Идораи зиндонҳои Русия рӯзи душанбеи 28-уми декабр ба Алексей Навалний, аз мухолифони ҳукумати Путин эълон кард, ки як рӯз фурсат дорад худро дар яке аз дафтарҳо ин созмон сабти ном кунад ва дар ғайри он, агар пас аз ин муҳлат ба Русия бозгардад, ба зиндон хоҳад рафт. Навалний дар охири моҳи август заҳролуд шуд ва барои табобат ба Олмон рафт. Таҳқиқотҳое мухталифе, ки анҷом шудааст, ҳукумати Русияро масъули ин заҳролудкунӣ медонад. Ҳукумати Русия ин масъаларо ҳамвора рад кардааст.
Идораи федералии зиндонҳои Русия дар баёнияе гуфтааст, мақолае, ки табибони як бемористони Берлин дар як маҷаллаи тиббӣ нақл кардаанд, далели он аст, ки Алексей Навалний ба таври комил беҳбуд ёфтааст.
Идораи зиндонҳои Русия хостори он шудааст, ки Навалний дар робита ба ҳукми шартии севуним сол ҳабс, ки дар соли 2014 маҳкум шуда буд, субҳи сешанбе худро дар яке аз дафтарҳои ин созмон сабт кунад. Дар ин баёния гуфта мешуд, ки агар ӯ муҳлати муқарраршударо аз даст диҳад, ҳини бозгашт ба Русия зиндонӣ хоҳад шуд.
Алексей Навалний, ки пеш аз ин гуфта буд пас аз шифои комил ёфтан ният дорад ба Русия бозгардад, ин дархостро ба масхара гирифтааст ва дар паёми твиттерӣ навиштааст, ки ишораи Идораи зиндонҳо ба ин мақола, ба маънои қабули ин воқеият аз сӯи Маскав аст, ки ӯро заҳролуд кардаанд.
Ӯ дар ин паёми твиттерии худ навишт, "ин ба он маъно аст, ки ҳукумат расман заҳрлоудкуниро ба расмият шинохтааст. Пас парвандаи ҷиноӣ дар ин робита куҷост?"
Алексей Навалнийи 44-сола, яке аз сарсахттарин мухолифони ҳукумати Русия дар охирҳои моҳи августи имсол ҳини парвоз аз яке аз шаҳрҳои Сибир ба тарафи Маскав, бар асари заҳролудшавӣ бемор шуд ва дар бемористоне дар шаҳри Омск бистарӣ шуд.
Зери фишори хонаводаи Навалний ду рӯз баъд ӯ ба бемористоне дар шаҳри Берлин мунтақил шуд ва зери муроқибат қарор гирифт. Натиҷаҳои чанд ташхис дар марказҳои илмии Олмон, Фаронса ва Швейдсия нишон дод, ки ӯ бо як модаи заҳрогини замони Шӯравӣ бо номи "Новичок" заҳролуд шудааст.
Бо вуҷуди он, ки Русия заҳролуд кардани Навалнийро радд кардааст, дар рӯзҳои ахир таҳқиқоти муштараки чандин расонаҳои хабарӣ ва ҳамчунин вебсайтҳои тахассусии бритониёӣ нишон дод, ки Хадамоти федералии амнияти Русия дар заҳролуд кардани Навалний дахолати мустақим доштааст.
Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кард, ки ширкатҳои наздик ба президент Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.
Ин дача моликияти давлат хаст, баьди Путин дигар президент хам истифода мебарад
Маншахсан мехохам ки С.Ч.Т. ин дархости хукумати ЧТ кабул накунад шояд касоне бошанд барои чи барои онки инхукумати кунуни бо талбандаги одат намудаст ваксинаро мегираду дар ТВ нишон медихан чанд наворе сипас мадумро мачбур бо харидани ваксина менамоянд........................
Мардикорбозори занон дар гирду атрофи Хужанду Истаравшан хам хаст.Факат дар инжо бо воситаи саркорашон бо телефон ба кор чалб карда мешаванд асосан мавсими аст.
ОЛЛОХи мехрубон раҳмату магфираташ кунад .Омин
Вакте ки писараки синфи 11-ро хатм мекунад уро ба хизмати харби даьват мекунанд.Ин писарак сад накуни фахмишаши харбияш дар сатхи паст мебошад.Дар хизмати харби ба ин писарак калонсолон ва командирхо албатта зуровари мекунанд.Мисол хочатхонаро хамомро ошхонаро казармаро ва утокхои кории камандиронро ин писарак бояд хамеша тозаву нигохбин кунад аз тани сержантхо бояд каровули ва пост меистад агар мабодо ба ягон кас гуяд ки хукуки ман поймол шуда истодааст уро чунон сахт танбех медиханд ки даст ба худкуши мезанад йо дар холати ярок дар дасташ метавонад камандирхояшро ва сержантхоро паронад.Психологияш сбой додан мамкин.Дар хона то ин писарак хизмати харбиро бо сари баланд тамом мекунад дили падару модараш реш реш мешавад.Худо ватани азизамонро аз хар бало нигахбон бошад вале агар ягон вокеа сар занад ин писарак дар вакти чанг йо чепе хулосаи хуб ва даркориро ичро карда наметавонад худро гум мекунад агар дар мухосираи душман галтад ин хел писараконро осон фиреб таслим ва катл мекунанд йо бар мукобили ватан пеш пеш равон мекунанд.Хулосаи ман мачлиси оли чунин аст. Баьди хатми мактаби мийона бояд фарзандхоямон ба мактабхои оли дохил шуда баьди хатми он ба хизмати харби даьват шуда ба мухлати як сол хизмати ватан модаро сарбаландона ичро намояд. Он вакт ин писарак чавони бузург хушйор ва далер шуда хонадор хам шавад оилаашро худаш нигоху бин мекунад.Пош хурии оилахои чавон хам хело кам мешавад. Агар хохад баьди хизмат дар ягон кисми харби хамчун афсар кор ва фаолият намояд.Агар хамин гуфтахоям шавад дигар аз облава мудати дах сол намегурези дедавшина аз байн меравад ояндаи ватанамон дар дасти чавонони шучоь хушйор мемонад. Бисйор навиштам узр мепурсам мехохам ки дар хонаи хамаамон хамеша хурсанди бошад ман хам писар дорам аз ояндааш нигаронам. Озоди барои ободии дийорамон ба чоп дихед рахмат.