Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон кишвари парлумонӣ мешавад?


парлумони Арманистон
парлумони Арманистон

Вазорати адлияи Арманистон тарҳи муқаддамотии конститутсияи кишварро нашр кард, ки ислоҳоти сохториро барои гузариш ба низоми парлумонӣ дар назар мегирад.

Вазорати адлияи Арманистон тарҳи муқаддамотии конститутсияи кишварро нашр кард, ки ислоҳоти сохториро барои гузариш ба низоми парлумонӣ дар назар мегирад. Тарҳи нави конститутсияи Арманистон, ки ба баррасии сокинони кишвар пешниҳод шудааст, аз 15 боб иборат аст. Аз рӯи ин тарҳ эҳтимолан дар Арманистон ислоҳоти конститутсионӣ ба амал меояд ва ин ҷумҳурӣ аз як кишвари президентӣ ба парлумонӣ табдил мешавад. Вале ба эътимоди мунаққидон, тарҳе, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи президент Серж Саргсян пешниҳод шудааст, барои сари қудрат мондани ӯву тимаш пешбинӣ мешавад.

Тарҳи конститутсия мегӯяд, ки ба ҳангоми интихобот, маҳдудияти ширкати шахс дар интихоботи парлумонӣ бояд бардошта шавад, даври дуюми интихобот зарур нест ва муқаррароти қонун дар бораи манъи ташкили фраксияҳои нав дар парлумон ҳам бояд комилан бардошта шавад. Бахши Армании радиои Озодӣ менависад, ҳуқуқшиносон баъди омӯзиши тарҳи нашршудаи конситутсияи нави Арманистон ба хулосае омаданд, ки ин кишвар ба тайғироти усулии сохтори давлатӣ ниёз надорад. Роҳандозии чунин тағйиротро, баръакс, ҳукумат пофишорӣ дорад. Охири моҳи августи имсол қарор аст, ки комиссиюни вижаи ислоҳоти конститутсионӣ ташкили ҷаласа кунад.

Баргузории раъйпурсии тағйири сохтории ҳукумат ва гузариш аз низоми президентӣ ба парлумониро ташаббускорон тирамоҳи имсол дар назар гирифтаанд. Ин мавзӯъ ба яке аз масоили хеле доғи мавриди баррасӣ дар Арманистон табдил шудааст. Як назархоҳии намояндагии маркази афкори умуми Gallup Internatiоnal дар Арманистон муқаррар кардааст, ки 46 дар сади сокинони ин кишвар тарафдори баргузории ислоҳот мебошанд. Ин дар ҳолест, ки аксари мухолифон ва фаъолони ҷамъиятӣ зидди ин ташаббус баромад мекунанд. Зимнан, дар парлумони якмаҷлисаи Арманистон, ки аз 131 курсӣ ва 5 ҳизби сиёсӣ иборат аст, 70 дар сади курсиҳоро тарафдорони ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ташкил мекунанд. Ҳоло мунаққидон мегӯянд, тарҳи конститутсияи нав сохторҳоеро, ки бо коррупсия дар сохторҳои давлатӣ мубориза мебаранд, аз ҳақи баромади озод ва ҳам додани изҳороти сиёсӣ манъ мекунад. Сарқонуни амалкунандаи Арманистон бошад, ҳеҷ гуна маҳдудиятро дар баромадҳои раиси Палатаи назоратӣ ва Ваколатдори ҳуқуқи башар пешбинӣ накардааст.

Армен Мартиросян, муовини раиси ҳизби “Мерос” дар сӯҳбат бо бахши Армании радиои Озодӣ гуфт, ки ин тарҳи сарқонун қадаме дигар ба сӯи диктатураи як ҳизб ва раиси он аст. Манзури ӯ президент Серж Саргсян аст, ки 7 соли охир раҳбарии Арманистонро ба ӯҳда дорад. Ҳарчанд худи ӯ гуфтааст, ки баъди ислоҳоти конститутсионӣ ният надорад, ки президент ё нахуствазир шавад, мухолифон ба ӯ бовар надоранд. Як гурӯҳи ташаббускоре, ки барои роҳ надодан ба ислоҳоти конститусионӣ зери унвони “Фиреб намекунед!” ташкил шудааст, ҳоло талош дорад, пеши роҳи баргузории раъйпурсиро бигирад, ки дар он мавқеи шаҳрвандон барои гузариш ба низоми парлумонии ҳукумат пурсида мешавад. Мухолифон бовар доранд, ки дар сохтори нав Саргсян худро раиси маҷлис мебинад ва аз рӯи тарҳи конситутсияи пешниҳодӣ, ҳеҷ кас ҳақ надорад ӯро аз мақомаш барканор кунад. Айни замон, раиси маҷлис, аз рӯи тарҳи сарқонуни нав, метавонад нахуствазир ва дигар аъзои кабинаро аз кор бекор кунад.

XS
SM
MD
LG