Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд


Акс аз додгоҳ
Акс аз додгоҳ

Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалнийро, ки баъд аз муолиҷа аз Олмон баргашт, 18-уми январ бо қарори додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Вакили мудофеи ӯ Вадим Кобзев гуфт, ин ҳукм бо дархости Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия (ФСИН) содир шудааст.

Мурофиа дар Идораи корҳои дохилии шаҳри Химки гузашт. Навалнийро ба ин муассиса шоми 17-уми январ аз фурудгоҳи Шереметево оварданд.

Дар бораи баргузории мурофиаи додгоҳӣ на Навалний ва на ҳомиёни ӯ пешакӣ огоҳ карда нашуданд. Вакилонро танҳо иҷозати вуруд ба мурофиа доданд, вале пеш аз ин ба онҳо имкон надоданд, ба бино дароянд.

Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав баъди шурӯи додгоҳ гуфтанд, сабаби ба шуъбаи умури дохилӣ интиқол додани ӯ дар он буд, ки ӯ тести коронавирусро насупурда буд. Бар асоси қонун, ҳар касе, ки ба Русия ворид мешавад, бояд давоми 72 соат аз санҷиши коронавирус гузарад.

Мақомот гуфтанд, бо ҳадафи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ворид шудан ба дохили биное, ки дар он ҷо мурофиа барпо шуд, манъ аст. Дар назди бинои Шуъбаи умури дохилӣ беш аз 100 тарафдори Навалний, инчунин, хабарнигорон ҷамъ шуданд. Бо ин ки мурофиа боз эълон шуд, нагузоштанд, тарафдорони ӯ ба дохил ворид шаванд.

Худи Навалний дар дақиқаҳои аввали мурофиа гуфт: “Намефаҳмам, ки чӣ мегузарад. Як дақиқа пеш маро барои мулоқот бо вакилон ба берун бароварданд. Ман ин ҷо биёям, ин ҷо додгоҳи Химки будааст. Кадом шахсоне маро навор мегиранд, касоне дар толор нишастаанд. Номи он – “додгоҳи бози Химки аст”. Масъалаи баррасишаванда – ҳабси ман бар асоси қарори раиси полис аст. Чаро мурофиаи додгоҳи Химки дар идораи полис мегузарад? Ман намефаҳмам. Чаро касеро огоҳ накарданд? Ин як... Ман аз ин пеш ҳам истеҳзои низоми адлияро шоҳид шудаам, вале зоҳиран он пирамард дар паноҳгоҳаш чунон аз ҳама чиз метарсад, ки онҳо ҳоло Кодекси ҷиноиро намоишкорона лахт-лахт карда, ба ахлот андохтанд. Имкон надорад, чунин коре, ки ҳоло мегузарад, бишавад. Ин беқонунии дараҷаи олӣ аст, ман дигар сифатро ба кор бурда наметавонам.”

Полис Навалнийи 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, Навалний барои нақзи чандкарати шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд. Навалний гуфт, қонунро вайрон накардааст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG