Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту ҳабси 30 кас дар пайванд ба тирпаронӣ дар Wildberries


Владислав Бакалчук
Владислав Бакалчук

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дар пайванд ба тирпаронӣ дар Wildberries, фурӯшгоҳи калонтарини интернетии Русия, ки ду кушта барҷой гузошт, 30 нафарро ба ҳабс гирифт.

Ба иттилои хабаргузориҳои расмии ТАСС ва РИА Новости, дар миёни дастгиршудаҳо як варзишгари муҳорибаҳои омехта аз Чеченистон ҳаст.

Тирпаронӣ рӯзи 18-уми сентябр дар ҳоле рух дод, ки Татяна Бакалчук, бунёдгузор ва мудири кулли Wildberries, дар марҳилаи ҷудошавӣ аз ҳамсараш қарор дорад.

Ин зани сарватмандтарини Русия дар паёме ҳодисаро кори дасти шавҳараш ва ду масъули собиқи норозии ширкат донист.

Татяна Бакалчук
Татяна Бакалчук

Владислав Бакалчук, шавҳари Татяна Бакалчук, хабар дод, ки ӯ дар миёни боздоштшудагон нест.

Вай рӯзи 20-уми сентябр дар Telegram гуфт, ҳангоми тирпаронӣ барои ҳалли баъзе аз масъалаҳои корӣ ба идораи Wildberries рафта, қурбонии "иғво ва ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди ношинос" шуд. "Бовар дорам, ки мақомот ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва ҳамаи гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт,” -- гуфт Владислав Бакалчук.

Маҷаллаи Forbes дороии Татяна Бакалчуки 48-соларо зиёда аз 4 миллиард доллар ҳисоб кардааст.

XS
SM
MD
LG