Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикони зери таъсирмонда аз Путин тарафдорӣ мекунанд". ВИДЕО


Филми Алексей Навалнийро дар бораи Қасри пинҳонии Путин зиёда аз 100 миллион нафар тамошо кардаанд. Барои маълумот: аҳолии Русия 144 миллион нафар аст. Дар ин филм Навалний иддао мекунад, ки як қасри азим, ки пули зиёде барои он харҷ шудааст, аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст.

Аммо филми Навалний дар Тоҷикистон сарусадо ё танқиди зиёд ба бор наовард. Баръакс, корбарон ба ҳимояи Путин бархостанд. Як корбари сомонаи Радиои Озодӣ бо номи Тоҷик навиштааст: "Ошаш шавад, бачаи мардак тамоми дунёро ба зону шинондаст".

Як корбари дигар бо номи Франкфуртӣ, ки ҳамеша ба зидди фасоду ришва садо баланд мекард, ин бор чунин мегӯяд: "Марди худодод аст Путин. Ҳаққи соҳибии даҳҳо ингуна қасрҳоро дорад".

Зери бисёре аз хабарҳои марбут ба Навалний корбарони мо менависанд, ӯ ҷосуси Ғарб аст ва ҳадафаш тикаву пора кардани Русия аст, то ба сармоядорони ғарбӣ имкон диҳад, аз захираҳои табиии Русия истифода кунанд.

"Тоҷикони зери таъсирмонда аз Путин тарафдорӣ мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Бардошти умумӣ ин аст, ки бисёре аз ин шореҳон худи филмро надидаанд ва гуфтаҳои телевизионҳои Русияро такрор мекунанд. Дар филм Навалний баръакс аз он бо алам ва афсурдагӣ сухан мекунад, ки сарватҳои мардуми Русия ғорат мешаванд. Вай бо далелҳои мушаххас аз пули дуздӣ бунёд шудани ин қасрро исбот мекунад.

Шахси беноме менависад, "Путин аз ӯ будани қасрро рад кард".

Бале, воқеан президенти Русия гуфт, рабте ба ин қаср надорад, вале ҳамчун шахси аввали давлати Русия нагуфт, ин қаср аз кадом пул сохта шудааст ва чаро хадамоти амнияти давлатии Русия онро посбонӣ мекунад ва чаро талаб накард, сохтмони ин қасри афсонавӣ таҳқиқ шавад.

“Ошаш шавад”, “ҳақ дорад, зеро подшоҳ аст” гуфтани корбарон ҳамчунин баёнгари маърифати ҳуқуқӣ ва қонунсолории онҳост. Чунин чиз нисбати дуздию фасод дар Тоҷикистон ҳам гуфта мешавад. "Худо додааст", "Мардак тавонистааст", "Қанша занад" дар Тоҷикистон низ зиёд шунида мешавад.

Аммо корбаре бо номи Ҳумоюн менависад, "тоҷикҳои зери таъсири пропагандаи Кремлин монда, аз Путин тарафдорӣ мекунанд".

Ва Шаҳрванд менависад, ин ҳама мафкураи ғуломист. Ӯ менависад, "шарҳҳое мисли “Ош шавад” ба хулосагирӣ ниёз доранд. Вай президент аст, на ҳар касе. Инҳо пули мардум аст. Шумо мефаҳмед? Эҳ, ҳоло хеле вақт даркор, то ба давроне расем, ки одамон фикрҳои озод ва солимро ҳис кунанд".

Ва ин корбар дар идома меафзояд, "Навалний, ту қаҳрамонӣ. Раҳмат, ки чашми бисёриҳоро кушодӣ!"

Матолиби вобаста ба Навалний ва қасри Путин дар сомонаи Радиои Озодӣ ҳаст ва шумо ҳам метавонед онро бубинеду хулосаҳои худро нависед. Ё дар навор сабт карда ба рақамҳое ки мебинед, фиристед.

XS
SM
MD
LG