Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Байден гуфт, барои додани шаҳрвандӣ ба 11 млн муҳоҷири ғайриқонунӣ талош хоҳанд кард


Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.

Камала Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико таъкид кард, ки ҳукумати Ҷо Байден тарҳеро барои ҳалли мушкили иқомати 11 миллион муҳоҷире, ки бе санади қонунӣ дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, ба Конгресс хоҳад фиристод.

Додани шаҳрвандии Амрико ба 11 миллион муҳоҷире, ки санади иқомати қонунӣ дар ин кишварро надоранд, аз ҷумла муҳоҷирони ҷавон, аз ваъдаҳои интихоботии Ҷо Байден буд.

Ӯ дар охирин мунозираи интихоботии худ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, низ гуфта буд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, давоми 100 рӯз тарҳеро барои ҳалли ин мушкил ба Конгресс пешниҳод хоҳад кард, то заминаи додани шаҳрвандӣ ба ин афрод фароҳам шавад.

Камала Ҳаррис рӯзи душанбеи 28-уми декабр дар "Твиттер" навишт, ки раиси ҷумҳури мунтахаб чораҳои лозимро барои муҳофизат аз муҳоҷирон рӯи даст хоҳад гирифт ва тарҳеро ба Конгресс мефиристад, ки дарбаргирандаи нақша барои додани шаҳрвандӣ ба 11 миллион нафаре аст, ки санад надоранд".

"Dreams" ба он даста аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ гуфта мешавад, ки вақте кӯдак буданд, ба Амрико оварда шуданд. Ҳукумати Барак Обама дар замони худ барномаеро барои ҳимояи ин афрод ва пешгирӣ аз ихроҷи онҳо аз Амрико иҷро кард. Аммо ҳукумати Трамп дар садади бекор кардани ин барнома буд ва дар ниҳоят Додгоҳ олии Амрико монеи иҷрои ин тасмими Доналд Трамп шуд. Ҳудуди 800 ҳазор муҳоҷири ҷавон таҳти пушиши ин барнома ҳастанд.

Хонум Ҳаррис ҳамчунин дар паёми твиттерии худ ваъда дод, ки дар 100 рӯзи нахусти ҳукумати Ҷо Байден чораҳои лозимро барои пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 рӯи даст хоҳанд гирифт ва Амрико ба Созиши иқлимии Порис бархоҳад гашт.

Доналд Трамп Амрикоро аз Паймони обу ҳавоии Порис хориҷ ва шуморе аз муқаррароти муҳитзистиро ҳазф кард. Аммо Ҷо Байден мубориза бо тағйироти иқлимӣ ва бозгашт ба ин созишро аз авлавиятҳои аслии ҳукумати худ хондааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG