Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмдорӣ ё Зодагони санг набояд шишагӣ бошанд


Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон
Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Ҷолиб аст, ки аз блогҳое нашр мекунем, навиштаҳои ин рӯзноманигори ҷавон баҳси бештареро ба миён меоранд. Ба андозае ки тарафи ӯ таҳдидҳо низ садо медиҳанд. Рушан нест, таҳдидгарон аз гуфта шудани назари як бонуи ҷавон чӣ ҳарос ё аз бастани даҳони ӯ чӣ манфиат дошта бошанд.

"Блогистон" бар ин аст, ки бигзор баҳс идома кунад. Чун дар ниҳояти кор, ҳар кас аз н баҳсҳо чизе барои худ пайдо мекунад. Инак, навиштае дигар аз муаллифи "Ман ифротиям?!" ва "Аз ҳукумат чӣ мехоҳам?!", аз...

Зеварбону Рауфӣ

Чашмдорӣ ё Зодагони санг набояд шишагӣ бошанд

Вақте бардоштҳоямро аз мушоҳидаҳои худ менавиштам, тасаввур ҳам намекардам, ки ба ин қадар вокуниш рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ягон дини ҷаҳон суол мамнӯъ нест ва ман ҳам он чӣ дар дилам ҷамъ шуда, бо дӯстон дар миён мегузорам, то бубинам, ки айб дар тарзи фикри ман аст ё одамҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бо ман ҳамфикранд, аммо аз сари носозгории рӯзгор сукут кардаанд. Ростӣ, ҳанӯз ба хулосае наомадаам. Чун хелеҳо мегӯянд, ки воқеан вазъ чунин аст, вале ба гуфти шоир чӣ илоҷ “шод бояд зистан, ношод бояд зистан”, инчунин иддае ҳастанд, ки комилан мухолифанд. Онҳо аз субот мегӯянд, аз озодияшон ва аз ин, ки сад дар сад бо ҷои кор таъминанд, дар биҳишт зиндагӣ мекунанд ва умуман ҳеч мушкиле надоранд. Баъзе инсонҳои шариф низ дилсӯзона мегӯянд, шояд аз роҳат мегардӣ? Ё ҳушдорам медиҳанд: роҳе, ки меравӣ ба бунбаст мебарад! Мегӯянд сиёсат касиф асту ҳастанд одамҳое, ки бешак, талош мекунанд ба ҳар роҳе маро бишкананду осебе ба ман расонанд.

Ба ҳамаи шумо, азизон, гуфтаниям: навиштаҳои ҳар якатон бароям арзишманд аст. Ҳамаатон ба наҳваи худ ҳақ ҳастед. Бузургтарҳое, ки аз “шикастанҳо” гуфтед, бешак огоҳтар аз ман мебошед. Воқеан шикастани одамҳо кори душворе нест, аммо оё мешавад боре аз худамон бипурсем: то ба кай қарор аст моро “бишкананд”? То ба кай иҷоза медиҳем таҳдидҳо, туҳматҳо моро хурд кунанд? Мо дар дили сангҳо бузург шудаем, пас, чаро аз мо одамони шишагӣ сохтаанд? Чаро бояд бишканему фарши пеши пои дигарон бошем? Наход мо ҳақ надошта бошем озодона фикрамонро бигӯем? Бидуни бим доштан аз он, ки имрӯз ё пагоҳ дари хонаамонро мекӯбанд ё ба ҷои корамон меоянд ва ба мо “роҳи ростро” нишон хоҳанд дод!? Агар гарданшахӣ кунем, ҳатман “воситае” пайдо хоҳанд кард, то садоямон дигар баланд нашавад. То аз гунгҳо ҳам гунгтар шавем. Инро алҳақ, ки хуб баладанд. Ҳоло зиёд аз ин ҷанбаҳои масъала гуфтанӣ нестам.

Ин матлабро аслан барои чизи дигаре менависам. Мехоҳам бештар рӯи ин маврид тамаркуз кунем. Рӯи таваққуъотамон. Шояд касе бипурсад; таваққуъ, яъне чӣ? Азизам, таваққуъ, яъне умед, интизор, тақозо, чашмдошт, хост, муддао. Ба назар мерасад таваққуъ асосан ду навъ мешавад, мусбат ва манфӣ.

Замоне, ки афроди ношинос дар бораи ман ибрози назар мекунанд, навиштаҳои маро ба ину он одами таҷрибадор ё сиёсатмадор рабт медиҳанд, намедонам бояд ба ҳоли онҳо гиря кунам ё бихандам!? Таваққуъоти нобарҷояшон ва беэътимодияшон ба тавоноии дигарон ранҷам медиҳад. Мехоҳам аз пушти номҳои дуруғин берун оянд, яке ду дақиқа рӯ ба рӯям биншинанд, то бипурсамашон, ҳей бародари ман, ё, эй хоҳари гул, ту бо кадом рӯ миллати маро таҳқир мекунӣ? Ҳатто талош накун, ки пешдовариятро тавҷеҳ намоӣ! Он гоҳ, ки забон боз мекунӣ ва тамоми гуфтаҳои ҳамватанҳо ва ҳатто бегонаҳоро ба ду гурӯҳ “пешвоиюн” ва “наҳзатиюн” тақсим мекунӣ, ту ба миллати ман тавҳин кардаӣ! Фарқе намекунад, ки кистӣ! Фаромӯш накун, миллати тоҷик фақат ду фарзанд надорад! Миллати ман ду гурӯҳ; хубҳои Раҳмонӣ ё бадҳои Кабирӣ, ё бадҳои Раҳмонӣ ва хубҳои Кабирӣ нест! Мо ҳанӯз он қадар хору зор нестем, ки натавонем аз ҳуқуқамон дифоъ кунем, ба он дараҷа аз зиллат нарасидаем, ки бароямон дигарон бинвисанд. Насли ҷавон тавони онро дорад ва бояд аз гуфтаниҳояш бигӯяд. Ниёзе нест, ки зуд тахайюли қавиятонро истифода кунеду душманҳои афсонавӣ, хоҷаҳои абарқудрат барои ину он бисозед. Мавлоно як ҳикояти хуб дорад. Баққолу тутист номаш. Агар хондаед бисёр хуб, агар не, ҳатман каме аз вақти арзишмандатонро сарфи мутолеаи он кунед. Чун шумо мисли ҳамон тутӣ доред рафтор мекунед. Қурбонатон, шумо магар барои изҳори назар аз касе пул мегиред, ки иддао доред ман аз касе ё ҷое барои баёни фикр пул бигирам? Ин кудакиҳоро бигзоред! Бидонед, ҳеч як аз шаҳрвандони Меҳани мо хостори ҷанг нест. Аз ваҳшати чунин рӯзҳо Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад. Агар ҳукумати имрӯзӣ бо ҷанг сари қудрат омада ин ба он маъно нест, ки бо иваз шудани он ҳатман бояд ҷанге сурат бигирад. Бовар кунед агар 100% набошад ақалан 80-90% мардум орзӯи онро доранд, ки вазъи кишвар беҳтар шавад. Афроди корношоям, ки ҳатто беш аз андоза ҳукумат кардаанд, курсиҳоро холӣ кунанд. То кай мехоҳед ҷавонҳои миллатамро, мардуми меҳанамро бесаводу тарсу ҷилва диҳед? Чандсад нафар дар беҳтарин донишгоҳҳои дунё таҳсил кардаанд, медонед? Онҳо чаро дар Ватан нестанд, дарк мекунед? Дурӯғ гуфтан бас аст. Дигар на худро фиреб диҳед, на дигаронро! Бешак ҳар яки онҳо, ки ба умедҳои калон ба донишгоҳҳо дохил шуда таҳсил карданд, орзуи обод кардани ин Ватанро дар дил доштанду доранд. Бас аст дигар, навбати шумо сар омад, роҳро барои мутахассисони лоиқ боз кунед! Онҳо бар акси шумо, ки бадтарин таваққуъотро аз миллат доред, беҳтарин таваққуъотро барои миллату меҳанашон доранд. Фарқи таваққуъи хубро аз бад намедонӣ? Айбе надорад, бароят хоҳам гуфт.

Вақте мо ба дунё меоем волидону наздикони мо интизорие доранд, ки мо солиму солеҳ ба воя расем. Калонтар, ки мешавем таваққуъ доранд хирадманду бофаросат шавем. Дар кулл ин чашмдориҳо бо бузургтар шудани мо бузургу бузургтар мешаванд. Ин дар бораи кудакон низ сидқ мекунад, шояд вақте хурдем, намефаҳмем, вале бо гузашти вақт дарк мекунем он хоҳишҳои кудакона, амсоли рафтан ба боғи ваҳш, харидани фулон либоси зебо ё ширинии дӯстдоштаамон таваққуъоти кудаконае ҳастанд, ки аз волидонамон доштем. Лекин нуктаи муҳим ин аст, ки ба ғайр аз чашмдошти атрофиён, ҳар одами зинда БОЯД АЗ ХУДАШ НИЗ ТАВАҚҚУЪОТЕ ДОШТА БОШАД.

Ҳанӯз манзурам бароят рӯшан нест? Ишколе надорад, бо мисол мегӯям.

Масалан, як кудак ба дунё омад. Чун битавонам шаффофтар бигӯям, биё, аз саргузашти худам бигӯям. Яъне тасаввур кун, ки ин кудак манам. Рӯз аз рӯз бузург мешавам ва оҳиста-оҳиста дарк мекунам, ки атрофиёнам аз ман чӣ таваққуъоте доранд. Пас аз фаҳмидани хоҳиши онҳо ман мекӯшам, ки ба он чӣ мехоҳанд, наздик шавам. Ҳамин тавре, ки онҳо талош мекунанд кучактарин хоҳишҳои мани кудакро иҷро кунанд. Сипас, ман калонтар мешавам. Ба мактаб меравам. Инҷо дигар он лаҳзае шурӯъ мешавад, ки таваққуъоти ман нисбат ба худам оғоз мешаванд. Ман мехоҳам, дарсҳоро аз ҳама бештару беҳтару тезтар биомӯзам. То чӣ андоза муваффақ шудан дар ин росто ҳарфи ҷудост, ҳамин хостан барои расидан ба он муҳимтарин марҳила аст. Соати варзиш мешавад, фулон ҳамдарс аз ман тезтар медавад ва ҷои аввалро мегирад. Ман бо худам меандешам, хуш ба ҳолаш, ман ҳам метавониста бошам мисли ӯ хуб бидавам? Дар дарси баъди ман бояд аввал шавам. Ҳамин фикр ва талош барои дастёбӣ ба он таваққуъ аст. Солҳо сипарӣ мешаванд ва мани ҳоло навҷавон ба ин фикр мекунам, ки ба зудӣ мактаб тамом хоҳад шуд. Ман дар ин солҳо чӣ кардам? Умри ман сарфи чӣ шуд? Ба тоблӯи рӯи девори мактаб нигоҳ мекунам. Акси шогирдони беҳтарини мактаб онҷо насб шуда. Аз худам мепурсам, чаро номи ман байни ин афрод набояд бошад? Ман тавоноии намуна шуданро надорам? Ҳиссе дар ман мегӯяд талош кун, шояд ба он расидӣ? Ин чашмдории ман аз худам аст. Бо дӯсте ошно мешавам. Ӯ чӣ қадар зебо ба забони русӣ ҳарф мезанад. Охир мактаби русӣ мехонад, шояд таъсири онҷост? Садое дар дарунам мегӯяд, иштибоҳ кардӣ! Ту ҳам бирав китобҳоро варақгардон кун, шикаставу пур хато бихон. Вале бикӯш имрӯз ҳатман беҳтар аз дирӯз бошӣ! Он вақт хоҳем дид, таъсир аз куҷост. Воқеан ҳам, агар ду сол пеш “хорошо”-и русӣ ба гӯшам “хари шоҳ” менамуд, акнун ман онро хуб мешинохтам.

Бояд ба донишгоҳ биандешам. Пас аз якуним-ду сол мактаб тамом хоҳад шуд. Аз худам мепурсам, ба фиркат беҳтарин донишгоҳҳои дунё кадомҳоянд? Бедиранг пеши чашмам донишгоҳҳои “Оксфорд”, “Сорбон”, “Ҳорворд”, “Кембриҷ”-у “Стэнфорд” намудор мешаванд. Оё ман метавонам ба яке аз ин донишгоҳҳо дохил шавам? Намедонам! Лекин барои ворид шудан ба ин донишгоҳҳо бояд забони англисиро донист, на? Ман, ки англисиро намедонам. Дубора садои ошно мегӯяд. Ту ҳанӯз намурдаӣ, на? Пас то вақте зиндаӣ фурсат дорӣ! Забони англисиро биомӯз. Мегӯям, агар мушкил бошад? Посух медиҳад, бешак осон нест, аммо магар хеле намехоҳӣ? Мехоҳам! Пас ба пеш. Ва ман меравам бидуни он, ки ба муваффақ нашудан биандешам. То охирин рӯзи хатми мактаб ва ба даст гирифтани корномаам ҳамчун шогирде намуна, англисӣ мехонам. Пеши волидонам меоям. Аз он чӣ дар сарам мечархад ба онҳо мегӯям. Ту интизор дорӣ мо иҷоза диҳем ягона духтарамон таку танҳо дар шаҳри ғурбат донишҷӯ шавад? Рост мегӯянд, на? Духтар ба дунё омадан чунин “мушкилот”-е ҳам дорад. Боке нест. Ҳанӯз ҳамаи дарҳо баста нестанд. Ба ҳар ҳол ҳар куҷое бихонам, мехоҳам дар Ватанам кор кунам.

Аз худам мепурсам, аслан мехоҳӣ чикора шавӣ? Мехоҳам ба одамон кумак кунам!

Садои дарунам механдад: ин, ки касб нест. Чизе аниқтар интихоб кун!

-- Охир намедонам, шояд маро сода мепиндорӣ, лек танҳо хоҳишам ҳамин аст. Ба марг фикр кардӣ? Ман кардаам! Намедонам кай ва чӣ тавр меояд. Вале мехоҳам вақте омад, ба рӯям лабханд занад. Намехоҳам аз зиндагие, ки кардаам, пушаймон бошам. Ман дӯст дорам бо мардум бошам. Дар иҷтимоъ худро озод эҳсос мекунам. Танҳоӣ бад нест, аммо барои танҳо будан пас аз зиндагӣ фурсати зиёде ҳаст.

-- Аҷиб. Хуб ҳоло ман бояд чӣ кор кунам? Ба ҷои ту шуғл пайдо кунам?

-- На! Фақат кумак кун байни он чӣ пешниҳод мекунам, интихоб кунем.

-- Бошад!

-- Духтур – кумак кардан ба бемор ё наҷот додани ҷони касе, арзиши онро дорад, ки умрамро ба пояш гузорам.

-- Дуруст, вале агар касе аз саҳлангории ту ҷонашро аз даст диҳад? Ту метавонӣ худатро бибахшӣ?

-- На! Рост мегӯӣ, пас беҳтараш ҳуқуқшинос мешавам! Дифоъ кардан аз ҳуқуқи инсонҳо арзишашро дорад, на?

-- Хуб, лек агар натвонӣ аз шахси бегуноҳе ҳимоя кунӣ ва онро барои ҷурмҳои содир накардааш ба зиндон андозанд, ту худатро мебахшӣ?

-- На! Пас чи кор кунам? Наход коре дар дунё набошад, ки бидуни азоби виҷдон бишавад анҷомаш дод?

-- Ҳаст!

-- Кадом?

-- Аммо бояд бидонӣ, ки он аз худи ту вобастааст. Агар ҳамеша рӯи рост бошӣ, мисли алъон танҳо фикрат кумак ба мардум бошад. Ман касберо бароят мегӯям, ки метавонӣ бо анҷомаш ҳам ба мардум хизмат кунӣ, ҳам виҷдони осуда дошта бошӣ!

-- Ин қадар тӯлаш надеҳ дигар, бигӯ, кадом?

-- Журналист.

-- Чӣ? Бо рӯзноманигорӣ чи метавонам анҷом диҳам? Маро масхара дорӣ?

-- На! Дар ин роҳ ба ту зиёд санг хоҳанд зад. Аслан метавонанд туро ба бадтарин шаклҳои мумкин таҳқир кунанд, тӯҳмат зананд. Лек агар ту аз ҳақиқат бинвисӣ, агар аз хостаи дили мардум бигӯӣ, агар сипари бало бошӣ, мардум осуда хоҳанд зист. Он чӣ ту мекунӣ, шояд ҳаргиз ба чашми ҳеч кас наояд, барои ҳамин интизор надошта бош, ки касе ба ту “раҳмат” хоҳад гуфт. Ту ҳозири зиндагиятро сарфи ин кор кунӣ?

-- Охир чаро бояд маро таҳқир кунанд? Ман, ки намехоҳам, ба касе бадие карда бошам!

-- Зиндагӣ ҳамин аст. Ҳақиқати мутлақ вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҳамеша афроде хоҳанд буд, ки бо ҳарфҳои ту мухолифанд. Ихтилофро ҳама балад нестанд муаддабона иброз кунанд. Пас ту бояд барои бадтарин ҳолатҳо ҳам омода бошӣ! Ту ончиро виҷдонат дуруст мешуморад, бигӯ! Боқияшро бигзор дасти мардум. Онҳо худашон бояд хулоса бароранд бо чизе, ки ту мегӯӣ чи кунанд!

-- Тавони ман мерасад? Оё ҳамаашро тоб хоҳам овард?

-- Намедонам, ба ин худат бояд посух диҳӣ!

Аз ковиши афкорам даст бармедорам, то онҳо мисли дарёи баъд аз туғён ба оромтарин ҳолати мумкин баргарданд ва дар он лаҳза аз он қаърҳо, ки ҳоло намоён мешаванд, посухамро пайдо кунам.

-- Бошад! Ман омодаам!

-- Пас роҳат сафед бод!

-- Сипосгузорам аз ту!

Аз волидонам мепурсам, беҳтарин мактаби рӯзноманигорӣ дар Душанбе куҷост?

-- Дар донишгоҳи миллист. Барои чӣ мепурсӣ?

-- Ман дар онҷо таҳсил хоҳам кард.

Модарам мегӯянд: ками дигар фикр кун, шояд касби дигаре интихоб мекунӣ?

Падарам мегӯянд: бовар дорӣ, ки аз уҳдааш мебароӣ?

-- Бале! Ман интихобамро кардаам.

Худоро шукр, ман он мактабро тамом кардаму аз ҳамаи он бузургвороне, ки ба ман дарс гуфтанд, самимона сипосгузорам.

Ман ҳақ дорам аз худ таваққуъ дошта бошам! Ҳамватани ман, ту низ бояд аз худат таваққуъ дошта бошӣ! Ту ҳақ дорӣ! Таваққуъ доштан маънои хиёнату душманиро надорад!

Марди тоҷик агар мегӯяд: мехоҳам дар Ватанам кор кунам, аз азоби ғурбату мардикорӣ хастаам, душман нест! Таваққуъ дорад! Ҳаққаш аст. Зани тоҷик агар мехоҳад дар хонааш обу барқ доимӣ бошад, хоин нест! Ҳаққашро талаб дорад!Ҷавони таҳсилкардаи тоҷик ҳақ дорад таваққуъ дошта бошад дар Меҳанаш обрӯву ҷои кору мансаб барои мутахассисон бошад! На онҳое, ки дуруст номашонро навишта наметавонанду бо хотири хешовандӣ бо ин ё он раис вазифа мегиранд!

Бифаҳм, азизи дилам, таваққуъи он, ки дар беҳтарин ҷо таҳсил кунӣ, дар шароити беҳтаре зиндагӣ кунӣ, кори хубе дошта бошӣ, ҳаққи туст! Ин фикрҳо аз ту душман намесозанд, инҳо хиёнат нест! Ба хусус вақте барои доштани ин беҳтаринҳо талош мекунӣ! Беҳтаринҳои ту одамони дигар ва Ватани азизро низ беҳтар хоҳанд кард. Зодагони санг набояд шишагӣ бошанд.

Ман аз таваққуъоти худам гуфтам, шумо ҳам бигӯед, чӣ таваққуъ доред?

XS
SM
MD
LG