Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар ҳукуматаш киҳоро ба кор мегирад?


Ҷо Байден моҳи январ дар курсии раиси ҷумҳури Амрико менишинад.
Ҷо Байден моҳи январ дар курсии раиси ҷумҳури Амрико менишинад.

Ҷо Байден, президенти тозаинтихоби Амрико гуфт, ки генерали бознишаста Ллойд Остинро ба мақоми вазири ояндаи дифои кишвар пешниҳод кардааст. То ҳол Байден номи мақомҳои баландпояи масъули сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии дар ҳукуматашро эълон карда буд.

Интизор меравад, ки Марсиа Фаҷ, як узви Конгресс аз демократҳои иёлати Оҳайо ба мақоми вазири хонасозиву рушди шаҳрҳо ва Том Вилсак губернатори собиқи Айова ба мақоми вазири кишоварзӣ таъйин шаванд.

Хабаргузории Reuters чанд номзади муҳим дар мақомҳои ояндаи Кохи Сафедро муаррифӣ кардаст:

Вазири дифоъ: Ллойд Остин

Остин як низомии собиқадор буда, замони президентии Барак Обама фармондеҳи нируҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна буд. Агар номзадии ӯ тасдиқ шавад, Остин нахустин сиёҳпӯсти Амрико мешавад, ки дар мақоми вазири дифоъ кор хоҳад кард. Ӯ соли 2016 ба нафақа рафт ва барои тасдиқи номзадии ӯ Конгресс бояд ризоият бидиҳад. Барои кор дар ин мақом шахс набояд ҳадди аксар 7 соли охир дур аз ихтисосаш кор карда бошад. Остинро як стратеги моҳир меноманд, ки донишҳои васеъи низомӣ дорад.

Вазири беҳдошт ва захираҳои инсонӣ: Хавийер Бессера

Бессера додситони иёлати Калифорния, дар гузашта вакили Конгресс будааст ва дар қабули барномаи бимаи дастраси тиббӣ, ки дар миёни мардум бо номи президенти собиқ Obamacare маъруф аст, нақши фаъоле доштааст. Ӯ дар мақоми додситони вилоятӣ раҳбарии эътилофи иборат аз 20 иёлатро ба уҳда дошт, ки аз ин барнома, аз ҷумла, моҳи гузашта дар назди Додгоҳи Олӣ ҳимоят кардааст.

Раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо: Рошелл Валенски

Валенски ҳоло сардори Шифохонаи бемориҳои сироятии Массачусеттс ва профессори Мактаби тиббии Ҳарвард мебошад. Нақши ӯ дар тими Байден дар мубориза бо коронавирус калидӣ хоҳад шуд.

Ҳамоҳангсози тадбирҳои зидди коронавирус: Ҷефф Зиентс

Зиентс мушовири иқтисодӣ буда, дар мудирияти барномаи Obamacare саҳм гузоштааст. Зери раҳбарии Байден ӯ қарор аст, амалиёти тақсими миллионҳо ваксина ва назорату ҳамоҳангсозии талошҳои оҷонсиҳои федеролӣ дар ин самтро назорат мекунад.

Ҷарроҳи низомӣ: Вивек Мурси

Вивек Мурси моҳҳои охир ба ҳайси узви тими Байден дар тадбирҳои марбут ба муқобила бо коронавирус маъруф шуд. Байден гуфтааст, ки мубориза бо коронавирус ҳадафи стратегии ӯ хоҳад буд.

Вазири молия: Жанет Йеллен

Раиси собиқи Бонки Марказии Амрико баъди барканориаш аз ин мақом дар соли 2018, яке аз ширкатдорони фаъоли баҳсҳо дар Пажӯҳишгоҳи таҳлилии Брукинг буд.

Идораи мудирият ва буҷа: Нира Танден

Танден президенти Маркази таҳлилии пешрафти амрикоӣ аст, ки дар эҷоди барномаи Obamacare нақши фаъоле доштааст.

Шӯрои мушовирони иқтисодӣ: Сесилиа Роуз

Роуз мутахассиси иқтисодӣ дар масоили кор аст ва дар Маркази умури ҷамъиятиву байналмилалии Принстон дар мақоми декан кор мекунад. Таҳқиқоти илмии ӯ ба иқтисоди соҳаи маориф ва нобаробарии иҷтимоӣ бахшида шудааст. Солҳои 2009 то 2011 ба ҳайси узви Шӯрои мушовирони иқтисодии Обама кор кардааст.

Вазири умури хориҷӣ: Энтони Блинкен

Як ҳамкори собиқадори Байден дар вазорати умури хориҷӣ шахси дуюм буда, дар маъмурияти Обама ба ҳайси муовини мушовири амнияти миллӣ кор кардааст

Мушовири амнияти миллӣ: Ҷейк Салливан

Замоне, ки Байден дар мақоми муовини президенти Обама кор мекард, Салливан ҳам дар мақоми муовини раиси ситоди котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон кор кардааст.

Вазири умури дохилӣ: Алеҳандро Майоркас

Ҳуқуқшиноси зодаи Куба аввалин лотинитабор ва муҳоҷире мешавад, ки раҳбарии вазорати умури дохилиро ба ӯҳда мегирад. Ӯ замони Обама дар мақоми Хадамоти шаҳрвандиву муҳоҷират кор карда дар татбиқи барномаи “Орзупарварҳо” барои кӯдакони ба Амрико муҳоҷиршуда саҳмгузор будааст. Ин барнома мавриди интиқоди ҷумҳурихоҳҳо қарор гирифтааст ва интизор меравад, ки номзадии Майоркас ҳам дар Сенат бо ихтилофҳои ҷумҳурихоҳҳо рӯбарӯ шавад.

Раиси идораи иттилооти миллӣ: Аврил Ҳайнес

Замони Обама Ҳайнес муовини мушовири амнияти миллӣ ва дар гузашта нахустин зане буд, ки дар мақоми муовини раиси Оҷонсии марказии истихборот кор кардааст. Ӯ баъди тарки маъмурияти Обама карданаш дар соли 2017 дар донишгоҳи Колумбия дар чандин мақом кор кардааст.

Сафири ИМА дар СММ: Линда Томас-Гринфилд

Пешбарии номзадии Томас-Гринфилд дар ҳолест, ки Байден мехоҳад мақоми сафири ИМА дар СММ-ро то ба мартабаи баробар бо узви кабинаи ҳукуматӣ баланд кунад. Ӯ як зани сиёҳпӯст аст ва солҳои 2013 то 2017 дар Африқо ба ҳайси сафири ИМА кор кардааст. Дар замони сар задани эпидемияи Эбола дар Саҳрои Африқои Ҷанубӣ ӯ раҳбарии сиёсати ИМА-ро ба дӯш дошт

Намояндаи вижаи президент дар умури муҳити зист: Ҷон Керри

Собиқ сенатор ва котиби пешинаи давлатии ИМА Ҷон Керри дар мақоми “шоҳи муҳити зист” кор хоҳад кард. Байден дар талоши бозгашт ба созиши муҳитзистии Париж мебошад, Керрӣ дар музокироти имзои ин созиш саҳмгузор мебошад.

Раиси ситоди Кохи Сафед: Рон Клейн

Ӯ як мушовири деринаи Байден буда, дар масоили мисли муқобила бо Эболаа таҷриба дорад. Дар вазифаи раиси ситоди Кохи Сафед Клейн бо таҳияи нақшаву дидгоҳҳои президент машғул хоҳад шуд

Номзадҳои калидӣ ба мақомҳои дигар:

Додситони кулл

Салли Йетс дар мақоми муовини додситони кулл кор карда, дар замони Трамп ҳам як муддати кӯтоҳ дар мақоми додситони кулл ифои вазифа кардааст. Ӯро баъди он аз кор барканор карданд, ки ба маҳдуд кардани сафари шаҳрвандони 7 кишвари мусалмоннишин мухолифат нишон дод.

Даф Ҷонс – додситони собиқи федеролӣ, ки дар бахши ҳуқуқи маданӣ бисёр кор кардааст ва соли 2017 дар Сенат аз иёлати Алабама намоянда шуд.

Том Перес –вазири собиқи кор ва раиси бахши ҳуқуқи мадании Вазорати адлия.

Вазири энержӣ

Элизабет Шрювуд-Рендолл – мушовири собиқи Байден дар Сенат, дар замони Обама дар мақоми муовини вазири энержӣ кор кардааст.

Орун Маҷумдар – Аввалин раиси Оҷонсии энержии департаменти давлатӣ буд ва сармоягузорӣ ба бахши рушди фанновариҳои энержиро ташвиқ кардааст.

Ҷей Инсли – Замони талошаш барои мубориза барои ширкат дар интихоботи президентӣ дар соли 2019 дар масоили тағйироти иқлим тамаркуз кардааст.

Эрнест Мониз – Физики соҳаи нирӯи атомӣ дар давраи Обама дар мақоми вазири энержӣ кор кардааст.

Оҷонсии муҳофизати муҳити зист

Ҳезер МакТир Тони – Дар аҳди Обама дар мақоми раиси минтақавии ин оҷонсӣ кор кардааст.

Мери Николс – Дар аҳди президент Билл Клинтон собиқ ёвари мудири раиси Оҷонсии ҳимояти муҳити зист будааст.

Коллин Омара – Раиси кулли Федератсияи миллии ҳаёти вуҳуш ва мушовири масоили энерживу муҳити зисти Байден.

Хадамоти Истихборотии Амрико (CIA)

Майкл Морелл – Дар аҳди Обама ду дафъа дар мақоми муовини раиси CIA кор кардааст. Ҳоло дар ширкати Beacon Global Strategies ба ҳайси мушовири масоили хатарҳои геополитикӣ кор мекунад

Том Донилон – дипломати собиқадор дар аҳди Обама – мушовири амнияти миллӣ буд. Барои боло бурдани равобити Вашингтон бо қораи Осиё хеле талош кардааст. Донилон аз мушовирони собиқадори Байден ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG