Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико додани визаи кориро то охири соли 2020 қатъ кард


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Доналд Трамп, президенти Амрико, қарореро имзо кард, ки ба таври муваққатӣ вуруди як гурӯҳи коргарон, аз ҷумла кормандони соҳаи технология ё фанновариҳоро манъ мекунад.

Қарор рӯзи 22-юми июн имзо шуда, то охири имсол амал мекунад ва ба амиқтар шудани мушкили бекорӣ дар давраи пандемия рабт мегирад. Интизор меравад, иҷрои он ба ним миллион хориҷии машғули кор дар Амрико низ таъсир гузорад.

Дар баёнияи содиршуда аз сӯи раиси ҷумҳур Трамп омадааст, "дар идораи низоми муҳоҷиратии кишварамон бояд ҳушёрии комилро ҳифз кунем. Ба хусус дар шароити фавқулодаи феълӣ дар пайи бекории густурда ва коҳиши тақозо барои нерӯи кор дар дохил".

Моҳи апрел ҳам қароре нисбат ба ҳаққи кори шаҳрвандони хориҷӣ бо сабаби пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд. Қарори ахир ба соҳибони визаҳои навъи Н-1В, ки ба мутахассисони сатҳи баланд ва ҳам соҳибони визаҳои навъи H-2B ва J-1, ки барои корҳои мавсимии ғайрикишоварзӣ дода мешаванд, рабт мегирад.

То соли оянда инчунин интиқоли коргарон ба Амрико бар асоси визаҳои навъи L-1 номумкин мешавад.

Танҳо чанд истисно ба кормандоне рабт дорад, ки дар бахши коркарди ғизо кор мекунанд ва ин бахш 15 дарсади визаҳои навъи Н-2В-ро фаро мегирад.

Бекорӣ дар ИМА дар моҳи май 13,3 дарсадро ташкил медод, дар ҳоле, ки оғози сол 3,5 дарсад буд. Моҳи май шумораи бекорон дар ИМА 21 миллион нафарро ташкил дод. Дар ҳоле ки иёлатҳои мухталиф ба бекор кардани маҳдудиятҳо шуруъ кардаанд, пешгӯӣ мешавад, ки бекорӣ солҳои дароз идома хоҳад кард.

Эрик Роҳенгре, президенти Бонки федеролии захираҳои Бостон, рӯзи 22-юми июн гуфт, ки қисми дуюми сол "метавонад барои мардум боз сангинтар шавад", чун паҳншавии коронавирус то ҳол дуруст пешгирӣ нашудааст.

Трамп, ки ба интихоби дуборааш дар моҳи ноябр умед дорад, бо поинравии мизони маҳбубияти ҷамъиятӣ ба хотири бекории шадид рӯбарӯ шудааст.

Ҳафтаҳои охир дар Вашингтон чунин овозаҳо паҳн шуд, ки шояд мақомот дар андешаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар бахши муҳоҷират шаванд. Дар миёни тарафдорони сиёсии ӯ ин мавзӯъ ҳамеша пуштибон доштааст.

Вале тиҷоратҳову ширкатҳои азим баръакс аз Трамп хостаанд, ки чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ накунад, чунки кори онҳо халалдор ва суръати рушди иқтисодии кишвар суст мешавад.

Стюарт Андерсон, раҳбари иҷроияи Бунёди миллии сиёсати Амрико, як муассисаи таҳқиқотӣ дар сӯҳбат бо нашрияи The Wall Street Journal гуфт, ки далели таъсири маҳдудиятҳои виза ба бекорӣ вуҷуд надорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG