Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи сарсахти Путин баъди бозгашт ба Маскав боздошт шуд. ВИДЕО


Алексей Навалний панҷ моҳ дар Олмон муолиҷа гирифт

Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолифи Кремлинро, ки баъд аз моҳҳо муолиҷа шоми 17-уми январ аз Олмон ба Маскав баргашт, дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карданд. Ба вакили мудофеаш иҷозат надоданд, ки ӯро ҳамроҳӣ кунад.

Хабаргузории "Интефакс" навишт, Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия (ФСИН) боздошти сиёсатмадори 44-соларо тасдиқ кардааст. Мақомот гуфтаанд, ӯ аз рӯзи 29-уми декабри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ буд.

Навалний чанд лаҳза пеш аз боздошт ба хабарнигорон гуфт, аз бозгашт ба Русия "хушҳол аст" ва бовар дорад, касе ӯро дастгир намекунад.

Ӯ афзуд: "Комилан хушҳолам ва дар панҷ моҳи охир ин беҳтарин рӯзи ман аст. Олмон кишвари олист ва аз пизишкон миннатдорам, аммо инҷо хонаи ман аст. Аз ман мепурсанд, ки наметарсӣ? Ман бо ҳисси комилан хуб ба хона меравам. Барои онки ҳақ ҳастам. Медонам, ки парвандаи ба зидди ман бофта аст. Натанҳо ҳақиқат бо ман аст, балки додгоҳ низ тарафи ман аст. Маро бар асоси парвандае маҳкум карданӣ ҳастанд, ки Додгоҳи аврупоӣ ба фоидаи ман хулоса додааст. Ман аз чизе наметарсам ва аз Шумо низ мехоҳам, ки натарсед."

Навори лаҳзаи боздошти Навалний:

Боздошти Алексей Навалний дар фурудгоҳи Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Алексей Навалний моҳи августи соли 2020, баъд аз он ки дар ҳавопаймое дар Русия заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба шифохонаи Берлин интиқол ёфта буд.

Санҷишҳо дар Олмону Фаронса ва Шветсия тасдиқ карданд, ки ӯ бо заҳри низомии навъи "Новичок" заҳролуд карда шудааст. Навалний президенти Русия Владимир Путинро дар ташкили ҳамла айбдор кард, аммо Кремлин иттиҳомро рад намуд.

Бо вуҷуди ин, дар рӯзҳои охир таҳқиқоти муштараки чанд расонаи хабарӣ ва сомонаҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти Федеролии Амнияти Русия (ФСБ) дар заҳролуд кардани Навалний дахолати мустақим доштааст.

Қаблан қарор буд ҳавопаймои ҳомили Алексей Навалний дар фурудгоҳи Внуковои Маскав поин ояд, вале ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметево нишаст. Алексей Навалний мақомоти Русияро барои тағйири ҷойи нишасти ҳавопаймо сахт танқид кард ва барои пеш омадани чунин мушкил аз мусофирон узр пурсид.

Дар ҳамин ҳол, пулиси зидди шӯриши Маскав чанде аз дӯстону ҳамкорони Навалнийро, ки барои пешвозаш ба фурудгоҳи Внуково ва Шереметево рафта буданд, боздошт кардааст. Дар миёни онҳо Любов Собол ва Руслан Шаведдинов, кормандони Бунёди мубориза бо фасод, Влад Докшин, хабарнигори нашрияи "Новая газета" ва Самариддин Раҷабов, як зодаи Тоҷикистон низ ҳастанд.

Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфта буд, пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.

Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.

Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG