солҳои 90-ум, ки мо дар Шӯрообод кор мекардем, тақрибан ҳар рӯз марзшиканӣ рух медод. Молу чорвои сокинонро медуздиданд ё нафаронеро ба гарав мебурданд. Молу чорвои мардумро ҳеҷ гоҳ баранамегардониданд. Сокинони ба гарав афтодаро бо мушкили зиёд раҳо мекарданд, вале ҳеҷ гоҳ он ҷинояткоронро ҷазо намедоданд. Барои ҳамин, вақте чунин як гурӯҳи хатарнок сардори қитъаи марзро мекушаду дар Афғонистон озод мегардад, Тоҷикистон маҷбур аст, ки чораҳои дигар андешад.”

То имрӯз мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки шахсияти ин гурӯҳи кочоқбар пурра муайян шудааст ва эҳтимолан рӯзҳои наздик боздошт шаванд.

вилояти Бадахшони Афғонистон
вилояти Бадахшони Афғонистон

Сайид Ҷаҳонгир Каромат, муовини пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон рӯзи 2-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Инҳо таҳти пайгард қарор доранд. Шахсият ва макони буду бошашон дақиқ шудааст. Талоши мо ба боздошти онҳо равона шудааст ва рӯзҳои наздик бояд боздошт шаванд".

Рӯзи 3-уми декабри соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба ҷониби Афғонистон нота фиристода, талаби боздошти ин гурӯҳро карда буд.

Тахмин меравад, бархе аз ин қочоқбарон, ки дар куштори Хайриддин Аҳтамов, полковники тоҷик даст доранд, дар ҳудуди улусволии Шаҳрибузурги Бадахшон ва бархеи дигар дар ҳудуди улусволии Чаёби вилояти Тахори Афғонистон пинҳон шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марз дорад ва қочоқи маводи мухаддир мушкили рақами яки марзбонҳои тоҷик ба шумор меравад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG