Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар моҳи июн ба бунёди шаҳри Осмон шуруъ мекунад


Тарҳи шаҳри нав дар Қирғизистон
Тарҳи шаҳри нав дар Қирғизистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, бунёди шаҳри Осмон дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон дар аввали моҳи июн сар мешавад.

Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 25-уми май ҳангоми сафараш ба Иссиқкӯл сабаби таъхирро дар шурӯи сохтмон ба баъзе тағйирот дар лоиҳа рабт дод.

Ӯ гуфт, "пас аз гузоштани санги асос дар соли 2023, ҳамкорони хориҷии мо пешниҳод карданд, ки на як шаҳри одӣ, балки "шаҳри сабз" бисозем. Ҳоло ҷаҳон "иқтисоди сабз" ва "энержии сабз" мехоҳад. Мо ин пешниҳодро пазируфтем ва акнун ба сохтмони шаҳри сабз шуруъ мекунем, то ба Иссиқкӯл зиёне нарасад."

Пойдевори шаҳри Осмонро дар тобистони соли 2023 рехта, ҳадафи асосии онро рушди ҷаҳонгардӣ ва имкониятҳои сармоягузории Қирғизистон донистанд.

Масоҳати ин шаҳри нав, тавре қаблан гузориш шуда буд, чор ҳазор гектар буда, барои зиндагии 500-700 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Бино ба нақшаи ҳукумати Қирғизистон, шаҳри Осмон бояд дар тӯли ҳафт – даҳ сол бунёд шавад.

Муаллифи тарҳ мегӯяд, барои он 20 миллиард доллар зарур аст. Ширкати куриёии "Promise Land" аз сармоязуорони аввалини тарҳ номбар мешавад.

XS
SM
MD
LG