Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи қавӣ аз Кобул то Душанберо такон дод


Акс аз бойгонӣ

Заминларзаи қавие имрӯз бахусус Афғонистон ва қисмате аз манотиқи Тоҷикистонро такон дод. Маркази зилзиласанҷии Амрико гуфт, ки заминларзаи 6.1 дараҷаӣ рӯзи 31-уми январ дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, ба вуқӯъ пайваста аз шаҳри Кобул то ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин Деҳлӣ ва Исломободро такон додааст.

Ба гуфтаи марказ, маркази зилзила дар 35-километрии ҷануби минтақаи Ҷирми вилояти Бадахшони Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон ва дар умқи 191 километр будааст. Мутахассисони тоҷик гуфтанд, нерӯи заминларза дар Тоҷикистон тақрибан 4 дараҷаро ташкил додааст. Доир ба харобӣ ва ё хисорот гузорише нарасидааст.

Аммо дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балучистони Покистон дар натиҷаи фӯру рехтани боми хона, як навзод ҳалок шудааст ва 9 узви дигари хонавода ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистону Афғонистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези Осиё ҷойгир шудааст ва солона дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор заминларза рух медиҳад.

Моҳи декабри соли 2015 заминларза дар вилояти Бадахшон, ду нафар ҳалок ва даҳ танро маҷрӯҳ кард. Дар он сол 700 хона осеб диданд. Дар заминларзаи моҳи октябри соли 2015 дар Осиё, 400 нафар кушта шуданд ва ҳазорон тани дигар дар Афғонистону Покистон ва Ҳинд бесарпаноҳ монданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG