Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 26-уми январ дар нахустин тамоси телефонии худ бо Владимир Путин, президенти Русия, дар бораи пандемияи COVID-19, боздошти Алексей Навалний ва созиши ҳастаии Эрон гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Ҷо Байден ҳамчунин дар ин суҳбати телефонӣ бо Путин, масъалаҳое чун даст доштани Русия дар ҳамлаҳои густурдаи кибернетикӣ ва таъйини ҷоиза барои куштани сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро матраҳ кардааст.
Дафтари раёсати ҷумҳури Русия низ дар баёнияе эълом кард, ки Байден ва Путин дар бораи ҳифзи созиши ҳастаии Эрон, оддисозии робитаҳо ва дигар масоил гуфтугӯ кардаанд.
Дар баёнияи Кохи Сафед гуфта шудааст, ки раиси ҷумҳур Байден ошкор гуфтааст, ки бар ҳар гуна амалкарди Русия, ки ба манфиатҳои миллии Амрико ва муттаҳидонаш садама бизанад, вокуниши қотеъ нишон хоҳад дод.
Президентҳои Амрико ва Русия ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки коршиносони ду кишвар гуфтугӯҳои лозим барои тамдиди панҷсолаи паймони ""New START”"-ро, ки ҳадафи он маҳдуд кардани шумораи силоҳҳои ҳастаии стратегӣ аст, фавран оғоз кунанд.
Ин ягона паймони назорати аслиҳаи ҳастаӣ аст, ки байни Русия ва Амрико боқӣ мондааст ва то чанд рӯзи дигар муҳлати он ба поён мерасад. Тибқи ин паймон, ки дар соли 2010 аз сӯи Барак Обама ва Дмитрий Медведев, президентҳои вақти Амрико ва Русия имзо шуд, теъдоди силоҳҳои ҳастаии стратегии ду кишвар ба 1550 кам карда мешавад.
Тибқи баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Путин пирузии Ҷо Байден дар интихоботи президентии Амрикоро ба ӯ табрик гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, Владимир Путин афзудааст, ки оддисозии робитаҳо байни Русия ва Амрико ба нафъи ду кишвар аст.
Ҷо Байден рӯзи сешанбе пеш аз гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, бо Йенс Столтенберг, дабири куллии паймони НАТО суҳбат кард ва бар ӯҳдадориҳои Амрико дар баробари ин паймон ва ҳамчунин муқобила бо таҳдидҳои Русия таъкид намуд.
Ҷо Байден ҳамчунин дар рӯзҳои гузашта бо муттаҳидони аврупоии Амрико, аз ҷумла, раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Олмон, гуфтугӯ кард.
Агар сохибаш пайдо нашуд, ман тайёрам ин борро сохиби кунам. Дар хизмат тайёрем.
Ман як чизро сарфхм нарафтам долархо ёрдами Арикову Аврупо ки хукумати А Гани горат намуданд. 90 кг тилоро аз кучо пайдо намуданд. Ёинки тилохам хайрияи башарист хукумати ЧТ бояд дар назди хабарнигорон ин кочокро ба хукумати Афгонистон супорад ва хукумати Афгонистон барои камбизатхои мадуми факиру даррохафтода Афгон дар хузури хабарнигорони дохили ва хоричи таксимкарда шавад дар дигар холат мо бовар надорем..
Бечора точик дар ягон чо кадр надорад чихелеки хоханд шиканча медиханд. Ох миллати хору зорам кай ту охи сабук мекашида боши
Звуки камбагал дар тамоми чахон паст кардаги хозир. Лампаи звуковояш кухнаи бад шуда бурафтаги барои хамин оху нолааш факат то девори кулбааш мерасаду халос. Баро хамин ба кадри шапкаи Ленин расидан даркорай.
Пас Россия хам ба точикон дигар хакки истикомат надихад. Чин хохад ку Точикистонро ранги аждахо дар 3 сония фуру барад. Холо апетиташ камтар чаток барои хамин дар фикри мо нест.