Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар ҷараёни интиқоли қудрат ба гузоришҳои амниятӣ дастрасӣ пайдо мекунад


Ҳамарӯза президент Доналд Трамп гузоришҳои амниятиро бо номи  “Иттилоияи ҳамарӯзаи президент” дастрас мекунад ва ин гузоришҳо мӯҳри махфӣ дорад
Ҳамарӯза президент Доналд Трамп гузоришҳои амниятиро бо номи  “Иттилоияи ҳамарӯзаи президент” дастрас мекунад ва ин гузоришҳо мӯҳри махфӣ дорад

Кохи Сафед ба президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден иҷоза дод, ки гузоришҳои махфии амниятиеро, ки ҳамарӯза ба номи президент омода мешаванд, дастрас бикунад. Гузоришҳо бо номи “Иттилоияи ҳамарӯзаи президент” вазъи бехатариву амниятӣ дар саросари ҷаҳонро гунҷоиш медиҳад. Иҷозати дастрас шудани ин гузоришҳо аз ҷониби Байден рӯзи 24-уми ноябр дода шуд ва ин як рӯз баъди он буд, ки маъмурияти Трамп гуфт, ҷараёни интиқоли қудрат ба тими Байден шурӯъ мешавад. Байден ба журналистон дар шаҳри Вилмингтони аёлати Делавар гуфт, дар ҳоле, ки иҷоза ба дарёфти гузоришҳои амниятӣ дода шудааст, то ҳол ҳеҷ матлабе ба дасташ нарасидааст. Ӯ гуфт, шояд аз фардо ба ин гузоришҳо дастрасӣ пайдо кунад. На Байден ва на аъзои тимаш баъди эълони пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 3-юми ноябр ҳамчун муқаррароти давраи гузариш аз як президент ба президенти нав ба маъмуриятҳои раёсатҷумҳурӣ роҳ дода нашуданд. Танҳо рӯзи 23-юми ноябр раиси Хадамоти умумӣ, ки ташкили корҳои давраи гузор ҳам дар ихтиёри он аст, гуфт, ки ҷараёни интиқоли умур расман шурӯъ мешавад. То он замон Байден аллакай исми бархе мақомдоронро ба унвони аъзои тими худ дар Кохи Сафед муаррифӣ кард. Байден гуфт, тими ӯ барои кор омода аст ва ба фарқ аз шиори Трамп, ки мегуфт, “Амрико аввал аст”, гуфт, омода аст дубора нақши пешбарандаи кишварро дар умури байналмилалӣ барқарор кунад.

XS
SM
MD
LG