Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се парванда алайҳи бародару хоҳар ва вакили Бузургмеҳр


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон алайҳи бародару хоҳар ва вакили дифои адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба ин парванда, Ҷамшед ва Хосият Ёровҳо ва Муаззама Қодирова бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муттаҳам мешаванд. Ин се нафар феълан дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.

Муаззама Қодирова вакили дифое, ки то оғози моҳи январи имсол аз ҳуқуқи адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, маҷбур шудааст, аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад.

Наздикони Ҷамшеду Хосият дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ се рӯз пеш аз вуҷуди ин парванда онҳоро хабардор карданд.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 30-юми май гуфт, "азбаски ҳамсари Ҷамшед – Дилбар Зуҳурова танҳо буд, аз ман хоҳиш кард, то ӯро ҳамроҳӣ намоям. Дар онҷо аз ман ҳам суол карданд ва ман низ баёнот додам. Гуфтам, ки аз Ҷамшеду Хосият ҳеҷ хабар надорем ва намедонем, онҳо чӣ менависанд. Дар ҳамон ҷо гуфтанд, ки нисбат ба онҳо ва Муаззама Қодирова парванда боз кардаанд."

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Аммо Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки дар бораи даъват шудани наздикони Ёровҳо хабар надорад. Вай дар айни замон афзуд, “муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ парванда боз намекунанд, балки санҷиш мегузаронанд”.

Худи Ҷамшед ва Хосият Ёровҳо аз боз шудани парванда нисбат ба онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Ҷамшед Ёров рӯзи 30-юми май дар як посухи хаттӣ гуфт, як далели боз шудани ин парванда чанд изҳори назар дар Фейсбук будааст. Вай афзуд, "аз ҷумла, навиштае аст, ки аз дӯстону ҳамватанон дар ҳиҷрат хоста будам, имконият дошта бошанду зарур шуморанд, рӯйхати фарзандон ва хешу ақрабои онҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон чун гаравгон нигоҳ медорад, равон намоянд."

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

Наздикони Ҷамшед Ёров мегӯянд, нисбат ба ӯ Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ваҳдат ҳанӯз як моҳ қабл тафтишотро оғоз карда буд. Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва бародари Бузургмеҳр Ёров, моҳи августи соли гузашта ҳабс шуда, дертар бар асоси қонуни афв озод гардид.

Ҷамшед Ёров барои ифшои қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба аъзои раёсати ҲНИТ боздошт шуда буд, ки ба қавли мақомот, маҳз тавассути ӯ ба дасти мухолифон дар хориҷа афтод ва баъдан дар сайти марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нашр шуд.

Хосият Ёрова
Хосият Ёрова

Хосият Ёрова низ гуфт, муфаттишони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ба наздиконашон ҳушдор додаанд, ки дар сурати навиштани изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣонҳоро дубора даъват хоҳанд кард.

Хосият Ёрова мегӯяд, нисбат ба Муаззама Қодирова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров дар миёнаҳои моҳи апрели имсол бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. “Муаззама Қодирова гуфт, ки мақомот ба назди модараш рафта ва пурсидаанд, ки ӯ дар куҷост ва оё тамос мегирад ё на. Онҳо гуфтаанд, нисбат ба ӯ парванда боз карда шудааст”.

Муаззама Қодирова вакили дифое, ки то оғози моҳи январи имсол аз ҳуқуқи адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, маҷбур шудааст, аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад ва далели ин ҳам, ба қавли ӯ, фишор дар робита бо парвандаи Ёров будааст.

Муаззама Қодирова
Муаззама Қодирова

Вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров дар пайи ду ҳукми додгоҳ дар моҳи октябри соли 2016 ва моҳи марти соли 2017, дар маҷмӯъ, ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳоло ӯ барои қаллобӣ ва таҳқири президенти Тоҷикистон низ муттаҳам шуда, парвандааш барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст.

Дар ҳоле ки додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад, худи Ёрову наздиконаш ба сиёсӣ будани ангезаҳои он пофишорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG