Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти гурӯҳҳои маконнигорӣ дар Бишкек поён ёфт


Парчами Тоҷикистон ва Қирғизистон
Парчами Тоҷикистон ва Қирғизистон

Нишасти гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 25-уми май дар шаҳри Бишкек ба поён расидааст. Он шаш рӯз идома кард.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи нишаст ва ҳосили он чизе нагуфт. Девони вазирони Қирғизистон рӯзи шанбе хабар дод, ки ду тараф "пешниҳодҳоро дар бораи кашидани хат дар қитъаҳои боқимондаи сарҳад миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон табодул карданд."

Маълум нест ин пешниҳодҳо аз чӣ иборат аст ва қитъаҳои боқимонда кадом бахши марзро дар бар мегиранд. Нишасти оянда дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯйи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфт, ду ҷониб дар чаҳор моҳ 196 километр хати марзро муайян карданд.

XS
SM
MD
LG