Пайвандҳои дастрасӣ

Зеварбону Рауфӣ: "Муҳоҷирон қаҳрамонанд"


Зеварбону Рауфӣ

Дуруд, эй ҳаммеҳан!

Имрӯз мехоҳам ба пурсише посух диҳӣ! То ба ҳол аз худат пурсидаӣ, ки муҳоҷир кист? Мегӯӣ: “афсӯс, мардуми ман солҳост, ки бо ин вожа ошноянд”. Аммо чӣ касе медонад, пушти ин як вожа чӣ дунёи бузургест? Дунёи пуропур аз садоқат! Дунёе моломол аз ишқ! Дунёи лабрези азхудгузаштагӣ! Дунёе саршор аз фоҷеа...

Намедонам, шумо муҳоҷирро чӣ гуна мебинед. Ман муҳоҷирро аз наздик мешиносам. Ҳамеша зиндагии муҳоҷирона доштаам. Ҳамин ҳоло ҳам дар муҳоҷиратам. Аммо ҳоло намехоҳам, аз муҳоҷирату худу хонаводаамон гӯям.

Синфи панҷ мехондам. Бо дӯстонам дар майдончаи рӯ ба рӯи хона бозӣ мекардем. Ногаҳон касе аз ҷамъ ба осмон ишора карда гуфт:

  • Самалёт парид!

Ман низ мисли ҳамроҳонам нохудогоҳ ба осмон нигоҳ кардам. То бифаҳмам “самалёт”-аш чист. Дидам ҳавопаймое дар осмони нилӣ бо суръат ҳаракат мекунад ва аз паяш хати сафеде боқӣ мегузорад. Дӯстам дасти хоҳаракашро гирифт,а як ҷо замзама карданд:

  • Самалёти ҳавоӣ

Дадама кай миёрӣ?

Лаҳзаи аҷибе буд, ҳиссе дар дилам пайдо шуд, ки он вақт намефаҳмидам чист. Ҳайратзада пурсидам:

  • Падаратон куҷост?

Дигаре аз ҷамъи кӯдакон гуфт:

  • Қати дадаи ма да Расия кор мекна!

Албатта он вақт, ман намефаҳмидам муҳоҷир падари заҳматкашест, ки шабҳо баъди соатҳои дароз кори сангин ба хона занг мезанад, то чанд дақиқае худашро канори наздикону пайвандонаш эҳсос кунад. Падаре, ки барои беҳтар кардани зиндагии фарзандонаш, зиндагии худашро қурбон мекунад ва заҳри ғурбат мечашад, то фарзандони ӯ битавонанд бихӯранд, бипӯшанд, таҳсил кунанд ва фардои онҳо мисли имрӯзи падарашон набошад. Ин воқеъияти талхро баъдтар, вақте бо зиндагии даҳҳо ҳамсолам ва ҳамсояҳоямон дар Душанбе ошно шудам, дарк намудам. Дар муддати як солу ними зиндагӣ дар Русия ва суҳбат бо муҳоҷирон ин мушкилоту азият ва садоқату азхудгузаштагиро мушоҳида кардам.

Аммо як хотираи дигар. Соли охири таҳсил дар мактаб буд. Яке аз дӯстонам як ҳафтаи тамом ба дарс наомад. Нигаронаш шуда, ба хонаашон рафтам. Азодор буд. Тобути тағояшро аз Русия овардаанд. Баъд аз марги падараш тағояш хонаводаи онҳоро саробонӣ мекардааст. Ҳоло, ки тағояш низ аз дунё гузашт, ду оила аз ноновари хеш маҳрум шуданд. Он рӯз фаҳмидам, муҳоҷир фақат падаре заҳматкаш нест, муҳоҷир гоҳо тағоест, ки аз баландии сохтмоне, ки дар он кор мекунад, меафтаду ҷон медиҳад. Марде, ки барои хонасозӣ рафту вақти омаданаш қасри орзуҳои хоҳару се хоҳарзодааш, зан ва чаҳор фарзандашро бо худ ба хок бурд.

Донишҷӯ, ки шудам ҳамдарсам барои навиштани кори курсияш роёнаашро ба донишгоҳ овард, то бо ҳам баъзе матнҳои русиро тарҷума кунем. Баъд аз анҷоми кор ҳамроҳ аксҳои замони мактабияшро тамошо кардем. Дар миёни аксҳо акси даҳ-дувоздаҳ ҷавон таваҷҷуҳамро ҷалб кард, ки канори суфрае (агар бишавад он тикка порчаро дастархон гуфт) нишастаанд. Чанд дона қанду ширинии хушку (печен) нон рӯи суфра буд. Суфраи ҳақире пешашон, аммо чеҳраи ҷавонон он қадар шод менамуд, ангор ҷашн мегиранд.

Аз дӯстам пурсидам, ин акс аз куҷост. Гиряаш гирифту бо буғзе дар гулӯ гуфт, ки бародари бузургтараш бо ҳамкоронаш Иди рамазонро ҷашн мегиранд. Он рӯз фаҳмидам муҳоҷир бародар аст. Бародаре, ки бори зиндагиро рӯи шонаҳояш мекашад. Бародаре, ки донишгоҳро раҳо кард чун хонаводааш бесаробон монда буд. Чун ӯ марди хонаасту бояд зиндагии ду хоҳару модарашро таъмин кунад. Бародаре, ки дар ғурбат заҳмат мекашад, идро сари муҳаққартарин дастархон мегузаронад, аммо мекӯшад, то хоҳаронаш ҳеч гоҳ аз ҳеч кас худашонро кам набинанд. Агар ӯ натавониста таҳсилашро идома диҳад, ҳадди ақал хоҳаронаш битавонанд донишҷӯ шаванд. Бихонанду зиндагияшон таъмин бошад. Бародаре, ки аз худгузаштагияш номаҳдуд аст, то хоҳарону модараш ҳадди ақал набуди падарро камтар эҳсос кунанд. Муҳоҷир ҳамон бародарест, ки баъди сари падар ноновари хона шуда.

Он чӣ ман мегӯям, қатрае аз дарёст. Шумо худатон чашм боз кунед, то муҳоҷирро бубинед. Дар хонаводаи шумо муҳоҷир нест? Байни хешовандони шумо муҳоҷир нест? Дар ҳамсоягии шумо муҳоҷире нест? Байни ошноёнатон муҳоҷире нест?

Магар касе аз рӯи дилхушӣ муҳоҷир мешавад? Ишқу муҳаббат ҳам мисли Худост. Онро намешавад, дид то андозагирияш кард. Ҳеч гоҳ инсоне ҳақ надорад ҳукм кунад, ки чи касе ин марзу бум, ин Ватанро дӯст дорад ва кӣ онро дӯст надорад. Ҳоли ғарибро танҳо ғариб мефаҳмад! Вақте аз меҳанат дурӣ, ангор буғзе ҳамеша дар гулӯят аст. Меҳан, ки фақат як порча замини безабон нест! Меҳан сарзамини хотироти беҳтарини одам аст. Ҳамон кӯчаи бачагӣ, ки дар он ҳама чизу ҳама кас ошност. Ва дар нигоҳи кӯдакият фаротар аз он маҳаллаи соддаатон чизе нест. Муҳоҷир он ғарибест, ки бӯи тунду талхи хотиротро бо ашкҳояш мешӯяд, лек ин бӯй ба соддагӣ намеравад. Ангор аз мағзи устухони одам таровида бошад. Одам вақте аз он чӣ воқеан дӯсташ медорад, дур бошад, мефаҳмад, ки он дӯстдошта чӣ қадар барояш арзишманд аст.

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан

Дар ватанбудаи бе ёди ватан беватан аст.

Имрӯз ба назар мерасад, ки замзамаҳое алайҳи муҳоҷирон дар минбарҳову долонҳои ҳукумат пинҳону ошкоро садо медиҳанд. Ғайримустақим ба кишварҳои муҳоҷирпазир аз гулӯи раиси маҷлис паём медиҳанд, ки барояшон вазъи муҳоҷирҳо хеле муҳим нест, набояд аз он фишанге барои фишор бисозанд. Паёми пардапӯш медиҳанд, ки мо шиносномаҳои муҳоҷиронро ботил месозем то дигар мушкилашон дахле ба Тоҷикистон надошта бошад. Ҳатто иддае ба худ иҷоза медиҳанд муҳоҷирро “хоин” ном баранд. Ин идда аслан медонанд, муҳоҷир кист? Барои чи ҳаммеҳанони ман муҳоҷир мешаванд? Ба куҷо нигоҳ мекунед, ки намебинед? Ё дидан намехоҳед?

Магар фаромӯш кардаем, ки меҳани мо бо заҳамоти кӣ обод шуд? Ин тоза бадавронрасидаҳо ба ҷуз таъмини эҳтиёҷи худу авлоди худ, сохтани қасру кушк, хариди мошинҳои гаронарзиш ва интиқоли маблағҳои ба роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаашон ба ҳисобҳои офшоррӣ кори дигаре накардаанд. Онҳо ба миллатсозӣ ҳеч рабте надоранд. Агар маблағҳои хайрия ва садақаи созмонҳои байналмилалию кишварҳои хориҷиро сарфи назар кунем, магар ободии кишвар ва таъмини масрафи рӯзгори мардум аз ҳисоби ҳамин маблағҳое нест, ки муҳоҷирон бо арақи ҷабин ба даст меоваранд? Ин суботи нисфии Тоҷикистон имрӯз бидуни шак натиҷаи заҳамоти ҳамин “хоинон” аст!

Магар масали “гурусна ба шер задааст”-ро нашунидаед? Ё мехоҳед мардум гурусна бошаду ба сари ин як зумра тоза бадавлатрасидаҳо бирезанд? Ҳукумати кишвар, тамоми мансабдорон, аз хурдтарин симат то худи раисҷумҳур, бояд фаромӯш накунанд, онҳое, ки ҳоло талош доред “хоин” ҷилва диҳед, василаи бозиҳои сиёсиятон қарор доданиед, дар асл ҳамонҳое ҳастанд, ки бештар аз шумо дилашон барои миллату меҳанашон месӯзад. Ободии ҳар як хонаводаи тоҷик ободии Тоҷикистон аст.

Эй шумое, ки зиндагии пур зарқу барқатон чашмҳоятонро бар машаққатҳои мардум кӯр карда, ба хотир овардед, ҳеч одаме аз зиндагии хуб фирор нахоҳад кард. Агар имрӯз Тоҷикистонро тарк мекунанд ба он маънӣ нест, ки Тоҷикистон бад аст ё онҳо ватанашонро дӯст надоранд. Иллати аслӣ ин ҷост, ки шумо, як идда беурзаи мансабдор натавонистаед, вазифаатонро дуруст анҷом диҳед, то мардум дар рифоҳ зиндагӣ кунанд.

Ва маҷбур набошанд барои пайдо кардани нони ҳалоли хешу хонаводаашон ба кишвари ғурбат куч бибанданд. Ҳоло вуҷудатонро ваҳшат фаро гирифта, ки ин даста - даста куч бастани мардум дер ё зуд корношоямии шуморо фош хоҳад кард?! Барои ҳамин аст, ки талош доред ба ҷои бӯ кардани гиребонҳои худ онҳоеро, ки аз ноилоҷӣ рафтаанд, бадном кунед? Бидонед, ки кӯр хондаед! Муҳоҷирони миллати ман қаҳрамонони имрӯзи он ҳастанд.

Дар моддаи 24 Қонуни асосӣ омада:

“Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад!”

Ҳуқуқи мардумро поймол накунед. Агар шумо - ҳукуматдорон корношоям намебудед, ҳатман мекӯшидед, ки зиндагии мардумро роҳаттар кунед, ҷои кор фароҳам оваред, ё ҳадди ақал аз ҳуқуқи шаҳрвандонатон дар хориҷ аз кишвар ҳимоят мекардед. То онҳо маҷбур набошанд ба хотири он, ки беш аз ин зулм набинанд шаҳрванди дигар кишвар шаванд, то ҳадди ақал дар ҷое, ки кор мекунанд ба онҳо мисли шаҳрванди ҳамонҷо муносибат шавад.

На мисли “ҷамшуду равшан”. Ба ҷои он, ки гуноҳро сари мардум бор кунед, муҳоҷиронро василаи бозиҳои сиёсиятон қарор диҳед, худатонро ислоҳ намоед, дар тағйири вазъи рӯзгори мардум, эҷоди ҷойҳои кор ва риояи мардумсолорӣ бикӯшед, вагарна пушаймонӣ баъдан суде нахоҳад дошт.

Зеварбону Рауфӣ

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (59)

Гузоришҳои видеоӣ

Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG