Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо дигар тарс надорем". "Тихоновскаяи туркман" ба мубориза даъват кард


Дурсултон Таганова, фаъоли сиёсии туркман.
Дурсултон Таганова, фаъоли сиёсии туркман.

Дурсултон Таганова, муҳоҷири туркман, тахминан чаҳор моҳ пеш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба зидди Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, изҳорот дод ва дар раҳпаймоиҳои мухолифон дар Туркия иштирок кард.

Ӯ 29-сола ва зодаи вилояти Лебап (Лаби Об) аст. Пас аз иштирок дар намоишҳои эътирозӣ дар назди консулгарии Туркманистон дар Истанбул, се моҳ дар боздоштгоҳ буд ва баъди ин ба як чеҳраи мухолифони туркман дар хориҷа табдил ёфт.

Таганова дар ин эътирозҳо аз шеваи бархӯрди мақомоти Туркманистон ба пандемияи коронавирус танқид кард ва ба истеъфои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват намуд. Дар Туркманистон, бо вуҷуди мавридҳои зиёди гирифтории мардум ба пневмонияи ғайримаъмулӣ, мақомот ҳеч гоҳ вуҷуди коронавирусро эътироф накардаанд.

Дорсултон Таганова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми октябр гуфт, "рӯзи 19-уми июл ҳамроҳ бо муҳоҷирони дигар бо талаби ин ки ҳукумат барои ҳимояти мардум аз ин вируси марговар иқдом бикунад, дар эътироз иштирок кардам".

Ӯ афзуд, "дар ҳоле ки ҳукумат мегӯяд, дар Туркманистон коронавирус вуҷуд надорад, мардум мемиранд. Чанд хешованди ман аз ин вирус даргузаштанд. Ҳукумат мардумро бо пандемия танҳо гузоштааст".

Изҳороти Таганова дар миёни гурӯҳҳои дигари муҳоҷирон, аз ҷумла дар Амрико вокунишу пуштибонӣ ба бор овард ва онҳо дар муқобили намояндагиҳои дипломатии Туркманистон тазоҳурот карданд.

МАЪРАКАИ "СИЁҲКУНӢ"

Бино ба вокуниши мақомоти Туркманистон, Таганова ба як шахсияте табдил шуд, ки ҳукумати Ишқободро бештар аз ҳар намояндаи дигари мухолифон дар ҳарос гузошт.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар вилояти Лебап мақомот даст ба маъракаи сиёҳкунии Таганова заданд. Оилаи ӯ таҳти фишор қарор гирифт ва маҷбур шуданд, фаъолиятҳои оппозитсионии ӯро дар мазҳари ом маҳкум бикунанд. Мақомоти маҳаллӣ дар Лебап ва гурӯҳҳои занон ба мардуми маҳаллӣ талқин кардааннд, ки "ӯ як хоин аст ва дар фикри ташкили намоишҳои эътирозӣ мебошад ва ҳам ҳадафаш бесубот кардани кишвар аст".

Мақомот дар авҷи сиёҳкуниҳои худ Тагановаро ба Светлана Тихановская, яке аз раҳбарони калидии нирӯҳои мухолифини Белорус монанд карданд. Тихановская дар интихоботи 9-уми августи имсол дар муқобили Александр Лукашенко номзад шуд. Вай пас аз интихоботе, ки ба гуфтаи мухолифон тақаллуб шуд, ба рамзи мухолифат табдил ёфт ва мардуми норозӣ аз натиҷаҳои овоздиҳиро ба эътирозҳои бемисли сарҷамъияти оппозитсионӣ даъват кард. Эътирозҳо дар Белорус наздики се моҳ мешавад, ки идома доранд.

Мақомот дар Лебап мардумро ҷамъ карда, ҳушдор додаанд, ки Таганова як нафаре мисли ӯст ва ниятҳои ҳамсон дорад. Вале худи Таганова мегӯяд, худро бо Тихановская муқоиса намекунад, чунки худро "як фаъол" мебинад, на "қаҳрамон".

Дорсултон Таганова гуфт, "як шаҳрванди қаторӣ ҳастам, вале ҳаминро мефаҳмам, ки агар мо озодии худро талаб накунем, наметавонем як давлати демократӣ бисозем. Касе ба мо демократияро тӯҳфа намекунад".

Мисли Тихановская, ин фаъоли сиёсии Туркманистон ҳам хостори як ҳукумати наву демократӣ дар Ишқобод аст, ки ба воситаи интихоботи озоду одилона интихоб шавад. Ӯ бовар дорад, ки, ба гуфтааш, "президенти ғайриқонунӣ Бердимуҳаммадов" бояд аз курсӣ канор биравад.

Ӯ мегӯяд, "мо бояд аз роҳҳои қонунӣ тарки қудрат кардани ӯро талаб кунем ва дар интихоботи озоду одилона як раҳбари навро интихоб кунем". Ба гуфтаи Таганова, "мо интихоби дигар надорем, чунки шаҳрвандони Туркманистон дар вазъи сангин қарор доранд. Мо бояд ҳуқуқи худро талаб кунем".

Бо вуҷуди ин ки Туркманистон як кишвари ғанӣ аз захираҳои энержӣ мебошад, аҳолиаш дар қашшоқӣ ба сар мебаранд. Даромад аз захираҳои ҳангуфтро президент Бердимуҳаммадову хонаводааш ва ҳам чанд шахси наздик ба ӯ назорат мекунанд, ки ба элитаи сиёсии кишвар шомил мешаванд.

Солҳои охир бо поин омадани қимати энержӣ дар ҷаҳон дар ин кишвари дорои 6 миллион аҳолӣ, камбуди ғизову афзоиши нархҳо мушоҳида мешавад.

Ҳукумат гурӯҳҳои мухолифонро саркӯб карда, матбуоти мустақил, озодии баён ва ҳаракати шаҳрвандонро таҳти назорати сахт қарор додааст. Бисёр фаъолону журналистон ва шаҳрвандони кишвар, ки нисбати ҳукумат диди интиқодӣ доранд, ба зиндон ваё муассисаҳои табобати амрози рӯҳӣ андохта шуданд.

РАҲПАЙМОИИ ИСТАНБУЛ ВА ФАЪОШАВИИ ТАГАНОВА

Дар аксҳо аз раҳпаймоиҳои эътирозии Истанбул навиштаҳое ба мисли инро дидан мумкин аст: "Чаро ба табибон ташхиси COVID-19 манъ шудааст?", "Мо истеъфои билофосилаи раҳбарият ва президенти Туркманистонро талаб мекунем, ки дар ғами сиҳҳатии мардум нестанд".

Дигарҳо овезаҳоеро бо аксҳои Бердимуҳаммадов дар даст доранд, ки дар он саҳнаҳои сайругашти ӯ бо мошинҳои гарони варзишӣ, дучархасаворӣ ва дигар лаҳзаҳҳое аз хушгузарониҳояш сабт шудааст ва ин дар ҳолест, ки мардум барои дастрасӣ ба ғизову дору мубориза мебаранд.

Дар пайи ин намоиш пулиси Туркия эътирозгаронро пароканда карду Таганова ва даҳҳо нафари дигарро бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои карантини давраи коронавирус боздошт намуд. Дар давоми чанд соати баъдӣ, мақомоти Туркия ҳама боздоштшудаҳоро озод карданд, вале Таганова пушти панҷара монд.

Вакили мудофеи Таганова гуфт, дар аризаи консулгарии Туркманистон ба пулис номи ӯ махсус зикр шуда буд. Консулгарӣ иддао кард, ки Таганова ва чаҳор нафари дигар ба кори дипломатҳои туркман мудохила ва ба онҳо таҳдидҳои хушунатомез карданд.

Таганова, ки баъдан ба маркази депортатсионии Салимпошшо интиқол дода шуд, ҳамаи ин иттиҳомотро рад кард. Мурод Қурбонов, раҳбари гурӯҳи оппозитсионии "Интихоби демократии Туркманистон" он замон гуфт, тасмими мақомоти Туркия барои ихроҷи Таганова бо дархости ҳукумати Туркманистон сурат гирифт.

Дар ҳоле ки тасдиқи дурустии ин иддао имкон надорад, мақомоти Туркманистон, ки яке аз ҳукуматҳои саркӯбгар дар ҷаҳон аст, бо таъқиби мунтақидон дар дохилу хориҷи кишвар кайҳост ном баровардаанд.

Таганова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намояндагии дипломатии Туркманистон ҳамеша ба дархостҳои тамдиди шиносномаи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар посухи рад медиҳад. Инро дигар туркманҳои сокини кишварҳои хориҷӣ ҳам тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ин аст, ки ин мардум ба ватан баргарданд.

Таганова мегӯяд, азбаски дар дохили кишвар кору даромад нест, бисёриҳо барои кор ба хориҷа мераванд, вале дар берун аз кишвар ҳам мақомот барои онҳо мушкил эҷод мекунанд.

"Онҳо шиносномаҳоро нав намекунанд. Агар як туркман дар хориҷа мурад, онҳо барои интиқоли ҷасад ба хона ёрӣ намекунанд",-гуфт Таганова. "Ҳатто дар давраи пандемия, ки мардум бекор монд, ба касе ёрӣ накарданд. Онҳо ба мардум на дар дохил ва на дар хориҷ ёрӣ намекунанд. Ман ба ҳамин хотир ба намоишҳо (-и зиддиҳукуматӣ) ҳамроҳ шудам".

Таганова рӯзи 12-уми октябр аз боздошт раҳо шуд. Барои озодии ӯ 11 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон талош карданд. Онҳо аз Туркия тақозо карданд, ки ӯро ба ватан истирдод накунанд, чун дар ватан ӯро боздошти худсарона ва шиканҷа интизор аст.

БАҲОЯШРО ОИЛА МЕПАРДОЗАД

Таганова дар ниҳоят аз боздоштгоҳи Истанбул озод шуд ва ба ӯ визаи яксолаи муҳоҷират тақдим гардид. Вале подоши фаъолиятҳои Тагановаро аъзои оилааш дар шаҳри Туркманобод пардохт мекунанд.

Рӯзе, ки Таганова дар Истанбул озод шуд, пулиси Туркманобод бародари хурдии ӯ - Бобоҷонро барои бозпурсӣ даъват карда, телефонашро мусодира намуд. Бобоҷон ба хоҳараш гуфт, ки мақомот ӯро дар "тақаллуб" гумонбар мекунанд ва агар пояшро ба Туркманистон гузошт, ҳамон замон ҳабс мешавад.

Модари Таганова -Марямгул Боймуродова гуфт, ки бори аввали оилаи онҳо миёнаҳои моҳи июн таҳти фишор қарор гирифт. Ин замоне буд, ки духтари онҳо дар бораи ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои интиқодӣ менавишт.
Боймуродова дар суҳбат бо бахши туркманистонии Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар ва гурӯҳи "Мемориал" гуфт, ки мақомот аз онҳо дар бораи зиндагиву кори Таганова дар Туркия суол карданд ва талаб намуданд, ки шумораи телефонашро дар Туркия бидиҳанд. Мақомот инчунин аҳли хонаводаро аз "паёмадҳо"-и фаъолиятҳои Таганова ҳушдор доданд.

Ду гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ баъдан гуфтанд, ки пулиси Туркманистон падару модар, бародар, амма, амак ва ҳам шавҳари собиқи Тагановаро бозпурсӣ карданд.

Дар як сабти видеоӣ хешовандонаш маҷбур шуданд духтари худро "хоин" номанд.

Худи Таганова мегӯяд, ки аз фишорҳои болои хонаводааш огаҳ аст. Ӯ мегӯяд, "бешубҳа, ин фишорҳо ба ман ҳам таъсир мерасонанд", вале афзуд, ки муборизаашро "барои озодӣ ба ҳайси як фаъоли Ҳизби интихоби демократии Туркманистон идома медиҳад.

Таганова гуфт, "мо дар гузашта тарс доштем, вале дигар набояд низ ҳаросем".

XS
SM
MD
LG