Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки имрӯз ба Кохи Сафед мекӯчад. Ҷо Байден кист? ВИДЕО, АКС


Ҷо Байден ва Ҷилл Байден. 19-уми январи 2021
Ҷо Байден ва Ҷилл Байден. 19-уми январи 2021

Баъд аз 50 соли фаъолият дар саҳнаи сиёсии Амрико Ҷо Байдени демократ ба курсии прзидентӣ менишинад. Оғози давраи раёсатҷумҳурии ӯ ба замоне рост омадааст, ки Амрико дар бӯҳрони амиқи сиёсӣ қарор дорад.

Доналд Трамп, президенти акнун собиқ, пирӯзии рақибашро эътироф накард. Таърихи навини Амрико ҳамчун чизеро ёд надорад.

Рӯзи 6-уми январи имсол издиҳоми ҷонибдорони Трамп бо ташвиқи ӯ ба бинои Капитол ҳуҷум бурда, ҷаласаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботро баҳам заданд. Байден билофосила аз ин амалкард танқид карда онро "тероризми дохилӣ" хонд.

Ӯ гуфт: "Демократияи Амрико таҳти ҳамлаи бесобиқае қарор гирифтааст. Ин норизоятӣ нест, ин беназмӣ аст. Ин ҳамла ба кохи Озодӣ – Капитол аст. Ин ҳамла ба волоияти қонун аст. Аз Трамп даъват мекунам, ки фавран тавассути телевизиони саросарӣ аз тарафдоронаш талаб кунад, ки бетартибиро бас кунанд."

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Пас аз чанд рӯзи интихобот, пас аз гузоришҳо дар бораи пирӯзӣ, ӯ ба ҷонибдоронаш ваъда дод, ки ҷомеаи парокандаи Амрикоро муттаҳид мекунад.

"Ваъда медиҳам, президенте хоҳам буд, ки иёлатҳоро ба худиву бегона ё сурху кабуд ҷудо накунам, балки кишварро ба Иёлоти Муттаҳида табдил диҳам", -- афзуд ӯ.

Ҷозеф Байден дар шаҳри саноатии Скрантони Пенсилвания, таваллуд шудааст. Падари ӯ ба тиҷорати мошинҳои кӯҳна машғул буд ва аз ин роҳ зиндагиро пеш мебурд, вале хонавода аз нигоҳи молӣ мушкил дошт.

Байдени ҳуқуқшинос дар 30-солагӣ дар интихоботи Сенат, палатаи болоии Конгресс, дар иёлати Делавэр пирӯз ва яке аз ҷавонтарин сенаторони Амрико шуд. Дар Сенат 36 сол кор кард, аммо шуҳрати бештарро замони президентии Барак Обама касб кард. Байден ноиби Обама буд.

Байден дар солҳои 1998 ва 2008 талош кард, номзади демократҳо ба мақоми президентӣ шавад, аммо аз ҷониби рақибони дигари ҳамҳизбияш мағлуб шуд. Аммо талоҳояш бенатиҷа набуд, дар ниҳоят, ноиби президент ва яке аз чеҳраҳои маъруф дар миёни сиёҳпӯстон шуд.

Шарҳи ҳоли Ҷо Байден. Наворро бинед:

Шарҳи ҳоли Ҷо Байден, президенти мунтахаби Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:24 0:00

Барномаи Байден "Бозсозии беҳтар аз қабл" ном дорад, ки ҳадафи асосиаш кумак ба иқтисоди Амрико, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкили 3 миллион ҷойи нави корӣ аст.

Ӯ дар авҷи пандемияи коронавирус ба кор шуруъ мекунад. Ин беморӣ дар Амрико боис ба марги тақрибан 400 000 нафар шудааст. Ҷо Байден ваъда дод, ки маъракаи ваксинзанӣ ба зидди коронавирусро фаъолтар мекунад: "Вазъ метавонад, боз бадтар шавад. Ҳадафи аслии ман таҳти назорат гирифтани сирояти вирус аст. Талош мекунам, дар 100 рӯзи аввали президентиам 100 миллион нафар ваксина бигиранд."

Байден нақша дорад, дар сиёсати ҷаҳонӣ Амрикоро ба ҷойгоҳи аввалааш баргардонад. Дар раванди маъракаи интихоботии худ возеҳ гуфт, ки хостори бозгашт ба созиши атомӣ бо Эрон аст. Доналд Трамп Амрикоро соли 2018 аз ин созиш берун кард ва таҳримҳои ба зидди Теҳронро баргардонд.

Байден ҷонибдори мавқеи шадид дар баробари Русия аст. Ӯ ҷанги Украина ва дахолати эҳтимолиашро ба интихоботи президентии он кишвар маҳкум карда буд. Президенти тозаинтихоб мехоҳад, муносибати сардшудаи Амрикоро бо шариконаш, ки Трамп ба он сабаб шуд, низ барқарор кунад.

Нисбат ба Байден ҳам мисли рақибаш Трамп айбномаҳое дар мавриди озори занон паҳн шуда буд. Яке аз занони ҳамкораш ӯро ҳатто ба озори ҷинсӣ айбдор кард, аммо Байден ин иттиҳомро қотеона инкор мекунад.

Байденро ҳамчунин барои он танқид мекунанд, ки замони ноиби раиси ҷумҳур будан, писараш Ҳантер узви Шӯрои мудирони ширкати гази "Бурисма" дар Киев шуд. Падару писар мегӯянд, ягон қонуншиканӣ накардаанд.

Ҷо Байдени 78-соларо яке аз кӯҳансолтарин президентони Амрико ҳам мегӯянд. Баъзан ӯ ба хатоҳои номуносибе роҳ медиҳад, ки боиси шак кардани рақибонаш ба кордонии ӯ мешавад. Аммо дар ҷараёни мунозираҳои интихоботӣ ӯ бо боварии ба худ хос пеш рафт.

Сенатор аз Калифорния ва собиқ додситони кул Камола Ҳаррис ноиби президенти мунтахаб шуд. Ӯ яке аз се зани аввалини сиёҳпӯст дар таърихи Амрико аст, ки аз бузургтарин ҳизб номзад ба мақоми ноиби президент мешавад.

XS
SM
MD
LG