Чанд соат пеш аз бозбинии ҳукми Алексей Навалний, раҳбари мухолифини Русия, ду шахси наздик ба ӯ бо иттиҳоми нақзи муқаррароти беҳдоштӣ боздошт шудаанд. Иван Жданов, раиси Бунёди зидди коррупсия (мутааллиқ ба Навалний), шоми 27-уми январ гуфт, яке аз боздоштшудаҳо бародари сиёсатмадори зиндонӣ Олег Навалний ва дигаре – ҳуқуқшинос Любов Собол аст.
Рӯзи 28-уми январ Додгоҳи таҷдиди назар қарори 30 рӯз дар ҳабс мондани Алексей Навалнийро ба баррасӣ гирифт.
Раҳбари мухолифини Русия ҳаждаҳуми январ, як рӯз баъди бозгашт аз Берлин ба Маскав, бо гуноҳи риоят накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ ба зиндон андохта шуд. Мақомот гуфтанд, Навалний соли 2014 дар як парвандаи вобаста ба фасод ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд, аммо охири соли 2020 қоидаҳои онро поймол кард.
Навалний ва ҷонибдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Бо ин ҳол, ба раҳбари мухолифини Русия то 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад ва, қарор аст, мурофиа дар ин бора миёнаҳои моҳи феврали имсол сурат гирад.
Любов Собол, яке аз чеҳраҳои мухолифини Русия, баъд аз кофтукоби хонааш аз ҷониби полис дастгир шуд. Ҳуқуқшиноси ӯ, Владимир Волков, дар Твиттер навишт, полис рӯйхати беш аз 30-нафарӣ, аз ҷумла фаъолонеро, ки баъди боздошти Алексей Навалний ошкоро аз ӯ пуштибонӣ кардаанд, намоиш дода, пурсидааст, оё онҳоро мешиносад ё не.
Собол гуфтааст, бар асоси ҳуқуқи конститутсиониаш ба суолҳои онҳо ҷавоб намедиҳад ва баъд аз ин ба идораи полис интиқол ёфт. Олег Навалний баъди он боздошт шуд, ки нахост дарашро ба рӯйи полис бикушояд. Полис дари хонаи ӯро шикаста, ворид шуд.
Инчунин, рӯзи 27-уми январ як узви фаъоли гурӯҳи эътирозии Pussy Riot Мария Алёхина бо айни чунин иттиҳом, яъне нақзи муқаррароти давраи пандемия ба мӯҳлати 48 соат боздошт шуд.
Бунёди зидди коррупсия, созмони вобаста ба Алексей Навалний, гуфт, дар умум манзили 15 нафар аз одамони наздик ва хешовандони ӯ дар Маскав кофтукоб шудааст. Дар ҳама ҳолат полис гуфтааст, ки ин афрод бо иштирок дар намоишҳои эътирозии охири ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои марбут ба давраи коронавирусро поймол карданд.
Намоишҳои эътирозии сартосарӣ рӯзи 23-юми январ садҳо ҳазор нафарро ба хиёбонҳои аксар шаҳрҳои Русия баровард. Талаби мардум озодии билофосилаи сиёсатмадори 44-сола буд. Дар ин эътирозҳо ҳудудан 4 ҳазор нафар боздошт шуд, ҳарчанд эътирози мардум сулҳомез ҷараён гирифт. Полис гуфт, ин намоишҳо ғайриқонунӣ ҳастанд.
Рӯзи 28-уми январ Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, нисбат ба Волков ҳам санҷише ба роҳ мондааст, чун ӯ, ба қавли мақомот, барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ наврасонро таблиғ кардааст.
Рӯзе аз он пеш идораи Роскомнадзор гуфт, шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, Twitter, TikTok, VKontakte, Odnoklassniki ва YouTube барои ташвиқи ҷавонон барои ширкат дар эътирозҳои мухолифон аз роҳи нашр ва ҳифзи сабти видеоҳо ҷарима баста мешаванд.
Навалний рӯзи 17-уми январ баробари аз шаҳри Берлин, ки он ҷо аз осори заҳролудшавӣ табобат гирифт, дар фурудгоҳи Шереметево боздошт шуд. Худи ӯ гуфт, амри заҳролудшавии ӯро президент Владимир Путин содир кардааст, вале Кремлин ин иттиҳомотро бепояву асос меномад.