Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: "Аз ҳукумат чӣ мехоҳам?!"


Зеварбону Рауфӣ

Бо блоги нахустинаш дар "Блогистон" рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ миёни хонандагон маъруф гашт. Мардуми зиёде, наздик ба 200 нафар, ба навиштаи ӯ посух доданд, қисме тарафдор ва қисме ҳам мухолиф. Ҳоло номаи дигари ӯро мунташир мекунем.

Дар матлаби пешинааш зери унвони "Ман ифротиям?!" муаллиф талош карда буд, муҳри ифротгароиро аз рӯйи номи онҳое бардорад, ки бо дилсӯзӣ падидаҳои кишвари худро танқид мекунанд. Аммо бархе аз шарҳнависон ӯро айбдор карданд, ки мафкураи зиддиҳукуматӣ дорад. Ӯ инро рад мекунад ва шарҳ медиҳад, ки ҳамчун як шаҳрванд аз ҳукумати худ чиро чашмдор аст.

Зеварбону Рауфӣ

АЗ ҲУКУМАТ ЧӢ МЕХОҲАМ?!

Пешопеш маъзарат мехоҳам аз азизони сиёсатшиносе, ки ин навиштаи шогирдона ва ғайриҳирфаӣ шояд ба завқашон писанд наояд. Он чи пеши рӯи шумост танҳо фикр ва диди як ҷавон нисбати ин мавзӯст.

Давлат маҳдудаест, ки ин ё он иҷтимоъ дар он зиндагӣ мекунанд ва соҳиби он ҳудуд ба ҳисоб мераванд. Дар инҷо ба ҷанбаҳои торихӣ, фалсафӣ, иқтисодӣ, ҷомеъашиносӣ ва ғайра зиёд ворид намешавем. Танҳо мекӯшем дар мисоли муайян ва барои ҳамаи мо то ҳадде ошно изҳори назар бикунем.

Тоҷикистон давлатест, ки дар маҳдудаи ҷуғрофиёии кунунияш тибқи маълумоти википедӣ 141.400 км2-ро ташкил медиҳад ва бо Чин, Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳамсоя аст. Дар Тоҷикистонтоҷикон бузургтарин гурӯҳи иҷтимоъ буда, инчунин ақаллиятҳое мисли қирғиз, узбак, рус ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Ҳамин маҳдудае, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он зиндагӣ мекунанд ва ҳукумати интихобшуда онро идора мекунад давлат ҳисобида мешавад.

Ҳукумат низомест, ки давлат ва ҷомеъаи дар он бударо идора мекунад. Метавон гуфт, он абзорест, ки ба василаи он сиёсати давлатии мо таъин ва амалӣ мешавад. Навъи ҳукумат бошад аз рӯи фаъолияти се шохаи асосии он яъне, қонунбарор, иҷроия ва судӣ муайян мегардад. То чи андоза коромад будани ин шохаҳо таъинкунандаи сатҳи зиндагии осоиштаи мардум аст. Қонунҳои қабулшаванда барои беҳтар намудани зиндагии мардум аст ё махсуси афрод ва гурӯҳи хос? Ҳукми судҳо дар кишвар то чӣ андоза мунсифона ва дуруст аст? Ҳокимияти иҷроия фармонбардори кист? Қонун ё шахси муайян?

Биёед бар мабнои авзоъи кишвар хулоса мебарорем. Зеро дар илми сиёсат олимон аз рӯи нишондодҳои гуногун ҳукуматҳоро табақабандӣ кардаанд, ки барои шарҳи ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ бо кутоҳтарин ташреҳ ҳам замони зиёде лозим мешавад. Ҳукумати феълии кишвар ба кадом навъи илмии он дохил мешавад? Шуморо намедонам, аммо вақте ман хостам ҳукуматро ба гурӯҳи муайяне ворид кунам, натавонистам байни чанд мавриди зер, ки дар китобҳои сиёсатшиносӣ мутолеъа кардаам, беҳтаринашро баргузинам.

Ҳукумати худкома, ки тавассути як нафар идора мешавад ва тасмимоташ ҳеч маҳдудияти қонуние надоранд. Худкомагон ба хидматгор ниёз доранд, дар ҳоле, ки ситамгарон ба бардаҳо барои пешбурди корҳояшон ниёз хоҳанд дошт.

Ҳукумати мутлақ, ки тавассути як воҳид идора мешавад. Ин воҳид метавонад як фард бошад, ҳамон тавре, ки дар ҳукуматҳои худкома аст, ё ин ки як гурӯҳи муайян.

Ҳукумати диктотурӣ, ки тавассути як фард идора мешавад ва тамоми қудрат дар саросари кишварро дар даст дорад. Ин истилоҳ мумкин аст ба низоме итлоқ шавад, ки диктаторҳо дар он ба қудрат мерасанд ва ба василаи зӯр онро дар дасти худ нигоҳ медоранд. Ҳамчунин мумкин аст ба вазъияте гуфта шавад, ки дар он фарди диктатор ба сурати қонунӣ ба сари кор биёяд, аммо бо дасткорӣ дар қонуни асосӣ тадриҷан тамоми қудратро аз они худ кунад.

Нептукросӣ ё хешовандсолорӣ низомест, ки тавассути хешовандони фард ё гурӯҳи ҳоким идора мешавад. Дар чунин низоме тамоми манофеъ ва мансабҳо ба хешовандони афроди дар қудрат буда вогузор мешавад. Сарфи назар аз ин, ки эшон шоистаи чунин симате ҳастанд ё на. Дар ин низоми ҳукуматӣ хешовандон ва ақрабои онҳое, ки дар садри қудрат ҳастанд, аҳамияти бисёре доранд ва аз ҳар гуна имконоте бархурдор мешаванд.

Кокистукросӣ ё ношоистасолорӣ, ҳукуматест, ки тавассути аҳмақҳо идора мешавад. Низоми ҳукумате, ки дар он бадтарин ё камсалоҳияттарин шаҳрвандон дар садри корҳо қарор мегиранд. Бино ба табиъати навъи башар, ки дар занҷираи меросӣ дучори нуқсу айб мешавад, ингуна баён шудааст, ки ҳар ҳукумате, ки то кунун по ба арсаи вуҷуд гузоштааст, мумкин аст мисолҳое аз ин низоми ҳукуматиро дар худ дошта бошад.

Клептукросӣ ё дуздсолорӣ, низомест, ки тавассути дуздон идора мешаваду дар ин низоми ҳукуматӣ мақомоти расмӣ ва тамоми табақоти ҳоким дар кул ба дунболи пайгирии манофеъи хеш ва афзоиши сарват ва қудрати сиёсии худ ҳастанду тамоми ин корҳоро аз ҳисоб ва ҳазинаи мардум анҷом медиҳанд.

Фобиякросӣ ё тарссолорӣ ҳукуматест, ки бар асоси тарс ва нафрат идора мешавад. Дар ин ҳукумат асли тамоми созмондиҳиҳо ва усул бар пояи эҷоди тарс дар байни мардум аст, то битавон онҳоро мутеъ ва сокит нигоҳ дошт. Ин вежагӣ як абзори мавриди таваҷҷуҳ аст, ки ба назар мерасад тамоми шаклҳои ҳукуматҳо дар тӯли асрҳо аз он баҳра ҷустаанд. Дареғ, ин абзорро як хосияти роиҷ дар миёни инсонҳо коромад кардааст. Шак доштан нисбат ба ҳама боиси парҳезе огоҳона байни мардум мегардад. Ба илова, тарс доштан аз ҳоким ҷуръати муқобила бо ӯ ва эътироз ба вайро аз мардум мегирад ваонҳоро табдил ба шаҳрвандоне мекунад, ки бе чуну чаро аз хостаҳои ҳокимашон пайравӣ ва фармонбардорӣ мекунанд. Ҳатто мардумро ба гурӯҳҳои кучаки ҳаросзада ва ҷоҳил тақсим мекунанд ва тарси ҳамачизро дар дилашон мекоранд то тавони ҳаргуна иқдом аз ишон гирифта шавад. Инсонҳое, ки босавод ва мутталеъ бошанд камтар дар маърази тарсу нафрат қарор мегиранд. Барои ҳамин ҳам кӯшиш бар он мешавад, ки мардумро дар ҷаҳлу бесаводӣ нигоҳ доранд то тарс боис шавад аҳмақонатарин хостаҳоро низ амалӣ созанд.

Ҳукумати кунунии кишвари мо бори аввал пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1991, бо роҳбарии Э. Раҳмон раисҷумҳури феълии кишвар рӯи кор омад. Дар бораи ду давраи аввали фаъолияти ҳукумати феълӣ чизе гуфтанӣ нестам. Чун дар тамоми кишварҳои баъд аз ҷанг ҳокимият аз мушкилот орӣ нест, аммо дар он шароит қабеҳтарин иштибоҳҳо низ аз тарафи мардум бахшуда мешавад, зеро ҳама ниёз рӯҳӣ ба осоиш ва бозгашти амният доранд. Лек солҳо пайи ҳам сипарӣ мегардад ва дар сентябри имсол дақиқан 28 сол мешавад, ки ҳукумати феълӣ дар қудрат аст. Пас, бешак пайдо шудани афроде, ки аз каму костиҳои мавҷуд дар кишвар бигӯянд, амри табиъист. Зеро аз он замон то ба ҳол чанд насл иваз шуда. Онҳое, ки ҳамон солҳо ба дунё омаданд, акнун ҷавонҳои 28-30 солаанд. Яъне инсони болиғе, ки дарки шинохти дуруст аз ғалат ва рост аз дурӯғро дорад.

Биёед, ҳукумати феълии моро ба инсон ташбеҳ диҳем. Бигирем, ки кудак то панҷсолагӣ ақли дуруст надорад. Ӯ он қадар ҷаҳони атрофашро дарк намекунад. Вале ба ҳар ҳол кунҷков аст, ки бубинад ва биёмӯзад. То даҳсолагӣ кудак аввалин донишҳои зарурӣ аз қабили хондан, навиштан, суол додан ва посух ҷустан ба пурсишҳояшро меомӯзад. Понздаҳсолагӣ бошад синнест, ки дар он навҷавон дар ҷустуҷӯи роҳи зиндагист. Замоне, ки бо мушкилоти зиндагӣ тоза рӯ ба рӯ мешавад, бояд дарк кунад дигар вақти он расида, ки кам-кам бидуни дахолати модару падару бародари бузургтараш мушкилоташро ҳал ва роҳи зиндагияшро муайян созад. Дар бистсолагӣ ҷавон бояд ба ин бовар бирасад, ки дигар гуноҳҳои мекардаашро наметавонад ва набояд зери баҳонаҳое аз қабилӣ нопухтагӣ, беақлӣ ва шӯри ҷавонӣ пинҳон кунад. Ҳар иштибоҳе, ки аз ин ба баъд муртакиб мешавад сад дар сад хатои худаш аст, пас, барои ҳар яки он бояд ҷавоб гӯяд. Муҳимтар аз ҳама ин дигар синну солест, ки ба фикри ба даст овардани даромади худ бояд шуд. Дигар “кумакпулӣ” талабидан аз ину он бояд боиси шарм бошад. Дар биступанҷ солагӣ инсон бояд шахсияти комилан мустақил ва ба камолрасида гардад. Чӣ аз лиҳози моддӣ ва чӣ маънавӣ, инчунин асоситарин пояҳои шахсияташ гузошта шуда бошанд. То дар идомаи зиндагӣ танҳо бо кулабори таҷриба дар атрофи ин сутунҳо бинои вуҷудашро бисозад.

Акнун мерасем ба суолҳои асосӣ: Тайи ин 28 сол бар пояи ин муқоиса ҳукумати Тоҷикистон ба кадом нуқта расида? Оё мо истиқлоли молӣ дорем? Аз назари илмӣ ба кадом муваффақиятҳо даст ёфтем? Оё метавон гуфт, ки зиндагии мо ба рифоҳ ва фаровонӣ расидааст, ё на? Суолҳои зиёде дар сарам мечарханд, бешак, дар сари шумо низ ҳоло дар ҳоли гардишанд. Пайдо кардани посух ба ин пурсишро вогузор мекунам ба худатон, то нагӯед, ки фикри шахсиямро таҳмил карданиям.

Фақат чанд вазифаи асосиеро номбар мекунам, ки бар ин назарам на танҳо ҳукумати кишвари мо, балки ҳукумати тамоми кишварҳои олам муваззафанд онро иҷро кунанд.

Ҳифзи назм ва амнияти ҷомеъа.Инҷо мешавад аз фишорҳо рӯи афроди ҷомеъа ёд кард. Яъне дар ҷомеъаи озод ва дар кишвари демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд набояд ҳеч шаҳрванде аз тарафи дигар шаҳрванд ё гурӯҳи махсусе аз иҷтимоъ ба хотири дидгоҳи сиёсӣ, мавқеи иҷтимоъӣ, ё боварҳои динияш таҳти фишор ё тамасхур қарор гирад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад пайрави ҳар дине, ки мехоҳад ва ҳар дидгоҳи сиёсие, ки дуруст мешуморад, бошад. Дар сурате, ки ба озодии дигар шаҳрвандони кишвар халале ворид накунад. Ҳукумат бояд барои амният ва зиндагии осуда ва босуботи ҳамаи шаҳрвандон бикӯшад.

Баровардани ниёзҳои илмӣ ва маънавии мардум. Ин бадон маънест, ки шаҳрвандони кишвар, дар ҳар гурӯҳи синние дастрасии пурра ва озод барои омӯзиш дар тамоми мақтаъҳои илмиро дошта бошанд. Дурдасттарин деҳоти кишвар бо мактаб ва муаллимҳои мутахассис таъмин гарданд. Дар тамоми шаҳру деҳоти кишвар китобхонаҳои муҷаҳҳаз вуҷуд дошта бошанд. Марказҳои фарҳангие фаъолият кунанд, ки бо наврасону ҷавонон хоҳишманд тамринҳои театрӣ, синамоӣ баргузор намоянд ё дарсҳои мусиқӣ, чи клоссик, чӣ навин баргузор созанд. Набояд сатҳи фарҳангии наслҳои оянда вазъи ифтизоҳии кунуниро дошта бошад.

Мутаносиб ва мутаъодил сохтани ҳамаи фаъолиятҳои иқтисодӣ ва модии афроди ҷомеъа. Фикр мекунам ин бидуни ташреҳ ҳам маълум аст. Ба ҳар ҳол ишора мекунам, ки ҳукумат бояд шаҳрвандонашро бо ҷои кор ва музди муносиб таъмин намояд. Коҳиши сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, боз шудани ҷойҳои нави корӣ ва додани имконият барои роҳандозӣ кардани тиҷоратва соҳибкорӣ, бидуни тарси ғасб шудани он аз тарафи афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур ва мансабдорони қудратӣ метавонад аз асоситарин қадамҳо барои расидан ба пешрафтҳои назаррас дар кишвар бошад.

Дифоъи шоиста аз ҷомеъа дар баробари душманони берунии он. Албатта, аз назари сиёсӣ душман номидани қирғизҳо хатост. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси ахир метавон аз воқеъоти Ворух ёд кард. Яъне, дар Ворух набояд шаҳрванди Тоҷикистон кушта шавад. Ё бо ҳамсояаш задухурд карда захмӣ шавад. Агар дар маҳдудаҳои марзӣ гурӯҳҳои махсуси низомӣ ҳузур дошта бошанд, вуҷуди онҳо дар он манотиқ боиси тарс додани ҳамсоя барои таҷовуз ба хоки кишвар мешаванд ва шаҳрвандони кишвар дар амният бо хаёли роҳат зиндагӣ мекунанду бовар хоҳанд дошт, ки дар кучактарин мавориди ҳуҷуми бегонагон ҳукумат ва низомиёни аз онҳо ҳимоят хоҳанд кард.

Дар охир бояд зикр кард, ки яке дигар аз асоситарин вазоифи ҳукумат ин барои шаҳрвандонаш фазои озодро муҳайё кардан аст. Бояд озодии баён ва ҳуқуқҳои аввалияи тамоми шаҳрвандонашро муҳтарам шуморад ва онҳоро нақз накунад. Фаъолияти рӯзноманигорон, ки рӯз аз рӯз дар кишвар сахт мегардад ва кучактарин ишора ба мушкилот боиси ворид шудани номи афрод ба “рӯйхати сиёҳ” мешавад, бояд хотима ёбад. Ҳукумат се шоха дорад. Аммо шохаи номаръии он рӯзноманигоронанд. Вақте худро дар оина менигаред гиребони каҷатонро рост намегӯяд, ё кафши касифатонро тамиз нишон намедиҳад. Инчунин вазифаи оина нест, ки гиребони шуморо рост кунад, ё чирки кафшатонро тоза созад!

Рӯзноманигор ҳамон оина аст, фақат нишон медиҳад, ислоҳ кардан ё накардан дасти худи шумост!

Зеварбону Рауфӣ

Шарҳҳоро бинед (90)

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG