Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Амрико ба тазоҳуроти эҳтимолӣ ва хушунатомез омодагӣ мегиранд


Сарбозони Горди миллии Амрико дар назди бинои Конгресс

Мақомот дар шаҳри Вашингтон, пойтахт ва дар саросари марказҳои иёлатҳои Амрико худро барои пешгирӣ аз тазоҳуроти эҳтимолии хушунатомез дар остонаи маросими адои савганди президенти мунтахаб Ҷо Байден омода мекунанд.

Ҳазорон нафар аз сарбозони Горди миллӣ барои таъмини амният дар Вашингтон сафарбар шудаанд ва мақомот қасд доранд, роҳу пулҳо ба самти ин шаҳрро бубанданд. Иншооти таърихӣ ва муассисаҳои муҳими Вашингтон чанд рӯз аст, ки дар муҳосираи неруҳои амниятӣ ҳастанд ва дастнорас шудаанд.

Айни замон губернаторон дар иёлатҳои Амрико сарбозони Горди миллиро барои таъмини амният хостаанд ва дар остонаи маросими адои савганд, ки рӯзи 20-уми январ сурат мегирад, вазъи фавқуллода эълон кардаанд.

Нигарониҳо дар Вашингтон рӯзи 16-уми январ ва баъди он зиёд шуд, ки гузориш расид, як марди мусаллаҳеро дастгир кардаанд, ки хостааст, бо туфангу тири зиёд ва санадҳои қалбакӣ аз посгоҳи пулис гузарад ва дар маросими адои савганд ширкат кунад.

Бино ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон Пост” ин мардро баъди бозпурсӣ дар додгоҳ ҷавоб додаанд. Ӯ ба мақомот гуфтааст, ки дар як ширкати амниятӣ кор мекунад ва фаромӯш кардааст, ки силоҳашро дар хона бигузорад. Фарди боздоштшуда гузориши пулис дар бораи мусодираи миқдори зиёди тир дар мошинашро рад кардааст.

Пулис ба раҳо кардани ин фард мухолифат накардааст ва ба навиштаи “Вашингтон Пост” ӯ бо ҳеҷ ифротие иртибот надоштааст ва ба тамоми суолҳои мақомоти интизомӣ бе истиҳола посух додааст.

Мақомот чораҳои амниятиро барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои шабеҳи рӯзи 6-уми январ тақвият додаанд. Дар он рӯз, издиҳоме аз тарафдорони хушунатҷӯи раиси ҷумҳур Доналд Трамп, ҳангоми ҷаласаи тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар интихобот ба бинои Конгресс ва ё порлумони Амрико ҳуҷум бурданд. Дар натиҷаи ҳуҷум ва бетартибиҳои он рӯз 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тадобири амниятӣ дар иёлатҳои Амрико

Губернаторони даҳҳо иёлати Амрико аз Горди миллӣ хостаанд, ки дар ин рӯзҳо ҷиҳати дастгирии мақомоти интизомӣ ва муҳофизати биноҳои ҳукуматӣ ба онҳо кумак кунанд. Ҷо Гаспер, сардори идораи пулиси Мичиган рӯзи 15-уми январ гуфт: “Мо барои бадтарин вазъ омода шудаем, вале умедворем, онҳое, дар маркази иёлати мо эътироз мекунанд, ин корро оромона, бе зӯроварӣ ва бе вайрон кардани молу амвол анҷом медиҳанд.”

Дар инҷо барои муҳофизати бинои ҳукумат девори думетрӣ кашидаанд. Гейвин Нюсом, губернатори иёлати Калифорния низ 1000 сарбози Горди миллиро ба иёлат оварда дар атрофи бинои ҳукумат девор кашидааст. Ӯ гуфтааст, ки барои амнияти мардум манобеъ ва неруи зиёдеро сафарбар кардаанд, вале айни замон “ҳеҷ гуна зӯровариро таҳаммул” нахоҳанд кард.

Губернаторони иёлатҳои Висконсин, Оҳайо, Индиана, Канзас ва Пенсилвания эълон карданд, ки муассисаҳои ҳукуматиро мебанданд ва ё вуруди мардум ба онҳоро маҳдуд мекунанд. Губернаторони Мериленд, Ню Мексико ва Юта дар иёлатҳояшон вазъи фавқуллода эълон карданд.

Девору симхор дар атрофи бинои Конгресси Амрико
Девору симхор дар атрофи бинои Конгресси Амрико

Вашингтон, ки кӯчаву хиёбонҳояш ҳамеша пурғавғо аст, баъди бастани муассисаву роҳҳо ҳоло холиву сокит ба назар мерасад. Бинои Конгрессро бо садди баланди симхордор иҳота кардаанд. Шаҳрдори Вашингтон гуфт, ҳар нафарро, ки ба маҳалли маросими адои савганд, ворид мешавад, эҳтимол дорад, ки манъу бозпурсӣ кунанд.

Маросими адои савганд дар маркази Вашингтон, дар назди бинои Конгресс сурат мегирад, ки як майдони азиме дорад ва дар ду тарафи он осорхонаву маконҳои таърихӣ ҷойгиранд. Мақомоти Амрико ҳамчунин атрофи Кохи Сафедро ҳам бастаанд. Қабл аз ҳуҷум ба Конгресс ҳам интизор мерафт, ба сабаби пандемияи коронавирус маросими адои савганд бо ҳузури ками мардум сурат бигирад.

Доналд Трамп, ки ҳафтаҳо бардурӯғ иддао мекард, пирӯзиро аз ӯ дуздидаанд, субҳи 20-уми январ ва қабл аз маросими адои савганди Ҷо Байден ба бошгоҳи бозии голфи худ бо номи Мара Лаго ба Флорида меравад. Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи 13-уми январ ӯро расман ба қонуншиканӣ ва барангехтани ошӯб муттаҳам кард ва қарор аст, айни кор дар Сенат палатаи болоии Конгресс ва баъди маросими адои савганди Ҷо Байден сурат бигирад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG