Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва мушкили муҳоҷират. Трамп чӣ кард, Байден чиро тағйир хоҳад дод?


Муҳоҷирони дар ҳоли интизор. Мексика, моҳи январи 2019
Муҳоҷирони дар ҳоли интизор. Мексика, моҳи январи 2019

Интизор меравад, президенти мунтахаб Ҷо Байден баробари шурӯи кор сиёсати баҳсбарангези муҳоҷирати даврони президент Доналд Трампро тағйир бидиҳад. Гузоришгари “Садои Амрико” Элин Баррос ба барномаҳои Байден, ки ба сиёсати давлатии муҳоҷирон, паноҳҷӯён ва гурӯҳҳои дигар рабт мегирад, нигоҳе андохтааст.

  • Манъи сафар.
  • Маҳдудият дар низоми паноҳҷӯиву муҳоҷират.
  • Ҷудо кардани аъзои оилаҳо ва талош барои барҳам додани барномаи DACA.

Ин чанде аз барномаҳои муҳоҷирати президент Доналд Трамп аст, ки президенти мунтахаб Ҷо Байден ваъда дод, бозбинӣ хоҳад кард.

Маурин Свини, профессори илми ҳуқуқ мегӯяд, “ҳар коре, ки президент Доналд Трамп ба таври якҷониба анҷом дод, онҳо ҳам метавонанд ба таври якҷониба бекор кунанд. Масалан, интизори ман ин аст, ки маҳдудияти сафар бардошта мешавад. Эҳтимол, ҳамингуна зуд маҳдудиятҳои марбут ба паноҳҷӯён тағйир дода мешаванд. Бешубҳа президент аз ӯҳдаи ин чизҳо баромада метавонад."

Талошҳои Трамп барои бастани барномае, ки кӯдакони муҳоҷирро ба расмият мешиносад, дар чаҳор соли раёсатҷумҳуриаш бо эътирозҳо рӯ ба рӯ шуд. Барнома дар давраи Барак Обама қабул шудааст.

Трамп гуфт, барнома боиси “афви ғайриқонунӣ” мешавад, вале айни замон ваъда дод, агар Конгресс иқдом кунад, ба ширкаткунандаҳои барнома ёрӣ мекунад. Ӯ гуфта буд, “ман ба ин мардум муҳаббат дорам. Умед дорам, Конгресс ба онҳо ёрӣ карда метавонад ва ин кор дуруст анҷом мешавад.”

Вале Конгресс коре накард ва сарнавишти барнома дар додгоҳҳо дармонд. Қарори охирини додгоҳ ин аст, ки оҷонсиҳои муҳоҷирати Амрико барномаи DACA-ро нигоҳ доранд. Мухолифони барнома таҳдид кардаанд, ки барои бекор шудани он то охир мубориза мебаранд

Барои кушодани гиреҳи барномаҳои дигари марбут ба муҳоҷират фурсат лозим мешавад. Профессор Свини мегӯяд, “аз назари бекор кардани сиёсати маъмурияти Трамп дар заминаи тақдими паноҳандагӣ шояд кор ба сахтӣ пеш биравад.”

Ҳамчун бахше аз назорати марз бо Мексика ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ Трамп санадеро бо номи Протоколи ҳимояти муҳоҷирон эҷод кард. Ин протокол аз муҳоҷирон талаб мекунад, дар шаҳрҳои ҳаммарз бо Мексика омада, мунтазири натиҷаҳои қарори додгоҳҳои Амрико монанд. Коршиносон мегӯянд, бекор кардани ин санад мушкилтарин бахши кор хоҳад шуд.

Сара Пирс аз Пажӯҳишгоҳи сиёсати муҳоҷират гуфт, “ба назари ман, онҳо ин масъаларо зуд ҳал намекунанд. Албатта, дар давраи аввал онҳо қабули одамони навро дар чаҳорчӯби Протоколи ҳимояти муҳоҷирон хотима медиҳанд ва ё онҳо дар Мексика мемонанд.”

Мухолифони қарорҳои Трамп ба зарурати бекор шудани ин санад пойфишорӣ доранд. Лора Райс, муҳаққиқи калон дар Бунёди Мерос мегӯяд, “маъмурияти Трамп талош дошт, ба ниятҳои аввалааш баргардад, ниятҳои Конгресс, ки бисёри ин барномаҳоро эҷод карда буд. Ба назари ман, дар маҷмӯъ, маъмурият ба ин тағйирот таваҷҷӯҳи хеле зиёд зоҳир кардааст.”

Дар робита бо барномаи муҳоҷират, ки дар давраи Трамп ба сатҳи рекордии поинтарин фаромад, Байден ваъда дод, шумори ҳадди аксари муҳоҷирони қабулшавандаро дар кишвар то 125 ҳазор нафар афзоиш медиҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, барои расидан ба ин ҳадаф заҳмати бештар лозим мешавад.

Мишел Васлин аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти муҳоҷират дар назди Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон гуфт, “бисёр оҷонсиҳое, ки машғули сарпаноҳ додан ба муҳоҷирон буданд, баста шуданд. Онҳое, ки дар ин бахш кор мекарданд, ҷойи корашонро дигар карданд. Бисёриҳо ба он хотир, ки мо дигар аз қабули муҳоҷирон даст кашидем, кори худро партофтанд. Аз ин рӯ, бояд ин созмонҳоро барқарор кунем ва онҳоро назар ба гузаштаҳо пурқувваттар гардонем.”

Бо ин вуҷуд, ба эҳтимоли зиёд, бо сабаби пандемияи коронавирус ва таъсири амиқи он ба иқтисоди Амрико, мавзӯи муҳоҷират ва бозбинӣ шудани сиёсатҳои ҳукумат дар ин бахш дар авлавияти кори Байден нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG