Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Зепп Блаттер дар пайи қазияи "фасод" дар ФИФА


Зепп Блаттер
Зепп Блаттер

​Зепп Блаттер, ки ҳафтаи гузашта барои бори панҷум раҳбари Федератсияи ҷаҳонии футбол интихоб шуд, рӯзи сешанбе эълон кард, ки дар пайи қазияи фасоди молӣ дар ФИФА истеъфо медиҳад.

Зепп Блаттер, президенти Федератсияи байнулмилалии футбол баъд аз ҳабдаҳ соли раҳбарияш эълон кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад. Оқои Блаттер дар бораи ин тасмимаш рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Сюрих хабар дод, аммо афзуд, то интихоби раиси нав ба иҷрои вазифааш идома хоҳад бахшид. Интихоби раҳбари нави ФИФА аз моҳи декабри соли 2015 то марти 2016 баргузор хоҳад шуд.

Истеъфои Блаттер дар ҳоле эълон мешавад, ки рӯзи 27 майи соли ҷорӣ Додситонии кулли Швейтсария хабар дод, бар зидди чанд нафар аз раҳбарони ФИФА бо гумони сӯистифода ва шустушӯи пул дар робита ба пардохти "ҷоизаҳо" дар ивази ба даст овардани ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ки дар Русия доир мешавад ва Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки Қатар мизбонаш мебошад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аз ин пеш идораи адлияи Швейтсария (FOJ) аз боздошти 7 мақоми футбол бо дархости мақомоти Амрико хабар дода буд.

Баъд аз ин боздошт бисёриҳо хостори истеъфои Зепп Блаттер шуданд ва аммо ӯ изҳор дошта буд, мақомашро тарк карданӣ нест. ФИФА 209 федератсияи футбол, футзал ва футболи соҳилӣ (пляжный футбол)-ро муттаҳид мекунад. Аз соли 1998 боз раҳбарии ин бузургтарин созмони футболи дунёро Блаттер дар даст дошт.

Зепп Блаттер ҳафтаи гузашта бори панҷум раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА интихоб шуд ва гуфта буд, то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Ӯ рӯзи 29 май, баъд аз эълони пирӯзияш дар Сюрихи Швейтсария, гуфт, "ман киштиеро бо номи ФИФА роҳбаладӣ мекунам. Бале, ман одами идеалӣ нестам, аммо ҳеч кас ҳам инсони идеалӣ нест. Мо дар якҷоягӣ пирӯз хоҳем шуд. Ба пеш, ФИФА!"

Интихоботи раиси нави Федератсияи ҷаҳонии футбол баъд аз зӯҳри 29 май бо иштироки 209 вакили конгресси ФИФА дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд ва довталабони ин курсӣ - Зепп Блаттер ва Алӣ бинни Ҳусаейн, шоҳзодаи Урдун - буданд.

Аммо ҳардуи ин довталаб натавонистанд дар даври аввал раъйи кофӣ барои пирӯзиро ба даст биоранд. Дар даври аввали ин инхтибот номзаде баранда мешавад, ки аз 209 раъйи вакилон ҳадди ақалл 140 овоз бигирад. Вале, бино ба гузоришҳо, Зепп Блаттер 133 раъй ва Алӣ бинни Ҳусейн ҳамагӣ 73 овоз гирифтаанд.

Барои дар мақоми худ боқӣ мондани Зепп Блаттер аз рақобат даст кашидани Алӣ бинни Ҳусайн “кумак” кардааст. Дар интихоботи имсола бо Зепп Блаттер ду муддаии дигар – футболбози дар гузашта маъруфи португалӣ Луиш Фигу ва раиси Иттиҳодияи футболи Ҳолланд Михаэл Ван Праг низ буданд. Аммо Ван Праг ва Фигу номзадиашонро пеш аз интихобот гирифтанд.

XS
SM
MD
LG